Нашри осори баргузидаи устод Айнӣ дар Украина

 Нашри осори баргузидаи устод Айнӣ дар Украина

Дар шаҳри Харкови Украина осори мунтахаби бунёдгузори адабиёти муо­сири тоҷик ва Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ба забони украинӣ бо шуморагони 1000 нусха интишор ёфт. Китоб бо эҳтимоми мудири Осорхонаи шаҳри Харков Андрей Парамонов, бо ёрии молии “Бунёди хайрияи Денис Парамонов” ба нашр расид.

Сафири Тоҷикистон дар Украина Давлат Назризода дар хусуси аҳам­мияти китоб чунин таъкид кардааст: “Хонандаи украинӣ дар ин китоби устод Садриддин Айнӣ бо осори нави­сандае ошно хоҳад шуд, ки иллатҳои иҷтимоиро, ки асоси мушкилоту пе­чидагиҳои зиндагии инсонҳо дар он замон дар Бухорои бостонӣ буданд, ифшо кардааст. Дар баробари ин ба назар мерасад, ки ин асарҳо ин рӯзҳо низ, дар ҳоле, ки рӯзгори бисёр одамон пур аз эҳсоси дарду ранҷ аст, моҳият ва аҳаммияти аслии худро гум накардаанд”.

Дар ин мунтахаб асарҳои “Аҳмади девбанд”, “Ҷаллодони Бухоро”, “Мак­таби куҳна” ва “Марги судхӯр” ҷой гирифтаанд.

Гуфтанист, бори нахуст маҷмуаи асарҳои устод Айнӣ солҳои 20-уми қарни гузашта дар шаҳри Харков чоп шуда буд.

Дигар хабарҳо