Иқдоме саропо хирад

Китобхонаҳои шахсии академикҳо, докторони илм, кормандони илмӣ ва адибону донишмандони кишвар, ки то имрӯз ба Китобхонаи миллӣ супорида шудаанд, шумораашон ба 37 китобхона расида, муҳимтарин хазинаи китобии Китобхонаро ташкил медиҳанд, ки ҳамарӯза муҳаққиқон, донишҷӯён ва пажӯҳандагони риштаҳои гуногун аз онҳо баҳраманд мешаванд.
26 августи соли 2025 дар фонди китобии ин бахши китобхона боз як воқеаи фараҳбахшу фарҳангӣ сурат гирифт, ки он ҳам ҳадя гардидани китобхонаи шахсии шоири шаҳир ва ҳуқуқшиноси варзида устод Акбар Абдулло ба Китобхонаи миллӣ мебошад.
Китобхонаи мавсуф фарогири китобҳои нодиру арзишманди соҳаҳои адабиёт, таърих, забон, ҷуғрофиё, ҳуқуқ, фалсафа ва нашрияҳои даврии солҳои гуногун буда, ҳудуди 3500 нусха китобу нашрияро дар бар мегирад.
Дар ин ганҷинаи маънавии адиби маърифатсолор мо осори шоирону ҳикматофарони дирӯзу имрӯзи адабиёт, аз ҷумла, падари шеър устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, нусхаҳои гуногуни “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ, ҷилдҳои мухталифу мунаққаши “Маснавии маънавӣ”-и Мавлонои Балхро бо шарҳу тафсир, ашъори Носири Хусрави Қубодиёнӣ, чакидаҳои Ҳофизу Бедилу Ҷомӣ, Саъдию Ҳилолию Навоӣ ва даҳҳо шоирони дигарро шоҳид мешавем. Инчунин, дар ин махзан осори адибони Тоҷикистон аз устод Айнӣ то нависандагони имрӯзи кишварро дучор меоем.
Як вежагии дигари ин китобхона он аст, ки дорои китобҳои нодир ва гаронарзиш бо хати ниёкон буда, аз кишварҳои Эрон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон ва соири давлатҳои дигар ба устод Акбар Абдулло ҳадя шудаанд ва ё дар вақту замонҳои гуногун ин китобҳоро устод аз ин кишварҳо харидорӣ карда, ба китобхонаи шахсии худ, ки як ғурфаи маънавии кишвар мебошад, ворид намудаанд. Ба хусус фарҳангномаҳо, қомусҳо, китобҳои минётурӣ, тафсири осори классикон ва дигар асарҳои шоирони ҳавзаи забону адаби форсӣ дар китобхона ҷамъоварӣ шудаанд, ки дар айни замон дархури талаботи насли фарҳангдӯсти кишварамон мебошанд. Ҳамзамон, китобҳо аз шоирону адибони бузурги рус, украин, белорус, ӯзбек, қазоқ, намояндагони адабиёти Аврупову Амрико ва кишварҳои Ховари Миёна дар ин китобистон гирдоварӣ шудаанд.
Муҳимтарин бахши ин китобхона 195 китобе мебошад, ки аз тарафи муаллифон бо дастхат ба Акбар Абдулло ҳадя шудаанд. Дар ин 195 китоб ҳам таманниёти муаллифон, ҳам эътимоду самимияташон ба шоир, ҳам эҳтирому садоқаташон нишон дода шудааст. Тавре маълум аст, аз рӯи илми хатшиносӣ ва таърихнигорӣ, ҳар як соядаст ба қисми таркибии хатнигораҳо дохил шуда, ҳатман як замоне барои корҳои илмӣ доир ба ин ё он соҳа хидмат хоҳанд кард.
Тавре ҳамагон медонем, китоб манбаи ташаккули афкори ҳамидаи инсон ва зиннатбахши зиндагию ҳувияти миллатҳо мебошад. Дарвоқеъ, бо тамошои китобкадаи устод Акбар Абдулло инсон зиндагии зебо, зиннату маънавиятро дар як хонадони тоҷики сарфароз эҳсос мекунад.
Як нуктаи ҷолиб ин аст, ки дар ҳифзу нигоҳдошт ва ғанӣ гардидани ин китобхона заҳмати ҳамсари устод – Зеварой Абдуллоева, ки бонуи фариштахисол аст, амиқан эҳсос мешавад. Лаҳзаҳое, ки барои интиқоли китобхонаи устод ба Китобхонаи миллӣ дар ҳавлии эшон ҳузур доштам, ҳамсари устод ба бастаҳои китоб бо чашми муҳаббат менигарист. Гӯё фарзандеро барои сафари дур гусел мекард.
Агар ба масъалаи тақдими китобхонаҳои шахсӣ ба фонди Китобхонаи миллӣ назар намоем, то имрӯз китобхонаҳои шахсиятҳои шинохта, ба мисли устодон Муҳаммадҷон Шакурӣ, Аҳрор Мухторов, Талбак Назаров, Фозил Тоҳиров, Раҷаб Амонов, Мӯсо Диноршоев, Хуршеда Отахонова, Рамазон Раҳимзода, Саймумин Ятимов, Маҳкам Маҳмудзода, Файзулло Шарифзода, Муҳаммад Лутфуллозода, Убайд Зубайдов, Раҳими Мусулмониён, Сайф Раҳимзоди Афардӣ ва дигарон ба Китобхонаи миллӣ супорида шудаанд. Аммо мехоҳам таъкид намоям, ки ин иқдом аз лиҳози мантиқӣ дорои се вижагӣ мебошад. Аз ҷумла:
Акбар Абдулло бо тақдими китобкадааш ба Китобхонаи миллӣ умри китобҳои ҷамъкардаашонро ҷовидонӣ гардониданд, зеро ҳар як китобе, ки вориди фонди китобии кишвар мешавад, тибқи низоми фаъолияти китобдорӣ санад мешавад ва сарчашмаи он қайд мегардад. Ин китобхо низ ба қисми таркибии китобхона ворид шуда, барои ҳамеша дар хидмати халқу миллат ва ҳаводорони китоб қарор мегиранд.
Дар аснои ифтитоҳи Китобхонаи миллӣ Сарвари давлат ба зиёиёни кишвар рӯй оварда, таъкид намуда буданд, ки дар ғанисозии фонди китобии Китобхонаи миллӣ мадад намоянд. Ҳамзамон, аз шахсиятҳое, ки китобхонаҳои худро ба Китобхонаи миллӣ супоридаанд, зикри хос намуданд.
Ин иқдоми устод Акбар Абдулло як қадами устувор дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рушди фарҳанги миллӣ ва низоми фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар маҷмуъ, иқдоми Акбар Абдулло заминаи шоистаеро ҷиҳати қавӣ гардидани фонди китобии Китобхонаи миллӣ, ки бузургтарин боргоҳи адабию фарҳангӣ ва илмию таърихии миллати тоҷик мебошад, фароҳам оварда, барои рушди фарҳанги тақдими кибот заминаи устувор хоҳад гузошт.
Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар посух ба ин иқдоми фарҳангию хирадмандонаи шоир Акбар Абдулло бо дастури директори он, профессор Ҷумъахон Файзализода тасмим гирифтааст, ки феҳристи осор ва китобномаи шарҳиҳолии Акбар Абдуллоро таҳия ва нашр намояд. Яъне, кормандони Китобхонаи миллӣ талош мекунанд дар хидмати касоне бошанд, ки барои фарҳанги миллӣ заҳмат кашидаанд.
Муҳаммадиқбол АТОЗОДА,
муовини директори “Китобхонаи миллӣ”