Дар такопӯ буд умре…

 Дар такопӯ буд умре…

Ба муносибати 60-солагии шодравон Аброри Зоҳир

Аброри Зоҳирро ҳанӯз солҳое, ки дар рӯзномаи «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» фаъолият дошт ва мақолаву ҳикояҳояш пайваста дар матбуоти даврӣ ба табъ мерасиданд, мешинохтам. Бо ҳукми тақдир дар пойтахт бо ҳам вохӯрдем. Ӯро шодравон Сайф Раҳимзод, ки он вақт раисии Кумитаи телевизион ва радиоро ба уҳда дошт, ба кор даъват намудааст. Ман гумон кардам, ба телевизион меояду ҳамкори мо мешавад. Ӯ инро пай бурду гуфт: «Дар кумита газета ташкил намудан лозим. Ин нияти раисро амалӣ хоҳам кард». Шодравон Раҳмон Остон бо шунидани ин хушхабар гуфт: «Акнун сармуҳаррири газета мешавам гӯю мон!»

Аброр бо ҳамон хоксории ҳамешагии худ қаноатмандона сар ҷунбонда гуфт: «Биёед, ҳамкорӣ мекунем». Ҳамин тавр, айёми баҳорони соли 1999-ум рӯзномаи «Чаҳони паём» таъсис ёфт. Аброр тавонист дар як муддати кӯтоҳ нашрияро ба минбари ҳақиқии кормандони соҳа табдил диҳад.

Баҳори соли 2000-ум Аброри Зоҳирро дар пешайвони бинои телевизиони тоҷик дидам. Маро дидан замон хушҳолона дастамро фишуруда гуфт: «Шунидам, ки дар бораи ҳунарманди театр шодравон Салим Муқим маводи бисёреро гирд овардаӣ?

Гуфтам:
– Бале, замоне ки корманди рӯзномаи Ховалинг будам, мақолае ҳам дар борааш навишта будам». Аз ин хабар чеҳраи Аброр шукуфт ва бо шавқ гуфт: «Барои ҳамин шумора як мақола дар бораи ӯ омода соз. Фаромӯш накун, ҳаққи қалами хуб медиҳам».

Пас аз чанд муддат Аброр Зоҳир директори барномаҳои телевизиони «Тоҷикистон» таъйин гардид, аммо алоқаашро аз рӯзномаи дӯстдоштааш «Ҷаҳони паём» наканд. Солҳои 2004-2005 директори Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» буд. Баъдан дар Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар Китобхонаи марказии шаҳри Душанбе ба ҳайси директор кор кард.

Аз соли 2012 то охири умр директори Муассисаи давлатии паҳну фурӯши китобу нашрияҳои даврии шаҳри Душанбе буд. Дӯсти азизи мо Аброри Зоҳир дар ҷодаи рӯзноманигорӣ ва нависандагӣ роҳу сабки худро пайдо намуд.

Солҳои 80-уми асри гузашта ба майдони адабиёт як зумра қаламкашони ҷавоне ворид шуданд, ки диди нав, тахайюлоту сабки нигориши тозае доштанд. Бо ворид гардидани Баҳманёр, Муҳаммадзамони Солеҳ, Муаззама Аҳмадова, Ҷонибек Акобир, Сайф Раҳимзод ба адабиёт ва эҷоди асарҳои нави таърихӣ дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва хештаншиносӣ насри тоҷик нафаси тозае гирифт. Дар ин миён адиби рангинхаёл Аброри Зоҳир низ бо кулвори пур ба майдони адабиёт омада, як силсила асарҳои адабӣ-таърихӣ эҷод намуд. Романҳои ҷолиби ӯ «Мунтасир», «Шикасти зулмот», «Арсаи набарди гургон», «Васваса» дар мавзуи таърихӣ иншо шудаанд. Аброри Зоҳир нависандаи пуркор буда, то охири умраш зиёда аз 30 роман ва 18 повест ба нашр расонидааст.

Қобили зикр аст, ки адиб дар солҳои охири умраш ба мавзуи рӯзгору эҷоди адибони классик рӯй овард. Романи охирини Аброри Зоҳир «Ёри ғор», ки аз рӯзгору зиндагии шоири шаҳир Носири Хусрав нақл мекунад, як бозёфт дар адабиёт мебошад. Дар романи худ Аброри Зоҳир ташаккули ақидаву ҷаҳонбинии мутафаккир ва сабабҳои таълифи асарҳои машҳураш «Сафарнома», «Рӯшноинома» ва «Саодатнома»-ро хеле табиӣ ва боварбахш тасвир намудааст. Маълумоти зиёди ҷуғрофӣ ва таърихии асри 11-ро мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор дода, образи барҷастаи Носири Хусравро офаридааст.

Нависанда тавонистааст, ки ахлоқи ҳамидаи Носири Хусравро дар муносибат бо одамон ва баҳсҳои ӯро бо ашхоси давлатманду сарватманд ифода созад. Муҳити фарҳангии Балху Марв ва Ҳирот, чи гуна завол ёфтани давлатдорӣ дар ин қаламрав, низоъҳои мазҳабӣ бо сафарҳои ҳафтсолаи Носири Хусрав мисли як хатти сурхе аз миёнаи роман мегузарад. Адиб нишон додаст, ки кашмакашу низоъҳои дохилӣ пояи давлатдориро суст намуда, оқибат боиси қашшоқӣ ва бенавоии халқ гаштааст. Маҳз ҳамин ноадолатиҳои замона боиси ҳиҷрати Носири Хусрав гардидааст. Фирори шоир ба кӯҳистон боиси ранҷҳои бешумори ӯ мегардад. Вай ба таъқиботи мутаассибон дучор шуда, роҳи тӯлониеро пинҳонӣ тай мекунад. Оқибат ба Бадахшон омада, ба ин васила аз марг наҷот меёбад ва боқии умри хешро дар ғори Юмгон, дар диёри дурдасти кӯҳистон сипарӣ мекунад.

Аз мутолиаи романи «Ёри ғор» ба мушоҳида мерасад, ки муаллиф хеле барвақт ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ намудааст.

Дар қиссаҳои “Дуроҳа”, “Моҷарои қабр”, “Мусофири ҷодаи ишқ”, “Рақс дар сояи девори оҳанин”-и Аброри Зоҳир ҳолати инсон тасвир гардида, дар романҳои “Майдон”, “Ибни Лодан”, “Дар ҷилди одам”, “Шикасти зулмот” инъикоси воқеияти рӯзгор, моҷароҳо ва тақдири инсонҳоро мебинем. Қиссаи “Душанбе”, ки ба забони олмонӣ ҳам тарҷума шудааст, рӯзгори донишҷӯиро тасвир мекунад.

Аброри Зоҳир филмноманавис ва киношиноси боистеъдод низ буд. Ӯ аввалин сериали телевизиониро бо номи «Гирдоб» дар телевизиони «Тоҷикистон» (иборат аз 5 қисм) ба экран баровардааст. Яке аз аввалин филмҳои замони Истиқлол, ки воқеан ҳунари синаморо бозгӯ мекард, филми «Муҷассамаи ишқ» буд, ки аз рӯи асари Аброри Зоҳир коргардон Умед Мирзоширинов наворбардорӣ кардааст. Қобили зикр аст, ки Бобои Ғаффори машҳур ва қиссаи ошиқии ӯ бо Санам маҳсули қалами Аброри Зоҳир аст.

Солҳои роҳбари телевизиони «Тоҷикистон» буданаш тарҳи барномасозиҳои қолабиро шикаст. Маҳз замони роҳбарии ӯ дар телевизион жанрҳои гуногуни телевизионӣ истифода шуданд, ток-шоуҳои муассир рӯйи кор омаданд …

Қобили зикр аст, ки шодравон Аброри Зоҳир ҳангоми таълифи қиссаву ҳикояҳои худ аз воситаҳои санъати тасвир хуб истифода бурда, манзараҳои табиат, кӯҳу дара ва муҳити зистро хеле ҳаяҷонбахш тасвир намудааст.

Эҷодиёташ гуногунпаҳлуст. Дар иншои асарҳои драмавӣ қалами бурро дошт. Дар натиҷаи ҳамкорӣ бо ҳунарманди мумтоз Убайдулло Раҷабов як силсила асарҳои ҳаҷвӣ, аз қабили фелетону пародия эҷод кардааст, ки то ҳол аҳаммияти худро гум накардаанд.

Дар рӯзноманигорӣ сабку услуби худро дошт ва силсилаи очерку лавҳа ва мақолаҳои ӯ рӯзмарра буда, паҳлуҳои гуногуни зиндагии мардум ва корномаи падаронро инъикос намудаанд. Аброри Зоҳир то дами вопасини умраш чун публитсисти пухтакор боқӣ монд. Тақдирро бинед, ки кори нотамоми ӯро бародараш Аслиддин Имомзода идома додааст. Фарзанди Аброри Зоҳир – Шаҳзоди Аброр бо дуои неки падар касби рӯзноманигориро интихоб намуда, имрӯз кору фаъолияти шоиста дорад.

Маҷид САЛИМ,
нависанда, Корманди шоистаи Тоҷикистон

Дигар хабарҳо