Аз Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ
ҶИЛОИ НУҚРАИ ШЕЪР
Охири ҳафтаи гузашта ба муносибати 75-солагии шоир Нуқраи Суннатниё дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи ИНТ маҳфили шеъру суруд баргузор гардид.
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим маҳфилро оғоз бахшида, дар бораи эҷодиёти Нуқраи Суннатниё андешаҳояшро баён дошт. Дар идома шоирони халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафӣ, Камол Насрулло, сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» Абдуллоҳи Раҳнамо, сармуҳаррири моҳномаи «Садои Шарқ» Ато Мирхоҷа, шоир Чӯпон Бадали Ванҷӣ, гардонандаи маҳфил Бузургмеҳри Баҳодур ва дигарон сухан карданд.
Дар раванди маҳфил китоби нави Нуқра бо номи «Хотиранур» рӯнамоӣ карда шуд.
– Тамоми ҳастии Нуқраи Суннатниё дар китоби тозанашраш «Хотиранур» таҷассум гардидааст. Як инсони нек, поктинат ва шоири нозукхаёл аз саҳифаҳои ин китоб ба мо менигарад ва ҳамсуҳбатамон мешавад. Дар китоби мавриди назар ватандори самимӣ будани Нуқра бармало аён аст. Муаллиф аз вожаи Ватан, аз ҳар мафҳуме, ки дар Ватан аст, шеърият меҷӯяд ва онро ифода мекунад. Нуқра муддате дар муҳоҷират ҳам буд ва бо шеър кишвари офтобӣ ва мардуми офтобтинаташро ёд мекард. Вақте ба Ватан меояд, аз ҳар рӯйдоду падидае ифтихор менамояд, бо чашми нек, дилу рӯйи кушода ба дастовардаҳои давлатамон менигарад, – гуфт Низом Қосим.
Ба гуфтаи ӯ, Нуқраи Суннатниё дар бораи Тоҷикистон ва умуман қаламрави шеъру забони форсӣ як силсила шеърҳои ҷолиб навиштааст. Номбурда шоири тасвиркор буда, манзараҳои Тоҷикистон ва симоҳои азизи миллатамонро бо тасвир пеши назар меорад. Дар ин гуна шеърҳо шоир мисли як рассом кор мекунад. Ишқи зебову самимӣ, боварбахш ва рӯшан дар шеъри ӯ акс ёфтааст. Дар ҳама навъҳои шеърӣ қувваозмоӣ карда, гардиши тозаи вожаву ибораҳо, маъниҳо, ташбеҳу талмеҳҳоро ба намоиш мегузорад.
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло низ аз бозёфтҳои шоиронаи Нуқра ёдовар шуда, мисолҳои мушаххас пешниҳод намуд ва иброз дошт, ки ӯ аз шоирони навовари мо аст, ки шеъраш кашиши хосе дорад. Дар шеъри мавсуф андешаи миллӣ, ишқи тоҷикона ва фарҳанги бостониямон тасвирҳои зеборо касб намудаанд.
Ровӣ Саодат Шарифзода як шеъри Нуқраро бо маҳорати хос қироат кард.
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мастона Эргашева ва сарояндаи ҷавон Ифтихор Дамдоров сурудҳо хонданд.
Ҳамин тавр, шоми эҷодии Нуқраи Суннатниё баёдмонданӣ сурат гирифт.



