Аз эҷоди шоири ҷавон Садриддин Ҳасанзода
БО ЁДИ ТУ
Рӯз бегаҳ мешавад бо ёди ту,
Умр кӯтаҳ мешавад бо ёди ту.
Пойи хома рӯйи авроқи сафед
Озими раҳ мешавад бо ёди ту.
Дидаам носер аз дидори рӯт,
Маътали маҳ мешавад бо ёди ту.
Аз фиғону дарди танҳоӣ кунун
Ишқ огаҳ мешавад бо ёди ту.
Садрро як ваъдаи дидор деҳ,
Ӯ шаҳаншаҳ мешавад бо ёди ту.
ДИЛАМ ДАР СУРАТИ ЯК СЕБ
Зи баъди суҳбати бисёр,
аммо аввалин дидор
Туро моҳи ҳақиқӣ
дар самои чашми худ дидам
Ва ҳуснатро сафои чашми худ дидам.
Нагаштам аз дигар ошиқ,
чу аз рӯзи нахустин ошиқат будам,
Ҳамеша дар вафову ишқ ёри содиқат будам.
Азизи ман,
Азизи бебаҳои ман,
Нахустин рӯзи дидорат
Нахустин рӯзи хушбахтист дар тақвими умри ман.
Ман ин рӯзи муҳаббатро
Чи бисёр аз Худои меҳрубонам орзу кардам,
Туро ман аз ҳақиқат, аз фасона ҷустуҷӯ кардам.
Ниҳоят дидамат, сад шукр,
На дар қасру на дар айвони зебое,
Ба рӯйи сабзаҳои сабз,
ба зери сояҳои барги олуча,
Ба пеши дидаи мардум,
канори сабзи як кӯча.
Ниҳоят дидамат, аммо
Дубора боз мегирам суроғатро,
ту пазмон шав.
Диламро ҳамчу себе рӯйи дастони ту хоҳам монд,
Варо то лаҳзаи охир нигаҳбон шав!
ОХИРИН ҲАРФ
Ғазали ишқ басе ширин аст
Ва басе рангин аст.
Он агар гуфта шавад,
Қиссаи ғуссаи Фарҳоду ғами Ширин аст.
Қиссаи Қайсу биёбони фироқ,
Қиссаи дурии Лайлост,
ки бас ғамгин аст.
Ғазали ишқ,
Ғазали ишқи шаҳид,
Ки шафақ аз хунаш
рангин аст,
Ба гаҳи мурдани дил Ёсин аст.
Ғазали ишқ агар гуфта шавад,
Рӯйи як сафҳаи ёд
чу гули насрин аст.
Ғазали ишқ
Ғазали ширин аст,
Ки ба ҳангоми дуо омин аст.
Баъд аз ин марг ва ё васли нигор,
Охирин ҳарфи лаби шоири ошиқ ин аст.
АЗ РУБОИЁТ
Қишлоқаки Чашмасор, хоки ту зар аст,
Хоки ту зару қатраи обат шакар аст.
Ман дарду ғами дигар надорам охир,
Як умр дилам барои ту навҳагар аст.
Қишлоқаки Чашмасор, дил ҷӯри ту буд,
Дар гӯши дилам нағмаи танбӯри ту буд.
Аз пешаки ҳавлӣ обаки ҷӯй равон,
Болои сарам хӯшаи ангури ту буд.
Қишлоқаки Чашмасор, он беди ту ку?
Он беди туву сояи уммеди ту ку?
Чун шом дилам зи дурият ғамгин аст,
Он субҳи туву хандаи хуршеди ту ку?
Қишлоқаки Чашмасор, қоқуи ту ку?
Қоқу ба кафаш духтари хушрӯи ту ку?
То ояду ғамҳои маро кӯр кунад,
Он сояи анбӯҳи лаби ҷӯи ту ку?