Тантанаҳои фестивали китоби бачаҳо

 Тантанаҳои фестивали китоби бачаҳо

Дар доираи Фестивали «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасон», ки бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола аз 2 то 9-уми апрел баргузор мегардад, шоирону нависандагон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафар намуда, бо хонандагони худ вохӯрию мулоқотҳо доир мекунанд. Ҳамин гуна чанд вохӯрӣ бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, шоир Файзи Ашӯр ва адиби бачаҳо Азизи Азиз дар театри ба номи Сайидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб баргузор шуд. Китобдӯстони шаҳр ва ноҳияҳои атрофи он адибонро бо гулу гулдаста ва созу суруд пешвоз гириф­танд. Дар мулоқот Ҳақназар Ғоиб аз овони бачагии худ ёд карда, файзу баракати замони Истиқлол ва сулҳу ваҳдати се даҳсолаи охирро махсус хотиррасон намуд, ки неъмати бебаҳоянд ва ин ҳама натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Шароиту имконоте, ки барои бачаҳои мо имрӯз муҳайё гардидааст, дар ягон давру замон набуд ва ҷавоби фарзандони мо ба ин ғамхориҳо танҳо бо баҳои хубу аъло хондан аст. Дар як вохӯрӣ иштирокчии Фестивал, барандаи «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2024, шогирди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 51 Малика Ҳасанова барҳақ изҳор дошт, ки асарҳои адибонамон як ҷаҳон лаззат мебахшад, вале шунидан кай бувад монанди дидан – бо онҳо вохӯрдану мулоқот оростан гӯё давоми мутолиаи асарҳояшон мебошад.

Тайи чанд рӯз адибон меҳмони хонандагони Литсейи равияи техникии ноҳияи Данғара, Литсейи хонандагони болаёқат ва Муассисаи давлатии таълимии Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Кӯлоб буданд.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки адибонро кормандони Муассисаи давлатии телевизиони бачагонаи «Баҳористон» ҳамроҳӣ карда, чанд барномаи диданӣ сабт намуданд.

 

Рӯе, ки нагардад зи касе, рӯи китоб аст…

Дар доираи баргузории фестивали “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” як гурӯҳ шоирону нависандагон ба шаҳри Ҳисор ташриф оварданд. Хонандагону устодони дабистонҳои шаҳри Ҳисор меҳмононро дар назди бинои Китобхонаи шаҳрӣ бо шеъру суруд пешвоз гирифтанд. Адибон аввалан аз Осорхонаи шаҳри Ҳисор дидан карда, сипас бо маҳсули эҷоди хонандагони Мактаби санъат ва Мактаб-интернати нобиноёни шаҳри Ҳисор шинос шуданд. Хусусан, дастранҷи хонандагони мактаб-интернат барои аҳли адаб хеле писанд омад. Маҳфили идонаро мудири шуъбаи фарҳанги шаҳри Ҳисор Арчабек Азизӣ оғоз бахшида, баргузории фестивали “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон”-ро иқдоми неки Вазорати фарҳанг хонд.

Шоирону нависандагон дар атрофи қадру манзалати китоб ва зарурати омӯхтани илм ҳарф заданд. Шоири халқии Тоҷикистон Ҷӯра Ҳошимӣ ва Абдусаттори Раҳмон шеърҳои худро хонданд. Хонандагон низ порчаҳои насриро аз қиссаву ҳикояҳои нависандагон Азизи Азиз, Муродалӣ Собир, Маҷид Салим ва Мижгон Халилзода нақл карданд. Маҳфили ҷашнӣ ба 65-солагии адиби дӯстдоштаи бачаҳо, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ Азизи Азиз бахшида шуд. Дар анҷом наврасони фаъол ва онҳое, ки барои баргузории барномаи идона саҳмгузор буданд, бо ифтихорнома ва туҳфаҳо сарфароз гардиданд.

Дигар хабарҳо