Сӯгворӣ. Абдулқодири Раҳим даргузашт

Хабари даргузашти шоир, нависанда, рӯзноманигори шинохта, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдулқодири Раҳим аҳли адаб ва хонандагонро сахт андӯҳгин кард, марҳум бо эҷодиёти рангин ва сифатҳои неки инсонияш маҳбуби ҳамагон буд.
Абдулқодири Раҳим бо маҷмуаҳои ашъори «Дурӯғи шабнам», «Чароғи ошноӣ», «Ҷилваи як нола», «Нусхаи парешонӣ», «Рӯшноӣ», «Фиреби меҳр», «Хилвати оина» ва назири инҳо мавқеи худро ёфт. Дар наср низ қувваозмоӣ карда, чандин қиссаву ҳикояи хонданӣ навишт.
Солҳои тӯлонӣ дар нашрияҳои гуногун фаъолияти пурбор дошт ва дар тарбияи қаламкашони ҷавон саҳми чашмрас гузошт.
Хидматҳояш бо медали «Хидмати шоиста», Ҷоизаи созмони ҷавонон ва Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ қадр шуданд.
Ёду номи ин адиби барӯманду инсони дарёдил гиромӣ бод!
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон