Тоҷикистон, бо Пешвои Миллат ба пеш!

 Тоҷикистон, бо Пешвои Миллат ба пеш!

Чанде пеш бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳиз­би Халқии Демокра­тии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун таҳти шиори “Тоҷикистон, бо Пешвои миллат ба пеш!” ҳамоиш баргузор гардид. Ба ин ҳамо­иш муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикис­тон Абдуҷаббор Азизӣ роҳбарӣ намуд.

Ҳамоиш ба Рӯзи забони давлатӣ, мавлуди шарифи Пе­швои муаззами миллат ва ба муноси­бати 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва 33-солагии Истиқлоли давлатӣ баргузор шуд.

Субҳгоҳон намояндагони шаҳри Душанбе ба ҷониби Роғун раҳсипор гар­диданд, ки дар ҳайати онон кормандони масъули КИМ ҲХДТ, раисони созмонҳои ҳизбии пойтахт, навоҳии он ва дигар фаъолон буданд.

Дар ин ҳамоиш ҳамчунин Ҳунарпе­шаи халқии Тоҷикистон Миралӣ Дости­ев, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Исматулло Холиқов, овозхони бо­маҳорат Қобилҷон Зарифов, муовини аввали Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа, Шоири халқии Тоҷикистон Хайрандеш, Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо, мудири шуъбаи тарғиби адабиёти ИНТ Абдуллоҳи Раҳнамо ширкат доштанд.

Намояндагони Роғун дар даромад­гоҳи шаҳр бо шиорҳо ва кафкӯбиҳои гарму самимона меҳмононро пешвоз гирифтанд. Сипас аҳли ҳамоиш бо ни­доҳои ватандӯстонаи “Тоҷикистон, бо Пешвои миллат ба пеш!”, “Зинда бод забони ноби тоҷикӣ”, “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – роҳнамои мо!” баҳодурона қадам ниҳода, ба майдони Истиқлоли шаҳр омаданд ва дар пояи ҳайкали шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчан­бар гузоштанд.

Дар ҳамин ҷо қисмати якуми ҷаласаи ҳамоиш оғоз гардид. Муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократи Тоҷи­кистон Абдуҷаббор Азизӣ суханронии пурмуҳтавое карда, ҳозиринро бо Иди забони тоҷикӣ, рӯзи таваллуди Пешвои миллат ва 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мубо­ракбод гуфт.

Раиси шаҳри Роғун Суннатулло Са­идзода дар нутқи худ аҳли ҳамоишро ба ин ҷашнҳо табрик карда, роҷеъ ба дастовардҳои шаҳри Нурофарон та­ваққуф намуд.

Адибон низ суханронӣ карда, аз асарҳояшон пораҳо қироат намуданд.

Дар қисмати фарҳангии ҳамоиш аҳли ҳунар Миралӣ Достиев, Исматулло Холиқов, Қобилҷон Зарифов ва дигарон ҳунарнамоӣ карда, табъи ҳозиринро сурур бахшиданд.

Қисмати дуюми ҳамоиш дар мин­тақаи сохтмони сарнавиштсози миллати тоҷик — Неругоҳи барқи обии Роғун бар­гузор шуд. Гуруҳи калони намояндагони шаҳри Душанбе бо роҳбарии Абдуҷаб­бор Азизӣ бо нақбканон дар коргоҳ суҳбат намуданд. Гурӯҳи дигар дар минтақаи аввали сохтмонсозӣ дар май­дони фарҳангу фароғат бо коргарони кохи беназири нуристони Тоҷикистони маҳбуб, ки бо ҳидоятҳои хирадмандо­наи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмо­малӣ Раҳмон бунёд мегардад, мулоқот намуданд.

Ҳамоиш дар шаҳри Роғун басо шавқовар, пурмуҳтаво ва хотирмон баргузор гардид.

Дигар хабарҳо