ПАЁМ МУБОРАК!
Шукӯҳу манзалату шаъну эҳтиром муборак,
Намоди тантанаи давлату низом муборак,
Набарду ҳиммату пирӯзии мудом муборак,
Бузургии назару вусъати калом муборак,
Барои миллати соҳибватан Паём муборак!
Забону миллату таъриху нангу ном муборак,
Зуҳури тозаи фарҳангу фарру ҷом муборак,
Давоми рӯшани ин роҳи бардавом муборак
Ва шаҳди неъмати худмеҳварӣ ба ком муборак,
Барои миллати соҳибватан Паём муборак!
Қиёми лолаи парчам ба авҷи бом муборак,
Нишони зарҳали ин тоқи нуқрафом муборак,
Суботу ваҳдату осудагии ом муборак,
Сапедаи саҳару рӯшании шом муборак,
Барои миллати соҳибватан Паём муборак!
Абдуллоҳи Раҳнамо



