Маҳфили пур аз ширу шакар

Маҳфили шеъри Акбар Абдулло, шоири баноми тоҷик ба муносибати 75-умин солгарди таваллудаш дар Хонаи адибони Мирзо Турсунзода баргузор гардид.
Ин маҳфил 17-уми июн бо ҳузури шоирону носирон, адабпажӯҳон ва алоқамандони шеър сурат гирифт.
Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили мазкурро ифтитоҳ карда, дар бораи вежагиҳои шахсиятии Акбар Абдулло сухан ронд. Ӯ аз ҷумла гуфт: “Мо ӯро ҳамчун шоир ба узвияти Иттифоқи нависандагон қабул кардем, аммо ба унвони нависанда низ мешиносем”.
Дар идома Динора Ҷабборзода, муовини раиси Хадамоти иҷро паёми шодбошии раёсати ин ниҳодро ба ҳозирин ироа намуд ва ҷашни 75-солагии варо таҳният гуфт.
Додситони пешини кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода аз назокатҳои кории Акбар Абдулло ёдоварӣ карда, ӯро ҳамчун мутахассиси ҳирфаӣ дар бахши тафтишот сутуд.
Дар бахши фарҳангии ин маҳфил Ибодулло Машраб, Афзалшоҳи Шодӣ, Сангалӣ Мирзоев, Ибодат Раҷабова, Лоиқи Давлатманд ва дигарон аз ашъори Акбар Абдулло таронаҳо иҷро карданд.
Ҳунарпешагони ҷавони чанд театр аз эҷодиёти шоир шеърҳо қироат намуда, ҷаззобияти маҳфилро афзуданд.
Бояд гуфт, ки Акбар Абдулло 9-уми июни соли 1950 дар деҳаи Даштиҷуми ноҳияи Шӯроободи (кунун Шамсиддини Шоҳин) вилояти Хатлон ба дунё омада, мактаби Шевченкои ноҳияи Восеъ ва омӯзишгоҳи Душанберо ба поён расонидааст.
Ӯ дастпарвари мактаби олии Вазорати умури дохилии Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Тошканд буда, дар Маскав, Ленинград ва Қоҳира донишафзоӣ кардааст.
Дафтарҳои шеърии «Розҳои танҳоӣ» (1991), «Фарёди дур» (1993), «Фарёди ёри дур» (1994), «Кошонаи сӯхта» (1997), «Созҳо аз розҳо» (2001), «Ниёзи дил» (2008), «Намози дил» (2012) ва «Тирамоҳи сабз» (2019), «Чашми нурпоши пуршарар» (2024, ба хатти форсӣ) ва қиссаи воқеии «Духтарам» (2025, ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ) ба қалами вай мансубанд.
Акбар Абдулло барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода ва чандин мукофоти давлатию хидматӣ буда, аз соли 1993 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.