“Шоири фарзонаи дил”

 “Шоири фарзонаи дил”

Дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров маҳфили илмиву адабии “Шоири фарзонаи дил” баргузор гардид. Дар он адибону олимон, устодон ва меҳмонон аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Маҳфилро адабиётшинос Саидумрон Саидов оғоз намуда, дар бораи хидматҳои шоёни Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона дар адабиёти тоҷик изҳори андеша кард.

Сипас ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров Аюб Усмонзода, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, доктори илмҳои филология, профессор Умеда Ғаффорӣ дар бораи осори шоир ва сифатҳои инсонии ӯ сухан гуфтанд.

Дар маҳфил китоби тозанашри “Шоири фарзонаи дил” аз ҷониби шоир ва адабиётшинос Нуралӣ Нурзод муаррифӣ шуд. Дар ин китоб ашъори пурмеҳри шоирон дар васфи Фарзона ҷамъоварӣ шудааст. Мураттиб ва муаллифи сарсухани китоб устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Шаҳнавоз Каримзода мебошад.

– Беҳтарин коре, ки мо барои ҳамдигар карда метавонем, дӯст доштан ва эҳтиёт кардани ҳамдигар аст, – гуфт шоири маъруф Фарзона зимни суханронии худ дар ин маҳфил. Ҳамчунин шоир аз даврони наврасиву ҷавонии худ нақлҳои ҷолибу хотирмон кард.

Дар охир сарояндагон бо сурудҳои дилошӯб аз ашъори шоир зебоии маҳфилро афзуданд.

М. ЁРМИРЗО

Дигар хабарҳо