Рӯди оби шӯри Роғун

 Рӯди оби шӯри Роғун

«Бо истифода аз захираҳои об ва тавассути бунёди иншооти гидроэнергетикӣ истеҳсол наму­дани қувваи барқ ҳам манфиати иқтисодӣ ва ҳам экологӣ дорад. Дар ин замина бо итминони ко­мил метавон гуфт, ки дар сурати бунёд гардидани Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва дигар иншооти гидроэнергетикӣ Тоҷикистон ва кулли кишварҳои минтақа ман­фиати зиёд хоҳанд дид».

Эмомалӣ РАҲМОН

Дар Роғун ҳам тирамоҳ назаррабоӣ дорад. Агар дар таҳдашт долу дарахтон акнун зарду зарафшонӣ гашта бошанд, ин ҷо аллакай атроф ҷомаи зумуррадгун ба бар кардааст. Аз дами саҳарӣ ҳаво тағйир меёбад. Ҳамин ки дар як гӯшаи осмони нилгун абрҳои пароканда пайдо шуданд, якбора ҷои насими серунро шамолаки нарме иваз мекунад ва аз ҷониби кӯҳҳо бӯи гулу буттаҳои хазоншударо ба димоғ меорад. Агар дурусттар назар афканӣ, дар пояи кӯҳҳои пасту баланд ҷо-ҷо ниҳолони худрӯи ҳанӯз сабзгуна намудоранд. Аз рӯбарӯи рӯди Вахш кӯҳи Уқобон чун дар кафи даст менамояд. Хаёле, уқоби фарози кӯҳ ба қаъри корзору рӯди Вахш назар дорад. Мо дар ин мавзеъ ба дидани сарбанди рӯди Оби шӯри Неругоҳи барқи обии «Роғун» омадем. Дар канори сарбанди рӯди Оби шӯр техникаю таҷҳизоти азиме ба чашм мерасид ва садои беисти нақлиёту гуфтугӯи коргарони кулоҳпӯш лаҳзае қатъ намегашт. Барои пешгирӣ аз селу обхезӣ заҳмати аҳлона идома дошт. Қобили зикр аст, ки 26 август Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафар ба неругоҳ нахуст аз майдони назоратии рӯди Оби шӯр дидан намуданд. Ин мавзеъ бо мақсади пешгирӣ аз хатарҳои селу обхезӣ, ки ҳар баҳор рух медиҳанд, бунёд мешавад. Сарбанди рӯди Оби шӯр дар масофаи 1500 метр болотар аз соҳили рӯди Вахш, дар даромадгоҳи нақбҳои обпартои неругоҳ бунёд шудааст. Зеро сохтмони сарбанд минбаъд сангу шағал ва регу лойеро, ки ба нақбҳои обпарто ҷорӣ мегарданд, пешгирӣ карда метавонад. Тайи ин солҳо Сарвари давлат борҳо аз ин сарбанд дидан карда, барои бунёди садди рӯди Шӯр супоришҳои мушаххас додаанд. Ва маҳз бо пешниҳоди он кас сохтмони сарбанд аз соли 2010 то соли 2015 ҷоннок гардида, то сатҳи 1115 метр сохта шуд. Ҳаҷми бетони хобондашуда 253 ҳазору 720 метри мукаабро ташкил медиҳад. То имрӯз сарбанди ҳимоявии рӯди Оби шӯр мувофиқи лоиҳа то сатҳи 1135 аз сатҳи баҳр, яъне ба баландии боз 20 метри дигар сохта шудааст. Акнун ҳаҷми лоиҳавии бетони хобондашуда ба ин баландӣ 31 ҳазору 181 метри мукаабро дар бар мегирад. Бунёди сарбанди рӯд ба набардгоҳи ҳақиқии одаму табиат табдил ёфтааст. Аз назди мошинҳои пуриқтидору экскватор дур шуда дидам, ки марди миёнаумри тоскулоҳдоре кори техникаеро, ки бо кафши худ сангу шағалро ба поён мепартофт, назора дошт. Баъди пурсупос ҳамсуҳбатам гуфт:

– Номам Ҳусниддин. Аз худи шаҳри Роғун ҳастам!

Дидам, ки марди майдони корзор аст!

– Дар ҳамин сарбанди рӯди Оби шӯр кор мекунед?

– Ҳа, бештар дар ҳамин ҷо ҳастам!

– Чаро сохтмони ин сарбанд дер сар шудааст?

– Солҳои шуравӣ, сохтмони Роғун оғоз ёфта бошад ҳам, сохтмони рӯди Оби шӯр фаромӯш шуда буд.

– Наход? Охир муҳандисони лоиҳа­соз буданд-ку.

– Пирони Роғун мегуфтанд, ки ин мав­зеъ рӯди Оби шӯр ном дошта бошад ҳам, обаш маззаву лаззати замчро дорад.

– Пас чаро Оби шӯр мегӯянд?

Ҳусниддин ба рӯд нигоҳ карду оҳи сабуке кашида, гуфт:

– Як нигоҳ кун, чи хел шӯру валвала дорад ин рӯди саркаш!

– Ҳа, шасту шӯр ва туғӯёну садо дорад. Барои ҳамин Оби шӯраш ном мондаанд.

Ҳусниддин ёдовар шуд, ки ҳамон солҳо обхезии сахте шуду рӯди Оби шӯр боғҳову биноҳои сари роҳашро шуста бурд ва соҳил ба харобазор табдил ёфт. Баъди соҳибистиқлолӣ сохтмони садди рӯди Оби шӯр пурра оғоз ёфт. Инак, сар­банди мустаҳкам арзи ҳастӣ менамояд. Акнун дар мавзеи якҷошавии Оби шӯр ва рӯди Вахш сарбанди муқтадир бунёд мешавад.

– Пештар дар ягон сохтмон кор кар­даед?

– Дар ҷавониям коргари оддии неру­гоҳ будам. Он айём дар Роғун коргарон ва мутахассисони тоҷик кам буданд. Ҳоло аксар тоҷиконанд. Муҳандисону лоиҳакашон низ бештар дигар миллатҳо буданд. Ҳоло чӣ, нигар, қариб ҳама му­тахассисон ҳамватанони худамон мебо­шанд. Он айём баъзеҳо гумон надош­танд, ки мо аз уҳдаи сохтмонҳои бузург мебароем. Лекин таърих исбот кардааст, ки миллати мо созандаву бунёдкор аст. Ин дафъа халқи тоҷик Роғунро худаш месозад.

Оре, аз дарёи Вахш дар як сол 34 миллиард киловат-соат барқ ҳосил кардан мумкин аст. Дарозии дарё 386 километр аст, ки дар қатори дарёҳои Енисей, Нил, Ангара ва Норин бузургта­рин тавлидгари барқ дар олам ба шумор меравад.

Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид доранд:

«Бахти баланди мост, ки ҳарчанд за­хираҳои бузурги нафту газ надорем, вале табиат сарзамини зебои моро сарвати бебаҳову беинтиҳои гидроэнергетикӣ, яъне сарчашмаҳои камназири дарёҳо шодоб гардонидааст, ки аз баракати онҳо Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои оби нӯшокӣ дар сайёра яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол мекунад. То шаст фо­изи захираҳои оби минтақаи марказӣ дар ҳудуди кишвари мо ташаккул меёбанд».

Сарбанди рӯди Оби шӯри Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки пештар бо туғёну шаст равон буд, акнун оҳиставу бомаром ҷорист. Чун ҳамнафаси бунёдкорони неругоҳ сар ба сангҳо зада, ба оби поку зулол табдил меёбад.

Маҷид САЛИМ

Дигар хабарҳо