Қадрдонӣ аз аҳли адаб

 Қадрдонӣ аз аҳли адаб

Дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар Иттифоқи нависан­дагони Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба намояндагони аҳли адаб баргузор гардид.

Раиси ИНТ Низом Қосим маросимро оғоз бахшида, дар бораи таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукуматамон ба аҳли адаб ва қадрши­носии онон сухан гуфт.

Сипас Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъа­лаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода дар хусуси арзиши баланди Истиқлоли давлатӣ, талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ барои ҳифзу таҳкими он ва рушди рӯзафзуни кишвар ибрози назар кард. Номбурда хидмати аҳли адабро дар густариши фарҳангу маънавиёти миллат чашмрас дониста, ба аъзои ИНТ Раънои Зоирдухт ва Зебои Хатлонӣ медали «Хидмати шоиста» тақдим намуд.

Дар поёни маросим Низом Қосим ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷум­ла ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои қадршиносӣ аз адибон арзи сипос кард.

Дигар хабарҳо