Маҷлиси Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, 12-уми июни соли 2025
12-уми июн маҷлиси навбатии Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид.
Раиси ИНТ Низом Қосим масъалаи асосии маҷлис – ҷамъбасти баррасии асарҳо барои дарёфти ҷоизаҳои адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзодаро дар миён гузошта, андешаҳояшро дар бораи ин осор изҳор кард.
Аъзои Раёсат Муҳаммад Ғоиб, Абдулҳамид Самад, Абдураҳмони Абдуманнон, Муҳаммадюсуф Имомзода ва дигарон роҷеъ ба китобҳои пешниҳодшуда ибрози андеша намуданд.
Зикр гардид, ки дар бораи ҳама асарҳои мавриди назар дар матбуот тақризҳо чоп шуданд ва онҳо аз сўйи муҳаққиқону хонандагон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар натиҷаи овоздиҳии пўшидаи аъзои Раёсат асарҳои зерин ба ҷоизаҳои адабии ИНТ сазовор шуданд:
Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ (дар бахши наср):
«Обними меня» (китоби ҳикояҳо). Ҳафиз Сайфуллоев;
«Офтоби беғуруб» (маҷмуаи қиссаҳо, ҳикояҳо, эссе). Нозир Ёдгорӣ;
«Асарҳои мунтахаб», (романҳои «Теғи сухан», «Бо навои борон»). Шарифбек Азизӣ;
«Оҳанги зиндагӣ» (ҳикояҳои 24 адиби ҷаҳон). Тарҷумаи Сурайё Ахмадзод.
Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода:
«Сенуқта» (маҷмуаи ашъор). Нарзуллои Азизиён;
«Табассуми ишқ» (маҷмуаи ашъор). Рўдобаи Мукаррам;
«Шасти Равшан» (маҷмуаи ашъор). Равшан Ҳамроҳ;
«Дили афрўхта» (маҷмуаи ашъор). Хурсандӣ Ҳоҷимурод;
«Край мой родимый» (маҷмуаи ашъор). Саид Сангин;
«Парвини хаёл» (маҷмуаи ашъор). Саъдӣ Мирзо.
Ҷоизаҳо дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ба барандагон супурда мешаванд.