Паёми Пешвои миллат ба вакилони Анҷумани XVI нависандагони Тоҷикистон

 Паёми Пешвои миллат ба вакилони  Анҷумани XVI нависандагони Тоҷикистон

Вакилони муҳтарам, адибони гиромӣ!

Миллати фарҳангпарвару тамаддунсози мо дар  давраи омодагӣ ба ҷашни  бузург ва муқаддаси миллӣ  – 35-солагии истиқлоли давлатӣ қарор дорад.

Тайи ин муддат Тоҷикистон ба пешрафтҳои  азими иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардид.

Мо давлати гирифтори буҳрони амиқи сиёсиву иҷтимоӣ ва дар остонаи  нестӣ қарордоштаро мерос гирифта, дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ онро  ба қатори давлатҳои рӯ ба рушди устувор ва амну субот табдил додем.

Ҳамаи ин дастовардҳо ба шарофати ақлу хирад ва таҷрибаи ғании давлатдории миллати тоҷик, пеш гирифтани сиёсати дуруст дар роҳи бунёди давлати демократии дунявӣ ва муттаҳид гардидани мардум дар атрофи Ҳукумати мамлакат ба даст омадаанд.

Дар ин кор нақши зиёиён, аз ҷумла шоирону нависандагон муассир аст.

Вақте ба давраи беш аз сӣ соли охир назар меандозем, мебинем, ки адибон ва анъанаҳои неки адабиёти бузургамон содиқ монда, асарҳое  офариданд, ки сазовори даврони истиқлол мебошанд.

Ба вуҷуд омадани даҳҳо китоб дар мавзӯъҳои талоши фидокоронаи  мардуми шарифи Тоҷикистон барои таҳкими иқтисоди мамлакат, корномаи НБО-и Роғун, нақбу роҳҳо, ҷашнҳои Ваҳдат, Истиқлол, Наврӯз, Сада, Тиргон, Меҳргон, Модар, таърихи миллату давлат, мактабу маориф, фарҳанг, заҳмати мардуми оддӣ ва монанди инҳо мисоли равшани гуфтаҳои болост.

 Мусаллам аст, ки ягон миллат бе адабиёт буда наметавонад. Барои мо адабиёт ҳатто симои аслии давлату миллат ба ҳисоб меравад.

Адабиёт ҷаҳонбиниро ташаккул, тафаккур ва сифатҳои ахлоқии инсонро инкишоф медиҳад, ҳамеша чашмаи шодоби дониш ва василаи худшиносиву ҷаҳоншиносӣ мебошад.

Адабиёти имрӯз умдатарин мушкилиҳои ҳаёт ва печидатарин ҳодисаҳоро инъикос намуда, ба хонанда имкон медиҳад, ки ҷараёни воқеиятро равшантар дарк созад ва барои худ роҳи дурусти зиндагиро интихоб кунад.

Қобили зикр аст, ки адибони мо аз ин раванд дар канор нестанд.

Мо дар замоне зиндагӣ дорем, ки нооромиву низоъҳо, шиддати мухолифатҳои сиёсӣ, таҳримҳо, мусаллаҳшавии бошитоб, марҳалаи нави  ҷанги сард, тағйирёбии иқлим, хатари зери таъсири равияҳои номатлуб мондани арзишҳои миллӣ ва амсоли инҳо ба воқеият табдил ёфтаанд.

Бовар дорам, ки адибони мо неруи созандаву офарандаашонро ба мубориза бо чунин падидаҳои глобалӣ равона месозанд ва бо асарҳои шоистаи худ дар тарбияи инсони лоиқи даврон ҳиссаи арзанда мегузоранд.

Онҳо вазифадоранд, ки дастовардҳои истиқлолро тақвият бахшанд,  дар асарҳои худ қаҳрамонони ҳақиқии ҷабҳаҳои созандагиву бунёдкорӣ, фидокориҳои коргарон, кишоварзон, аҳли ҳунару фарҳанг, соҳибкорон ва  дигаргуниҳои бузурги замони истиқлолро муассиртар тасвир кунанд ва ба  ин восита барои симои милливу муосир касб кардани Ватани маҳбубамон ва ҳамватанони азизамон талоши бештар намоянд.

Дар ин роҳ ба шумо комёбиҳои нави эҷодӣ орзумандам.

Презинденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
11 ноябри соли 2025, шаҳри Душанбе

Дигар хабарҳо