«Шаби Тоҷикистон» дар Теҳрон

 «Шаби Тоҷикистон» дар Теҳрон

?????????????????????????????????????????????????????????

Чанде пеш Сафорати Тоҷикистон дар Эрон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи фарҳангии «Хуршед» ва Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар толори Маркази Доиратулмаорифи бузурги ин кишвар «Шаби Тоҷикистон» баргузор кард. Дар чорабинӣ масъулини Вазорати умури хориҷии Эрон, сафирон ва намояндагони ҳайати дипломатии муқими Теҳрон, сиёсатмадорон, донишмандон, рӯзноманигорон, алоқамандони шеъру адаб ва ширкатҳои сайёҳии эронӣ ҳузур доштанд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ дастовардҳои сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию фарҳангии Тоҷикистонро дар солҳои Истиқлоли давлатӣ таъкид намуда, рушду тавсеаи ҳамкориро бо Эрон яке аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номид. Дар ин замина таъкид гардид, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён ба Тоҷикистон ва тавофуқҳои ҳосилшуда зимни он марҳалаи дигареро дар раванди ҳамкории мутақобили судманди ду мамлакати дӯст оғоз мекунад.

Дар идомаи нишаст мудири Муассисаи фарҳангии “Хуршед” Ҳуҷҷаттулоҳ Айюбӣ, пажӯҳишгари маъруфи Эрон Мирҷалолиддини Каззозӣ, раиси Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон Алиашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ ва дигарон роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни ҳамкории фарҳангию адабӣ ва илмӣ байни Тоҷикистон ва Эрон изҳори назар карданд. Дар доираи чорабинӣ шоирони халқии Тоҷикистон Фарзона ва Озарахш дар васфи Тоҷикистон ва дӯстии мардумони ду мамлакат шеърҳо хонданд. Санъаткорони маъруфи эронӣ Маҷид Дурахшонӣ ва Алӣ Худоӣ оҳангу сурудҳои ҳунарпешаи зиндаёд Давлатманди Холро иҷро намуданд.

Дар ҳошияи «Шаби Тоҷикистон» китобҳои Пешвои миллат ва адибони Тоҷикистон бо хати ниёгон, либосҳо ва осори ҳунарҳои дастии миллӣ, аксҳои ҷозибаҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии мамлакат ба намоиш гузошта шуданд, ки мавриди таваҷҷуҳи зиёди меҳмонон қарор гирифтанд.

Дигар хабарҳо