Тоҷикистон дар намоиши байналмилалии китоби Абу Заби

 Тоҷикистон дар намоиши байналмилалии китоби Абу Заби

26-уми апрел дар Маҷмааи намоишгоҳии ADNEC-и шаҳри Абу Заби даври 34-уми Намоиши байналмилалии «Китоби Абу Заби» оғоз ёфт, ки то 5-уми май идома меёбад. Расми ифтитоҳи намоиш рўзи 26 апрел доир шуд. Дар ин намоишгоҳи бузурги китоб ноширон аз аксари кишварҳои ҷаҳон ширкат меварзанд.

Дар намоишгоҳ 60 китоби тозанашр аз нашриёти «Адиб» ва 6 китоби тозанашр аз нашриёти «Ирфон» дар маърази диди боздидкунандагон қарор дода шудаанд.

Китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Tajiks in mirror of the history», «Мероси Имоми Аъзам ва гуфтугўи тамаддунҳо», «Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ», осори адибони классик ва муосири тоҷик дар силсилакитобҳои «Ахтарони адаб» ва «Ҳафт ахтар», «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно, «Девони замон»-и Лоиқ Шералӣ, «Офтоби зиндагиафрўз»-и Давлат Сафар ва даҳҳо китоби дигари назмию насрии адибони гузашта ва имрўзи тоҷик мавриди таваҷҷуҳи алоқамандони китоб қарор гирифтаанд.

То поёни кори намоиш тадбирҳои фарҳангӣ, мулокоту дидори адибону ноширон баргузор мегарданд.

Дигар хабарҳо