«Атои саҳна» дар Осорхонаи миллӣ

 «Атои саҳна» дар Осорхонаи миллӣ

Чунин унвон дошт намоиши ҷашние, ки 16 сентябри соли 2025 ба муносибати 85-солагии Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Ато Муҳаммадҷонов бо иштироки намояндаго­ни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, ҳунарпешагони театру синамо, олимону муҳаққиқон, пайвандони ин ҳу­нарпешаи зиндаёд ва кормандони ВАО-и кишвар баргузор гардид.

Макони баргузории ин чорабинӣ Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» буд, ки қабл аз оғози қисмати расмии чорабинӣ дар роҳравҳои ошёнаи сеюми он дастаи мутрибон иштирокчиёнро бо иҷрои зиндаи навоҳои дилошӯби миллӣ истиқбол мегирифтанд. Дар ҳавои ин навоҳои тоҷикона алоқамандони ҳунар 110 номгӯй нигора, аз қабили мусаввараҳо, ордену медалҳо, ҷоизаҳо, ҳуҷҷатҳо, либосҳои саҳнавӣ, аксҳо, наворҳо ва китобҳоеро, ки бозгӯкунандаи ҳаёт, фаъолияти пурсамар ва саҳми боризи ҳунарпеша дар рушди театру сина­мо мебошанд, тамошо карданд. Қайд карда шуд, ки ин гӯшаи ҷолибу диданӣ бо талоши пайвандо­ни ҳунарманд фароҳам оварда шудааст. Дар ин бора дар оғози қисмати расмии чорабинӣ директори «Осорхонаи миллӣ» Зафаршо Иброҳимзода иттилоъ дода, қайд кард, ки ҳамсари ҳунарпеша дастовардҳои ҳуна­рии шодравон Ато Муҳаммадҷоновро ба таври бебозгашт ба ин муассиса тақдим кардааст. Аз дӯстдорони ҳунар даъват карда шуд, ки то 25 сентябри соли 2025 метавонанд Намоишгоҳи ҷашнии Осор­хонаи миллиро таҳти унвони «Атои саҳна» тамошо кунанд.

Муовини аввали вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Обид Назариён нақши чунин рӯйдодҳоро дар баланд гаштани ҳисси ватандӯстӣ ва ҳунарпарварии ҷавонон муассир арзёбӣ кард. Зикр гардид, ки шодравон Ато Муҳаммадҷонов дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳайси раиси Иттифоқи ходимони театри кишвар фаъолият дошт ва барои рӯшан нигоҳ доштани шамъи ҳунар дар Тоҷикистон талошҳои арзишманд намуд.

Муовини директори Муассисаи дав­латии «Тоҷикфилм» Толиб Ғайбуллозода перомуни нақш ва саҳми Ато Муҳаммадҷо­нов дар рушди синамои тоҷик ибрози назар карда, қайд намуд, ки ӯ аз соли 1961 ба синамо пайваст ва то охири умр дар ин ҷода устувору пешгом боқӣ монд. Дар идома аз ҷониби «Тоҷикфилм» нашри махсуси маҷаллаи «Кино», ки ба муноси­бати 85-солагии ин ҳунарманди мумтоз нашр гаштааст, ба «Осорхонаи миллӣ» тақдим карда шуд.

Устодони санъат Ибодулло Машраб ва Ортиқ Қодир аз даврони ҳамкорию ҳамнишинияшон бо ҳунарманди шодравон қисса карда, дар ситоиши ҳунари зиндаёд Ато Муҳаммадҷонов шеърҳо қироат карданд.

Дар идома Отахон Саидзода-директори Театри вилоятиии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар иброз дошт, ки барои мо, аҳли ҳунар, пайванд ба исми устод будани номи боргоҳи эҷодиямон мояи ифтихор ва сарфарозист ва мо, ҷавонон, баҳри ҳарчи бештар фаро гирифтани мактаби ҳунарии шодравон Ато Муҳаммадҷонов пайваста талош менамоем.

Ҳампешагон, пайвандон ва дигар дӯстдорони ҳунар, ки дар чорабинӣ иштирок доштанд, як-як ба минбар баромада, бо қисса кардани ҳиссае аз рӯзгори пурсамари ҳунарии шодравон Ато Муҳам­мадҷонов ин маҳфили ёдбудро гармӣ бахшиданд.

Мавриди зикр аст, ки ҳунарпешаи театру синамои тоҷик Ато Муҳаммадҷонов 2 сентябри соли 1940 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, аз соли 1958 то 2002 дар Тетари давлатии ака­демии драмаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъоли­ят дошт. Беҳта­рин нақшҳояш усто Мухтор аз филми ҳунарии «Духтари сеюм», Мирзо Абдулло аз «Марги суд­хӯр», амир аз «Ситорае дар тирашаб», Афро­сиёб аз «Достони Сиёвуш», Азизхон аз «Субҳи на­хустини ҷавонӣ», Султонхоҷа аз «Асрори оила», падар аз «Падари маҳтобӣ», Имом Бухорӣ аз филми бадеии «Имом-ал-Бухорӣ» ва ғайра маҳсуб мешаванд. Барои нақши Амир Насри Сомонӣ дар филми ҳунарии «Ҷавонии нобиға» соли 1984 сазовори Ҷоизаи давлатии ИҶСШ гардида буд.

Заҳматҳои ин ҳунарманди нотакрори тоҷик бо унвони «Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон» (1981), нишони «Дӯстии халқҳо»(1981) ва ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон»(1999) қадр­донӣ шудаанд.

Ато Муҳаммадҷонов 9-уми сентябри соли 2002 дар 62-солагӣ даргузашт.

Дигар хабарҳо