Сӯгворӣ. Шоира Муҳаррами Сорбонзод аз дунё гузашт
Чанде пеш шоираи шинохта Муҳаррами Сорбонзод дар синни 67-солагӣ бо дунёи фонӣ падруд гуфт.
Ӯ 8 октябри соли 1958 дар маҳаллаи Қибили шаҳри Норак таваллуд шудааст. Баъди ба итмом расонидани мактаби миёна дар зодгоҳаш ва Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ваҳдат (1991) дар Маркази саломатии шаҳри Норак кор кардааст.
Узви Иттифоқи нависандагон аз соли 2014. Муаллифи маҷмуаҳои манзуми «Ҷеҳраи субҳ», «Дурахши ахтарон», «Ҳаммазҳаби Имоми Аъзамам!», «Тоҷикистон – меҳанам», «Шукуфаи меҳр», «Чархи гардун», “Пири комил”, “Шуълаи тақдирсоз”, “Гавҳарафшони хаёл”, “Оташи бедуд”.
Рӯҳи ин инсони дарёдил шод ва хонаи охираш обод бод.



