Пайвандгари дилҳои адибон
Масъалаҳои равобити адабии гузашта ва имрӯзии халқи тоҷик бо ақвоми дигар дар замони Истиқлол зимни пажӯҳишу ковишҳои робиташиносон уфуқҳои тоза ва паҳнои бештар пайдо кард. Дар рушду таҳаввули ин паҳлуи адабиётшиносии тоҷик нақши шодравон Муртазо Зайниддинзода бузург аст.
Муртазо Зайниддинзода дар миёни пайвандшиносони замони Истиқлол яке аз муҳаққиқони муваффақ дар таҳқиқу баррасии робитаҳои адабии халқи тоҷик бо сойири халқҳо маҳсуб мешавад. Мавсуф бо андешаву мулоҳизаҳои арзишманди илмии хеш нафақат миёни аҳли илму адаби тоҷик, балки дар ҳавзаҳои адабиётшиносии халқҳои Осиёи Марказӣ, тотору русу Қафқоз ҳам пажӯҳишгари нозукбини таърихи адабиёт, робитаҳои адабӣ ва нақди адабӣ эътироф шудааст.
Ба қалами ин донишманди закӣ беш аз 400 номгӯй китобу монографияҳо, мақолоти илмӣ, илмию оммавӣ, публитсистӣ, ёддошту хотирот ва ғайра тааллуқ гирифтааст, ки соҳаҳои гуногуни назария ва амалияи илмҳои таърихи адабиёт, адабиёти муосир, нақди адабӣ, равобити адабӣ ва адабиётшиносии татбиқиро дар бар мегиранд. Қисмате аз онҳо ба аҳволу осори адибони тотор Қаюм Носирӣ, Шаҳобиддини Марҷонӣ, Абдулло Туқай, Шариф Камол, Олимҷон Иброҳимов, Мӯсо Ҷалил, адибони рус Л.Н. Толстой, А.С. Пушкин, А.Гайдар, К. Паустовский, А.Чуковский, адиби қазоқ Мухтор Авезов, адибони ӯзбек Алишер Навоӣ, Ҳамза Ҳакимзода, Ғафур Ғулом, Аширмат Назаров, нависандагони қирғиз Т. Сотилғанов, Ч. Айтматов, адиби литвонӣ Э. Межелайтис, украин М. Бажан, адиби Куба Николас Гилен ихтисос гирифтаанд. Инҳо бо таҳлили амиқи факту ҳаводиси адабӣ ва шарҳу тафсири хоси муаллифӣ хонандаро ҷалб мекунанд.
Дигар соҳаи ковишҳои илмии ӯ ҷараёни адабии тоҷик, дирӯзу имрӯзи он аст. Паҳлуҳои гуногуни ҳаёту эҷодиёти шоирону нависандагони тоҷик – С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, Ҳ. Юсуфӣ, А. Пирмуҳаммадзода, С. Улуғзода, Ҷ. Икромӣ, А. Қаҳҳорӣ, М. Ҳайдаршо, И. Файзулло, Қ. Киром, А. Атобоев, С. Саидмуродов, Лутфӣ Саид, М. Ҳотам дар бархе аз мақолоти ӯ равшан шудаанд. Ин навиштаҳои ӯ баробар бо таъкиди дурустии ин ё он афкори муҳаққиқони дигар, ҳатман навие доранд, далелу санадҳои то ҳол ногуфтаро манзур мекунанд.
Албатта, ҳар муҳаққиқеро масъалаест, ки ба он таваҷҷуҳаш зиёдтар аст. Дар тадқиқоти илмии Муртазо Зайниддинзода равобити адабии мардумони тоҷику тотор мавқеи асосӣ дорад. Аз ин рӯ, ба чигунагӣ ва қонунмандии ин пайвандҳо аз охирҳои асри XIX то ибтидои қарни XX китобу рисолаҳое дорад, ки барои адабиётшиносии тоҷик арзишманданд. Рисолаҳои пурмуҳтавои “Қаюм Носирӣ. Абуалӣ Сино” (1995), “Ёде аз бузургон” (2010), “Пайванди халқҳо ва тамаддунҳо” (2016) аз ҳамин қабиланд. Ҳамчунин мақолаҳои “Шоири мазҳари пайвандҳо” (1985), “Абдулло Туқай ва адабиёти тоҷик” (1985), “Ровии дӯстӣ” ва “Маҳбуби дилҳо” (1986), “Фаъолияти адабиву маърифатии Ризоуддин Фахруддинов ва робитаҳои адабии тоҷику тотор дар ибтидои асри ХХ” (1997), “Каживу ростиҳо дар иртиботи маънавии халқҳои тоҷику тотор” (1994), “Масъалаҳои равобити фарҳангии халқҳои тоҷику тотор” (1995), “Робитаи адабии тоҷику тотор” (2004), “Марҷонӣ ва марҳалаи нави рушди робитаҳои адабии халқҳои тоҷику тотор” (2007), “Тӯфон Лоҳутиро ба Тотористон бурда буд” (2008), “Робитаҳои адабии халқҳои тоҷику тотор дар давраи нав” (2010), “Аз таърихи равобити адабии халқҳои тоҷику тотор” (2012, 2013), “Фаъолияти маорифпарварии Шаҳобиддини Марҷонӣ ва рушди робитаҳои адабии халқҳои тоҷику тотор” (2016), “Робитаҳои адабии халқҳои тоҷику тотор дар қаринаи матбуоти даврӣ” (2018), “Мақоми Садриддин Айнӣ дар рушди робитаҳои адабии халқҳои тоҷику тотор” (2018) масъалаҳоеро дар бар мегиранд, ки бевосита ба равобити пурфайзу пурбаракати ин ду халқ ихтисос доранд. Муҳаққиқ фақат ба пажӯҳиши пайвандҳои адабии охири қарни ХIХ ва ибтидои садаи ХХ маҳдуд нашуда, чашмандозе фарохтар аз он дорад. Вай оғози таърихи робитаҳои адабии халқҳои тоҷику тоторро аз асрҳои Х-ХI, аз давраҳое медонад, ки осори панду ахлоқии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Хамса»-и Низомӣ, «Гулистон» ва «Бӯстон»-и Саъдӣ, ғазалиёти Ҳофиз, «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Румӣ, ҳамчунин пораҳои алоҳидаи «Калила ва Димна», «Тӯтинома», «Бахтиёрнома», «Ҳазору як шаб» аз тариқи тарҷума сужету мундариҷаи онҳо дар осори нависандагони туркзабон ворид шудааст.
Муҳаққиқ ҳамин андешаашро дар мақолаҳои “Ҳофиз дар саҳифаҳои маҷаллаи тоториву бошқирдии “Шуро” (1987), “Туҳфаи ноширони Қазон” (1987), “Қиссаи Ибни Сино аз назари маорифпарвари тотор Қаюм Носирӣ” (1990), “Абулқосим Фирдавсӣ ва адабиёти тотор” (1994), “Нуфузи Саъдӣ дар адабиёти тотор” (1997), “Умари Хайём ва адабиёти тотор” (2000), “Абуалӣ Сино дар шинохти маорифпарварони тотор” (2015), “Калила ва Димна” дар шинохти адибону донишмандони тотор” (2017) таъйид кардааст. Муртазо Зайниддинзода равобити адабиёти тоҷику тоторро аз паҳлуҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор дода, нақшу ҷойгоҳи шахсиятҳои шинохта, адибон ва донишмандони тоҷикро дар густариши робитаҳои адабии ду халқ дар мақолоти “Марде, ки зи нола даҳ инқилоб овард”, “Лоҳутӣ ва адабиёти тотор” (1987), “Мирзо Турсунзода ва баъзе масъалаҳои равобити адабӣ” (2001), “Устод Айнӣ ва иртиботи фарҳангии халқҳои тоҷику тотор” (2009), “Устод Айнӣ ва адабиёти тотор” (2010), “Саҳми Аълохон Афсаҳзод дар илми робиташиносӣ” (2015) “Абулқосим Лоҳутӣ ва адабу фарҳанги тотор” (2017) мавриди баррасӣ қарор додааст. Ин донишманди ҷӯё нақши аҳли зиё ва фарҳангиёни тоторро дар тасаввури адибони тоҷик зимни таълифи мақолаҳои “Нақши зиёиёни тотор дар романи “Ситорае дар тирашаб”-и Расул Ҳодизода” (2003), “Бозтоби чеҳраи тоторҳо дар романи “Ситорае дар тирашаб”, 2009), “Бозтоби чеҳраи тоторҳо дар хотироти Ҷалол Икромӣ” (2011) мушаххас кардааст, ки қобили таваҷҷуҳ мебошанд.
Муҳтавои навиштаву мақолаҳои дигари Муртазо Зайниддинзода шаҳодати онанд, ки доираи пажӯҳиши ӯ аз қаламрави равобити адабии тоҷику тотор бурун рафта, баррасии муносибати адабиёти моро бо адабиёти дигар халқҳо низ фаро мегирад. Дар ин росто аз мақолаҳои “Бонуи рус ва муҳити адабии туркигӯён” ва “Ҷадалҳои маърифатии як бонуи рус” (1999), “Пушкин дар доираи адабии туркзабонон” (1999), “Шуҳрати “Гулистон” миёни туркигӯён”, “Истиқболи “Гулистон”-и Саъдӣ аз ҷониби ақвоми туркзабон” (2003) ва ғайраро метавон ёдовар шуд.
Ба андешаи Муртазо Зайниддинзода, дар қиёсу муқобала бо осори гаронмоя ва баландғояи аҳли адаби Шарқи хориҷӣ ва кишварҳои мутамаддини Ғарб ба таҳқиқ гирифтани адабиёти миллӣ барои равшан кардани мавқеъ ва қимати осори адибони ватанӣ бағоят муҳим аст. Зарур будани ин масъаларо дар раванди муколамаи тамаддунҳо Муртазо Зайниддинзода хуб дарк намуда, дар китобҳои “Ёде аз бузургон” (2010), “Пайванди халқҳо ва тамаддунҳо” (2016) ва мақолаҳои “У истоков диалога цивилизаций“ (2007), “Вклад русской женщины в развитии диалога цивилизаций” (2011), “Заминаҳои ваҳдатофари гуфтугӯи тамаддунҳо” (2012), “Исламская культура в восприятиях русского ученого” (2017) андешаҳояшро баён кардааст. Ҳамзамон Муртазо Зайниддинзода нисбат ба масъалаҳои фавқуззикр чун муҳаққиқи огоҳ аз руҳу фазои фарҳангу адаби муосир зимни суханрониҳо дар конфронсу ҳамоишҳои байналмилалӣ дар марказҳои илмию фарҳангии Туркия (1995), Русия (1997), Беларус (2017) афкори муҳим баён намудааст.
Масъалаҳои умдаи таърих ва назарияи матбуоти миллӣ, бозтоби ҷунбиши фикрии мардум дар саҳафоти матбуот, нақши рӯзномаву маҷаллаҳо дар тарғиби адабиёт, нақши матбуот дар истилоҳсозӣ ва рушди забони миллӣ, мавқеи матбуот дар бедории фикрӣ мавзуи баҳси мақолаҳои “Вақт” (1988), “Шуро” ва ҳамбастагии ду миллат” (1999), “Ҷунбиши фикрии мардум дар саҳифаҳои нашрияи “Ҷунбиш” (1999), “Нақши маҷаллаи “Шуро” дар ҳамбастагии миллатҳо” (2004), “Нақши маҷаллаи “Шуро” дар тарғиби адабиёт” (2006), “Маҷаллаи “Шуро” ва шинохти арзишҳои башарӣ” (2009) гардидааст. Муҳтавои ин мақолот шаҳодат медиҳад, ки Муртазо Зайниддинзода ба таърихи матбуоти тоҷик ҷиддӣ таваҷҷуҳ намуда, паҳлуҳои таҳқиқнашудаи онро ба нишон мегирад. Бавежа китоби «Машъалафрӯз» (1995)-и ӯ дар рӯшан намудани давраҳои торики таърихи матбуот ва адабиёти тоҷик ва осору аҳволи саромадони фарҳанги миллӣ нақши арзанда дорад.
Пажӯҳиши Муртазо Зайниддинзода фақат бо таҳқиқи робитаҳои адабӣ маҳдуд намешавад. Ӯ ба масъалаву муаммоҳои адабиёти давраи нави тоҷик, назария ва нақди адабӣ ва проблемаҳои тарҷумаву тарҷумашиносӣ низ диди хос дорад. Таҳқиқу баррасии рӯзгору осори адибони давраи нави тоҷик – С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, Ҳ. Юсуфӣ, А. Пирмуҳаммадзода, С. Улуғзода, Ҷ. Икромӣ, А. Қаҳҳорӣ, И. Файзулло, М. Ҳайдаршо, Қ. Киром ва бозтоби чеҳраҳои илмӣ ва ҳунарии онҳо дар мақолоти “Публитсистикаи устод” (1981), “Зиндагӣ ҷои хамӯшӣ набувад” (1982), “Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад дилам” (1982), “Роҳи ман ба Сталинобод танҳо бо воситаи Берлин аст” (1985), “Лолаи аз хун дамида” (1986), “Шоири коммунист” (1988), (2016), “Мӯшикофист пешааш дар илм” (2016), “Ҳомии вазну тамкини сухан” (2017), “Камолоти афкору ақида” (2017), “Ҳақиқатро бараҳна бояд гуфт” (2017) муфассал зикр шудаанд.
Дар замири устод Муртазо Зайниддинзода ҳазорон ормон буд. Агар имрӯзҳо дар байни мо мебуд, мақолоту рисола ва китобҳои тозаашро чоп ва нақшаҳои навашро ба нафъи илми тоҷик ва пешрафти адабу фарҳанги Тоҷикистони азиз дар ҳаёт татбиқ менамуд.
Ёдаш гиромӣ бод!
Қарор Муҳаммадизода,
устоди ДМТ