Роғун – биҳишти ман
Боз як рӯзи дарози тобистон ба поён мерасид. Хуршеди оламоро, ки рӯзи дароз ба шаҳри Роғун бо саховату карами ҳотамона файзу баракат пошида буд, доман ғундошта, ба ғуруб мерафт. Шафақи лолагун абрҳои домани уфуқро месӯхт. Тасфи ҳаво фуромада, гармию дамӣ барҳам мехӯранд. Боде, ки аз ҷониби дарёи Вахш мевазад, ҳаворо форамтару гуворотар менамояд. Мурғони гуна-гуна села-села атрофро пур аз тарона намуда, сӯйи лонаҳои худ парвоз мекунанд.
Ду кас, яке ҷавони миёнақади зоҳиран бисту ҳаштсолаи чеҳрааш гандумгун, чашму абрӯвонаш сиёҳ, дигаре марди миёнсоли қоматбаланди бокитфу бозу, мӯйи сараш мошубиринҷ ба самти муқобил роҳмепаймуданд. Ҳарду дар тан либоси коргарӣ доштанд, кулоҳҳои пласмасияшонро ба даст гирифта буданд.
Аз чеҳраи марди миёнсол аён буд, ки шод аст. Аммо ҷавони ҳамроҳаш табъи хира дошту дили хиҷил ва фикру хаёлаш дар ким-куҷо сайр мекард.
– Чӣ шуд, Собирҷон? Чаро хафаю бедимоғ, дилшикаставу афгор менамоӣ? – ниҳоят пурсид марди миёнсол.
Аз ин суол ҷавон каме бетоқат шуду жарф нафас кашид. Қафаси синааш танг омад, ки пайиҳам чанд сурфа зад.
– Эҳ, напурсед, акаи Мардон. Гӯям, забонам месӯзад, нагӯям, ҷигарам, – маҳзунона посух дод ҷавон.
– Хӯш, хӯш, шунавем, – интизори шунидан шуд марди миёнсол.
Ҷавон як ба чашмони ӯ нигоҳ кард, баъд оби даҳонашро фурӯ бурду оғоз намуд:
– Кадом шайтонсифате худро хайрхоҳ нишон дода, дар дили занам оташи рашкро афрӯхтааст. «Янга, дилам ба ту месӯзад, – гуфтааст ӯ ба занам. – Ту дар ин ҷо ғулом барин шабу рӯз ба падару модари ӯ хидмат мекунӣ, вай дар Роғун бо зани ҷавонтаре кайфу сафо карда гаштааст. Маоши калон мегирад, вале ба ту нимашро ҳам намеорад. Бештари маошашро ба он зан сарф мекунад».
Марди миёнсол ба қуллаи кӯҳи Уқобон нигариста, лаҳзае хомӯшӣ ихтиёр кард ва сипас оҳи сарде кашиду лаб ба сухан кушод:
– Бешак, ин кори душманон аст. Онҳо ҳоло ҳам гумон мекунанд, ки об дар ғалбер меистад.
– Суханҳоятон дурустанд, вале ҳарчанд ба занам фаҳмондам, ки он бадкирдор туҳмат кардааст, бовараш наомад, аз гиребонам гирифту ба сарам сури Исрофил навохт. Шамшери забонашро ба бозӣ даровард: «Ку ними маошат? Куҷо кардӣ? Ба зани роғуният сарф кардӣ? Пул барояш заҳр шавад…».
Муносибат бо ҳамсарам бад шуд. Ҷанҷоламон тул кашид. Сарвари деҳа ҳамсарамро ба сабру тоқат, боақлӣ ва таҳаммулпешагӣ даъват намуда, таъкид кард, ба ҷанҷоли заношӯйи остонаи дар хандидааст. Рӯзгор ва пойдории оила бори гарон аст ва онро бардоштан хислати шоистаест, вале ин дахолат натиҷаи манфӣ бор овард.
– Ҳоло ба сари ман боз вакил овардӣ?! – гӯён, ҳамсарам ҳарду писарамро гирифту шамол барин парвоз намуда, ба хонаи падарҷонакаш рафт.
– Сабр додар, сабр. Охир, беҳуда номатро Собир намондаанд. Маънояш сабркунанда. Сабр кунӣ, аз ғӯра ҳалво мепазад, гуфтаанд.
Ҷавон лаҳзае пас аз марди миёнсол пурсид:
– Ҳо ҳамон марде, ки ба сӯйи нақби нақлиётӣ рафта истодааст, Мурод Саъдуллоев нест?
– Бале, Мурод Саъдуллоев аст, – ҷавоб дод марди миёнсол. – Фарҳоди кӯҳканро мемонад-а?
Марди миёнсол ба таври худ фаҳмида, ба ситоиши Мурод Саъдуллоев лаб кушод:
– Мурод Саъдуллоев тарки вазифаи баланд намуда, ба «Роғун» омад. Корро аз котиби кумитаи комсомолии сохтмони «Роғун» оғоз карда, то вазифаҳои баланд сабзид. Вақте ки ман ба «Роғун» омадам, вай котиби кумитаи ҳизбии сохтмони Роғун буд. Пас аз ду соли кор ӯ маро ба узвияти КПСС қабул кард. Марди заҳматкаш аст, дилу нияти пок дорад. Ҳамеша чеҳрааш хандон. Аз суҳбаташ кас ҳаловат бурда, болидарӯҳ мешавад. Аз зиндагӣ ва мушкилиҳои ҳаёт ҳеҷ гоҳ шикоят намекунад. Ҳама ӯро иззату эҳтиром менамоянд.
– Вале ман ӯро ҳеҷ фаҳмида наметавонам, – ғайричашмдошти марди миёнсол, иброз дошт ҷавон.
Марди миёнсол суоломез ба ӯ нигарист. Ҷавон суханашро идома дод:
– Дар омади гап ба ӯ гуфтам, ки ба ту ҳайронам. Ҳар се писарат дар Роғун кор мекунанд. Соҳиби хонаю дари обод мебошанд. Аз чизе камбудӣ надоранд. Чанд сол боз нафақа мегирӣ. Роҳати давлати пириятро бубинӣ, намешавад? Медонед ӯ чӣ гуфт?
– Чӣ гуфт? – пурсид марди миёнсол.
– «Шумо, ҷавонҳо, нисбат ба зиндагӣ бепарвоед». «Он қадар бепарво ҳам нестем», гуфтам ба ӯ. «Бепарво ҳам набошед, сирру асрори зиндагиро намедонед ва фаҳмидан ҳам намехоҳед. Хӯрдану пӯшидан ва хобидану истироҳат кардан роҳат нест. Чунин тарзи зиндагӣ одамро бемор мекунад. Одам аз бекорӣ бемор мешавад. Вақте ки одам кор мекунад, хун дар баданаш ба ҷӯш меояд, мушакҳо ва рагу пайвандаш обутоб ёфта, бақувват мешаванд, аз ҳар гуна беморӣ эмин мемонад».
Марди миёнсол чашмонашро калон кушода, бо як ҳисси аҷибе ба ҷавонмард нигариста, пурсид:
– Яъне, ки ту ӯро воқеан намефаҳмӣ?
– Тамоман намефаҳмам, – ҷавоб дод ҷавон ва афзуд. – Ба фикрам, ӯ соғ нест.
– Соғ нест мегӯйӣ? – пурсид норозиёна марди миёнсол, абру дарҳам кашида. – Кошки ҳама мисли ӯ соғ намебуданд.
– Нафаҳмидам, – ҷавон бо ҳайрат ба ҳамсуҳбаташ нигарист.
– Ту кай ба «Роғун» омадӣ?
– Се сол пеш.
– То «Роғун» омадан чӣ кор мекардӣ?
– Баъди хатми мактаби миёна ба Русия рафтам. Чанд вақт сарсону саргардон гаштам. Баъд бинокор шудам, вале корам он қадар барор нагирифт. Аз ин рӯ, ба «Роғун» омадам.
– Ҳа-а, – мад кашид марди миёнсол. – Барои ӯро фаҳмидан, бояд дар «Роғун» мисли ӯ чиҳил сол аз сидқи дил, ҷонфидоёна заҳмат бикашӣ.
Падари Мурод – амаки Исломиддин ҷавонмарди зиндадил, дилсоф, чақон, ба қавле чашми корро хуб медонист. ӯ марде буд бо ору нанг. Бо Сафармоҳ Файзова ҳамхона шуда, соҳиби нуҳ фарзанд гардид. Амаки Исломиддин барои ҷигарбандонаш намунаи ибрат буд. Фарзандонро эрка намекард. Ба ҳамсараш доим таъкид мекард:
– Фарзанд азиз, одобаш аз вай азизтар аст.
Фарзандон чақону қобил ва ба дасту по буданд. Ҳама кори хонаро аз пеши худ иҷро мекарданд. Бо вуҷуди ин, падар онҳоро сахт мегирифт, гузашт намекард.
Холаи Сафармоҳ ҳам фарзандонашро ба кор ҳавасманд карда, мегуфт: «Аз кор ҳеҷ кас зарар надидааст. Гузашта аз ин, бузургонамон гуфтаанд, ки ба як мард чил ҳунар кам аст». Таҳсили фарзандон низ зери назорати падар қарор дошт. Ва ин байти Рӯдакии бузургворро ба забон меовард:
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Ва бо таъкид илова менамуд:
– Илму дониш дили одамро бедор медорад ва имкон фароҳам меорад, ки ба миллату Ватан сазовор хидмат кунад.
Мурод фарзанди дуюми хонадон буда, даҳуми марти соли 1956 чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Аз хурдсолӣ бо ақлу фаросаташ фарқ мекард. Чусту чолок ва хеле озода буд. Дар таҳсил пешқадам, дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок мекард. Дар сояи падари машҳураш пинҳон нашуда, панди Саъдиро ҳаргиз фаромӯш намекард:
Гирди номи падар чӣ мегардӣ,
Падари хеш шав, агар мардӣ!
Ҷидду ҷаҳд дошт, ки шаъну эътибори ба мардон хосро соҳиб шавад, ҳеҷ гоҳ муҳтоҷ ва мутеи касе набошад. Он солҳо солҳои душвор буданд, вале ӯ ҳамеша босуботу устувор буд. Дар дилаш ҳисси ифтихормандӣ лона гузошта буд ва ӯро тақвият мебахшид, ки фарзанди комилҳуқуқи Тоҷикистон бошад ва медонист, ки дар пеш ӯро рӯзҳои пур аз санҷиш, пурташвиш, вале бобарору пурифтихор интизоранд. Ҳамин тавр, Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро хатм карда, то корманди масъули Кумитаи Марказии Комсомоли ҷумҳурӣ расид, аммо вазифаи баланду ҷойи гармашро монда, ба сохтмони НБО-и “Роғун” омад.
Субҳи 16-уми майи соли 1984 Мурод Саъдуллоев бо андешаҳои нек ҳамроҳи Шукурҷон Зуҳуров сӯйи «Роғун» роҳ пеш гирифт. Ба ноҳияи Файзобод расида буданд, ки шамоли сахт бархоста, гарду хошокро ба ҳаво бардошта, ба сари мошин фурӯ мерехт. Чанги тунук аз роғҳои мошин ба дарун сар халонда, табъи ронандаро хира кард.
– Ин чӣ бало бошад? – ба ташвиш афтода, нидо кард ронанда.
– Ин ҳеҷ бало нест, – тасалло дода, гуфт Шукурҷон Зуҳуров. – Шамоли Файзобод аст. Бисёриҳо аз шамоли Файзобод сари тарс доранд. Файзобод дар асл ватани шамолҳост. Шамоли Файзобод ба мисли махлуқи афсонавие девонавор ба рақс медарояд.
Баъд осмонро абрҳои сиёҳ пӯшонда, садои раъду барқ шунида шуд. Борон ба боридан шуруъ кард.
– Борон файзу баракат аст, – бо табассум гуфт ронанда. – Мошинро ҳам шуста, тоза кард.
Борон ба жола мубаддал гашт.
– Ана, ин фоли бад аст.
– Ҳеҷ гуна фоли бад нест, – иброз дошт Шукурҷон Зуҳуров. – Кори табиат аст.
Чи қадар ба Роғун наздик мешуданд, ҳаяҷони Мурод ҳамон андоза меафзуд. Шуввоси чархҳои мошин шунида мешуд. Ҳавои «Роғун» нарму салқин, осмон тамоман соф, ба иборате дигар, оина барин беғубор. Офтоб нурҳои ҷонбахши худро ба сари тамоми мавҷудоти рӯйи замин бедареғ нисор мекард. Селаи гунҷишкон, парастуҳо ва дигар мурғакони хурдҷусса шоду хуррам ба ҳар сӯ парвоз карда, таронаи шукрона месуруданд. Насими фораму навозишгар, ки аз ҷониби дарёи Вахш мевазид, накҳати гулу гиёҳ ва дарахтони ғарқи гулро ба машом мерасонид. Шукурҷон Зуҳуров аз ҳавои роҳатбахш чуқур-чуқур нафас кашида, хушҳолона изҳор намуд:
– Ба ростӣ, насими «Роғун» ба ҷонам ҳаловат бахшид.
Насими Роғун ба ҳолати рӯҳии Мурод низ таъсири мусбат расонд, овои ташвишоварро рабуд ва ба танаш неруву ҳаловати тоза бахшид.
Онҳоро сардори сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» Николай Григориевич Савченков самимона пешвоз гирифт. Маҷлиси умумии комсомолии сохтмони неругоҳ дар толори ошхонаи майдончаи сохтмонии №1 дар вақти таъйиншуда оғоз гардид. Дар он наваду ду дарсади комсомолон иштирок доштанд. Ин Муродро шод кард. Яъне онҳо ба тақдири ташкилоти комсомолӣ бетараф нестанд. Дар чеҳраи аксарият ташвиш ва изтироб мушоҳида карда мешуд.
Дар маҷлис як масъала, интихоби котиби кумитаи комсомолии сохтмон буд. Пас аз анҷоми расмияти маҷлис сухан ба котиби Кумитаи Марказии ЛКСМ Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дода шуд. Ҷавонмарди хушқомати чеҳракушод ба минбар баромад. Ҳама гӯш ба қимор шуданд, ки вай чӣ мегӯяд. Шукурҷон Зуҳуров бо садои тозаву бурро мақсадро фаҳмонда, номзадии Мурод Саъдуллоевро пешниҳод кард. Сипас тарҷумаи ҳоли номзадро хонд. Ғайричашмдошт дар толор ғулғула хесту норозигиҳо ба миён омаданд. Николай Савченков зуд аз ҷо боло шуду бо симои ҷиддӣ нидо намуд:
– Ғавғо накунед, ин ҷо бозор нест!
Дар толор хомӯшӣ ҳукмрон гардид. Савченков аз ин рӯҳ гирифта, хост бо шакли идоравӣ бо зӯрӣ масъаларо ҳал намояд. Ҳисси норозигӣ аз ин вазъияти нобоб дар чеҳраи ҳозирон бармало падид омад. Баъзеҳо даст боло карда, иҷозати сухан кардан пурсиданд. валекин Савченков «Вақти қимат, зоеъ мешавад» гӯён рад намуд. Боз дар толор ғулғула хест. Кадоме бо овози шунаво садо кард:
– Вой бар ҳоламон!
Мурод абрувонашро боло карда, бо ҳайрат ба Савченков нигарист. Ба ин муҳандиси пуртаҷриба ва роҳбари қудратманд чӣ шуд? Чаро чунин амали носавобро ба худ раво мебинад? Валекин фурсати фикр кардан набуд. Аз ин рӯ, дар ҳоле, ки дилаш аз изтироб гуп-гуп мезад, ташаббусро ба даст гирифта, аз Савченков илтимос кард, ки бигузор, комсомолон фикрашонро баён кунанд.
Дар толор садои қарсак баланд шуд. Савченков ночор ба мардум рӯй оварда, гуфт:
– Марҳамат, кӣ сухан гуфтан мехоҳад?
Лоиҳакаши ҷавон Люшненко Михаил Григориевич ба минбар баромада, аввал ба одамон, баъд ба Мурод Саъдуллоев нигоҳ карду лаб ба сухан кушод:
– Номзаде, ки пешниҳод шуд, хушлибос, чеҳраи гарму нигоҳи меҳрбор дорад. Маълум, ки ҷавонмарди хуб аст. Вале «Роғун» намуди зоҳириро намепарастад, рӯҳу иродаи қавиро талаб мекунад. Аз ҷониби дигар, ин касро намешиносем. Бигузор, якчанд вақт бо мо кор кунад, то фаҳмем, ки ба ин вазифа лоиқ ҳаст ё не.
Ин ҳарфи лоиҳакаши ҷавон ба Мурод Саъдуллоев писанд афтод, ки аз ҷо бархост:
– Пешниҳоди Михаил Люшненко қобили қабул аст. Тайёрам, ки муддате дар ҳар вазифае, ки бошад, бо онҳо китф ба китф кор кунам.
Ҳама ин суханони Муродро шунида, бо кафкӯбӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки ин масъаларо дар Кумитаи Комсомол мебинем, шояд Мурод Саъдуллоев ҳамчун инструктори Кумитаи Марказии Комсомол дар вазифааш меистаду якчанд муддат бо шумо кор мекунад.
– Офарин! – пас аз маҷлис дасти Муродро фишурда, гуфт Николай Савченков.
Мурод ба чеҳраи Савченков сабук назар афканда, абрувонашро қадре боло кашида, музтар монд.
– Ин корат ба ман маъқул шуд, ки худатро гум накарда, рӯҳафтода нашуда, лаҷоми маҷлисро ба даст гирифтӣ, – фаҳмонд Николай Савченков. – Маро аз вазъияти нобоб раҳондӣ.
Ҳамин тавр, Мурод Саъдуллоев инструктори Комитаи Марказии Комсомол дар сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» таъйин шуд. Меҳру муҳаббат ва садоқат ба обу хоки диёр ӯро ба ҷараёни бунёдкориҳо кашид. Бузургии масъулияти бар дӯшаш афтодаро бармало эҳсос намуд. Оре, барои Мурод Саъдуллоев лаҳзаи санҷиш ва имтиҳони зиндагӣ оғоз гардид. Либоси корӣ ба тан, мӯза ба по ва тоскулоҳ ба сар пӯшид ва чиҳил соли ҳаёти худро ба «Роғун» бахшид.
Ҳамон рӯз ҳаво нарму гуворо буд. Дар осмони кабуд абрпораҳои сафед шино доштанд. Нурҳои зарҳалии офтоби оламоро табиати пироҳани тиллогунпӯшидаи атрофро аҷаб дилрабо ба ҷилва оварда буд. Вале Собир ғамзадаву дилшикаста менамуд. Гӯё бар дӯшаш бори гароне дошт, ки бо қомати хамида базӯр қадам мемонд.
– Собир! – ӯро садо кард Мардон.
Вале ҷавон садои ӯро нашунид. Вай баландтар садо кард. Ҷавон як қад парида, истод ва оҳиста ба ҷониби ӯ гашт.
– Акаи Мардон, шумоед?
– Бале, манам, – ҷавоб дод Мардон ва дасти ӯро фишурда, сар то пояшро аз назар гузаронд.
Ранги рӯйи Собир парида, чашмонаш фурӯ рафта, ришаш расида, парешонҳолу маҳзун. Аз ҳолати раҳмовари ӯ
дили Мардон фишурда шуд. Зуд худро ба даст гирифту пурсид:
– Чӣ гап шуд, Собир?
– Эҳ, напурсед, акои Мардон. Қарор додам, ки сарамро гирифта, аз Тоҷикистон равам.
– Барои чӣ?
Собир пас аз каме андеша, оҳи вазнине кашиду лаб ба сухан кушод:
–Падару модарам ҳарчанд кӯшиш карданд, занамро баргардонида натавонистанд. Хешу табор гуфтанд, ки гум аст сарҳисоби ин кор. Беҳтараш, ба суд ариза дода, бо хушӣ ҷудо шаванд. Вале сарвари деҳа бар ин ақида набуд.
– Ҳеҷ мумкин нест, – мегуфт ӯ. – Охир, онҳо ду фарзанд доранд. Чӣ тавр мешавад, ки дидаву дониста, зиндаятимашон кунанд. Ин андеша ӯро ба хонаи падари ҳамсарам бурд. Бо падару модар ва худи ҳамсарам суҳбат намуд, аммо натиҷа надод.
– Кушанд, овезанд ҳам, дигар ба хонаи Собир барнамегардам! – мегуфт занам.
Аммо сарвари деҳа умед наканд. Мӯйсафедони деҳаро ба ёрӣ хонд. Онҳо ба назди ҳамсарам рафтанд. “Кӯр асояшро як бор гум мекунад! Дигар қадамамро ба даргоҳи Собир намемонам. Ба ӯ гӯед, овора шуда, ин қадар одам нафиристад, – қатъӣ гуфтааст ҳамсарам. – Тир аз камон ҷастааст. Хулоса, ҳар касу ҳар чӣ. Мӯсо ҳам ба роҳи худу Исо ҳам. Умедашро аз ман канад, зиндагияшро бинад. Дигар вакил нафиристад. Тамом, вассалом!”
Собир оҳи сӯзоне кашиду боз лаб ба сухан кушод:
– Аз кӣ биноламу домангир бишавам, ки бо ман ҳар чи кард, он ошно кард. Суханҳои ҳамсарам, на танҳо чун шамшер ба дилам халид, балки обрӯямро низ дар байни мардум рехтанд. Акнун бо кадом рӯ сар бардошта, дар деҳа зиндагӣ мекунам?
Беҳтараш, ба Русия меравам, то ки набинаму насӯзам.
Аз ин дилозурдагии Собир Мардон лолу карахт гашт. «Хайр, акаи Мардон, ман рафтам», гуфтани Собир ӯро ба худ
овард.
– Исто, – нидо намуд Мардон.
– Собир истоду чашм ба рӯйи ӯ дӯхт.
– Ба ту як одам ёрӣ дода метавонад.
– Кӣ?
– Мурод Саъдуллоев. Вай чунин гиреҳҳои мушкилро бисёр кушодааст.
Ҳаво тира, дилгиркунанда, офтоб наменамуд. Шамоли сахт мевазид. Аз дур садои тундар низ ба гӯш мерасид. Аз сару рӯйи Мардон арақ мешорид, вале аз кор даст намебардошт. Ҳамин вақт касе «акаи Мардон, акаи Мардон» гӯён ба наздаш давида омад. Вай сар бардошта, Собирро дид, ки сахт ҳаяҷонзадаву хушнуд буд.
– Бар падараш ҳазор раҳмат! – нидо намуд Собир.
– Бар падари кӣ?
– Бар падари Мурод Саъдуллоев. Вай оилаи моро наҷот дод. Занам ба хона баргашта, узр пурсид ва гуфт, ки гапу корро аз Мурод Саъдуллоев омӯз.
Аз ин суханони Собир дили Мардон лабрези шодии ширин гардид. Чеҳрааш чун гул шукуфт. Ҷавонро аз сидқи дил табрик карда, ба оғӯш кашид ва ба назараш чунин намуд, ки дар осмон лаҳзае тиру камон дурахшид.
* * *
Рӯзе аз рӯзҳои охири фасли тирамоҳ, ки ҳаво тираву сард буд, Николай Савченков ба сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» омада, Мурод Саъдуллоевро диду ҳайрон ба гап даромад:
– Мурод Саъдуллоевич, ҳоло ҳам дар «Роғун» кор мекунед?
– Бале, Николай Григоревич, – ҷавоб дод Мурод Саъдуллоев. – Ҳоло ҳам дар «Роғун» заҳмат мекашам.
– То кай заҳмат мекашед?
– То лаҳзае, ки дил метапад.
– Офарин, – ӯро таҳсин намуд Николай Григоревич ва афзуд.
– Ба Худо, шумо ба биҳишт меравед.
– Биҳишти ман «Роғун» аст, – гуфт ӯ.



