Китобхонае дар Китобхонаи миллат

 Китобхонае дар Китобхонаи миллат

Озмуни наве бо унвони “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”, ки чаҳор рӯз дар Китобхонаи миллӣ (аз 24-ум то 27-уми моҳи ҷорӣ идома кард), анҷом ёфт.

Акнун, ки озмун анҷом шудааст, метавон бафурҷа роҷеъ ба бурду бохт ва дастоварду норасоиҳояш суҳбат кард. Хеле муҳим, ки таҷрибаи аввал ҳосил шуд ва агар хоҳем, ки ин озмуни аз нигоҳи моҳият ва мундариҷа андаке мураккаб ва гуногунсоҳа, мисли озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ”, сол то сол такмилу ривоҷ ёбад, бояд пешниҳоду хулосаҳои лозим дар ҳамин марҳилаи анҷом, яъне дар гармогармиаш ироа шавад. Мо ба таври мухтасар аз вазъияти умумии озмун сухан карда, сипас ба масъалаи такмили озмун хоҳем гузашт.

ЗАРУРАТ ВА АҲАММИЯТИ ОЗМУН

Аз зарурати баргузории ин озмун зиёд гуфтану навиштан нашояд: ҳар сабқате, ки сарфи назар аз муҳтавояш ба қироати китоб ва намоиши дониши мардум дахл дорад, бе шакку шубҳа, зарур аст: шояд то замоне ки барои мардум, чӣ хурду чӣ бузург, чӣ муҳассил ва чӣ муҳоҷир ва ё корманд, хондани китоб ба одати табиӣ табдил наёбад…

Ҳамин ки китобхонӣ ба одати ҳадди ақал ҳаштод дарсади мардум табдил ёфт, шояд зарурати баргузор кардани чунин шакли таваҷҷуҳ ба китоб намонад… Он вақт шаклҳои дигари тарғиби китобу китобхониро дарёфтан лозим мешавад ва бидуни сабқат. Аммо дар замони мо ин тадбир бисёр муҳим ва зарур аст.

Акнун дар бораи аҳаммияти ҳамин озмуне, ки “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” унвон дорад. Тасаввури банда аз осори Сарвари давлат, образнок гӯем, чунин аст: китобхонае мустақил андаруни китобхонаи миллат…

Дари ин китобхонаро во мекуниву ба чандин шуъба ё толор медароӣ: таърихи миллат ва давлат (ҳам таърихи куҳан ва ҳам муосир), шуъбаи забони миллӣ (аз гузаштаи қадим то кунун), шуъба ё толори фарҳанг ва адабиёти миллӣ (ҳама ҷузъҳои фарҳанги миллат ва муаррифии чеҳраҳои маъруфи адабиёти бадеӣ), шуъбаи ҷомеашиносӣ ва сиёсат (ва ҳам масъалаҳои ташаккули давлатдории миллӣ), марҳала ба марҳала ҷамъбаст шудани давраҳои рушду таҳаввули кишвар (махсусан замони истиқлол)…

Асарҳое ҳастанд, ки хосият ва ё хислати фарогир доранд, масалан, китоби “Забони миллат – ҳастии миллат” ё “Тоҷикон дар оинаи таърих” ва ё “Уфуқҳои истиқлол” ё “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ”… Танҳо аз бар кардани дуҷилдаи “Забони миллат – ҳастии миллат” кофист, ки кас бо ҳар хатмкардаи донишкадаи забону адабиёт хони баҳс биорояд…

Ҳамчунин ба ҷойи чанд илмҳои сирф назарии лексика ва сарфу наҳви забон хеле беҳтар аст, ки ҳамин китоб ҳамчун дастури таълимӣ ё китоби дарсӣ истифода шавад. Дар бобати шахсиятшиносӣ китоби “Чеҳраҳои мондагор” (чунонки аз номаш маълум аст) беҳтарин китобест, ки боистӣ китоби рӯйимизии ҳар донишҷӯи факултаҳои гуманитарӣ бошад.

Дар нашри такмилшудаи ин китоб сӣ чеҳра ё шахсияти бузурги илму фарҳанг муаррифии мухтасар, вале шоиста шудаанд, натанҳо аз нигоҳи дарёфти иттилои илмӣ, балки ҳувият ва худшиносӣ низ аҳаммият дорад.

Бо ҳамин равиш метавон аз даҳҳо китоби дигари Сарвари давлат ёдовар шуд ва моҳияти онҳоро таҳлил кард… Суоле ба миён меояд, ки оё хондану фаҳмидан ва донистани ин китобҳо барои насли ҷавон зарур аст? Ва боз дар шакли сабқат ё озмун?

Посух якест: натанҳо зарур аст, балки аҳаммияти илмиву маърифатии фаровоне дорад! Инҳо китобҳое ҳастанд, ки аз маъруфтарин ва муҳимтарин маъхазҳо ва сарчашмаҳои таърихӣ баҳра ёфта, иттилооти собитшудаи ин ё он соҳаи донишро манзури хонанда мекунанд.

Акнун сухан бояд аз он равад, ки чи навъ ин асарҳо мутолиа шаванд. Ин масъала муҳим аст.

Чун панҷ панҷа баробар нест, аз бар кардани ин асарҳо барои ҳама ширкаткунандаҳои озмун яксон нест. Ҷавонон дар фаҳму дарки хеле аз вожаҳои ихтисосии ин ё он соҳа дармемонанд, махсусан мафҳуму истилоҳоти илмӣ. Гумонам, донишҷӯён низ ҳамин вазъро доранд…

Шарти асосии ин озмун, ки аз бар кардани беш аз 90 дарсади асарҳост, мувофиқи матлаб нест. Ин ҳолат ҷавононро водор мекунад, ки аз пайи миқдор шуда, сифатро фаромӯш кунанд… Вагарна чӣ тавр мешавад, ки масалан, фасли “Исмоили Сомонӣ”-ро бихониву аз панҷ сабаби шикасти ин давлати бузург, ки дар ҳамон фасл таҳлил шудааст, бехабар монӣ… Ин гуна мисолҳоро зиёд овардан мумкин, ки ҳоли ҳозир бинобар дароз нашудани матлаб аз ин кор худдорӣ хоҳем кард.

Бигзор на кам аз 10 ё 15 асар бошад, он гоҳ сифати аз бар кардани китобҳои хондашуда хеле беҳтар хоҳад шуд, он гоҳ бо мақсади омодагии ҷиддӣ ҷавонон як китобро дубораву себора фурсати хондан меёбанд ва ҳатто ёддошт ҳам мекунанд.

Мушкили дигар ин аст, ки ҷавонони муҳассили коллеҷу донишгоҳҳо аксарияти асарҳои Сарвари давлатро (махсусан онҳоеро, ки ба таърихи қадим ва асрҳои миёна ихтисос доранд) бидуни кумаки устоди раҳнамо аз бар карда наметавонанд, чун саводу дониш ва ҷаҳонбиниашон кофӣ нест. Зарур аст, ки баъди хондани ҳар бобу фасли китобҳо ҷавонон назди устодони раҳнамо ва кумакрасон сабақгардонӣ кунанд ва дафтари махсуси ёддошти вожаву мафҳумҳои мушкилдаркро дошта бошанд.

ДАСТОВАРДУ МУШКИЛҲО

Муҳимтарин дастовард ҳамин аст, ки озмун, агарчи соли аввал буд, бо шумори зиёди хоҳишмандон гузашт. Танҳо дар гурӯҳи мо 96 кас номнавис шуда буданд, ки аз инҳо 73 довталаб донишу фаҳмиши худро манзур карданд.

Аз ин шумор мо 9 касро пайдо кардем, ки воқеан бо асарҳои Сарвари давлат хеле хуб ошно буданд, андешаҳояшонро озод мегуфтанд, тарзи муносибат бо китобро медонистанд, таҳлилу бардоштҳояшон хуб буд. Хондан як паҳлуи масъала, паҳлуи дигар бо забони фасеҳу баёни зебо гуфта тавонистани мазмуни он хондаҳост…

Натиҷа маълум кард, ки Гулноза Содиқова (аз коллеҷи омӯзгории Қубодиён), Сироҷиддин Маҳмадзода (аз коллеҷи навоваронаи тибби Бохтар), Холисамоҳи Ҷумъахон (аз коллеҷи саросарии тиб), Адиба Бегова (аз коллеҷи саросарии тиб), аз гурӯҳи севуми доварон – Эркамоҳ Насриддинова ва Мутриба Наҷмиддинзода (ҳарду аз коллеҷи тибби Ваҳдат), Карашмаи Нангилой ва Эҳсон Сайдалиев аз хондани асарҳои Сарвари давлат хеле баҳраҳо бардоштаанд… Аз инҳо Гулнисо, Эркамоҳ, Мутриба ва Сироҷиддин сазовори чаҳор ҷойи аввал шуданд.

Акнун дар бораи проблемаҳо. Аввалан, бидуни омодагӣ омадани аксарияти довталабон ба озмун… Ду тарзи омодагиро мушоҳида кардем, ки баъди ин мушоҳидаҳо низомномаи озмунро тағйир додан ба мақсад мувофиқ аст: як қисмате танҳо аз рӯйи суолнома тайёрӣ дидаанд, гурӯҳи дувум худи асарҳоро хондаанд. Ин гуна рафтор гоҳе дарҳам-барҳамиро дар ҷараёни озмун ба вуҷуд овард, зеро унвони озмун “Хонандаи беҳтарини асарҳо” муайян шудааст.

Яъне, аз рӯйи мантиқ довталаб бояд, пеш аз ҳама, асарҳоро хонда бошад ва сипас тибқи суолнома, аз ҳамон китобҳои хондашуда посух ҷустуҷӯ кунад… Агар танҳо посух ҷустан ба суолнома бошад, пас ин озмун не, балки мисли викторина ё сабқати дигар мешавад.

Мушкили дигар ширкат накардани бархе довталабон дар даври аввал ва якбора ба даври ниҳоии саросарӣ омадани онҳо буд. Бо ҳамин сабаб 6 кас пурсида нашуданд, зеро низомномаи озмун (банди 4) ба ин кор иҷоза намедод…

Масъалаи дигар на комилан, балки қисман хондани асарҳо аз ҷониби довталабон буд. Зиёд довталабоне буданд, ки ҳатто як асарро дар шакли пурра (аз ибтидо то интиҳо, аз муқаддима то хулоса) нахондаанд… Ҳатто дар номбар кардани ҳамон фаслу бобҳои гӯё хондашуда “азият” мекашиданд…

Проблемаи дигар хеле дер огаҳӣ ёфтани довталабон аз озмун ва вақти кофӣ надоштанашон барои хондан мебошад… Ва боз роҳбару раҳнамо надоштанашон…

ПЕШНИҲОДҲО БАРОИ ТАКМИЛИ ОЗМУН

I. Аввалин иқдоме, ки бояд карда шавад, тағйир додан ва мукаммал кардани низомнома аст. Махсусан дар масъалаи ҳаққи ширкат дар озмун аз ҳама қишрҳои ҷомеа, таъйин кардани миқдори асарҳои Сарвари давлат (ба андешаи мо, на кам аз 20 асар, агар хоҳем, ки сифати озмун хуб бошад), барҳам додани суолнома, ки довталабонро ба раҳгумӣ мебарад ва монеи баёни андешаи озоди худӣ мешавад (фаразан, устоде ё мутахассисе аз рӯйи суолнома ёддошт тайёр мекунад ва дигарон онро қориазёд мекунанд, ки манфиате барои натиҷаи озмун нахоҳад дошт).

II. Дар се марҳала баргузор кардани озмун: даври аввал (дар маҳалли кор, таҳсил ва барои бознишастаҳо – ҷамоат ё ҳукумати ноҳияву шаҳр): даври мобайнӣ ё минтақаӣ (айнан мисли озмуни “Фурӯғ”) ва ниҳоят – марҳалаи саросарӣ.

III. Ташкили озмун дар пайванд ба мавзуоти мубрами асарҳои Сарвари давлат ва саҳми Пешвои миллат дар бунёди давлатдории навин. Пешниҳод мешавад, ки мисли озмуни “Фурӯғ” шуъбаҳо ё гурӯҳҳои алоҳида барои довталабон таъсис шаванд. Ба фарзи мисол:
а) гурӯҳ ё шуъбаи таърих (дар навбати худ таърихро ба ду қисм: таърихи куҳан ва таърихи баъди истиқлол ҷудо кардан муфид аст);
б) забону адабиёт ва фарҳанги миллӣ;
в) ҷомеашиносӣ ва сиёсат;
г) мардумшиносӣ;
д) нақш ё рисолати Сарвари давлат дар эҳёи давлати миллӣ.

IV. Дар озмун 5 гурӯҳ ё намояндагони 5 қишри ҷомеа ҳаққи ширкат дошта бошанд:
а) хонандагони мактабҳои миёна (танҳо синфҳои 10-11);
б) коллеҷҳо ва мактабҳои олӣ (ин ду гурӯҳро аз ҳам ҷудо кардан нашояд);
в) кормандони илму фарҳанг ва ходимони ҷамъиятӣ;
г) кормандоне, ки дар сохторҳо ва муассисаҳои идораи давлатӣ фаъолият мекунанд (ходимони давлатӣ);
д) бознишастаҳо (меҳтарони кору заҳмат, шахсиятҳое, ки баъди бознишастагӣ дар куҷо истифода кардани зарфияти донишу таҷрибаашонро намедонанд);
е) устодону муаллимони мактабҳои олӣ ва коллеҷҳо, олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Инҳо дар баробари он ки аз хондаҳои худ як навъ ҳисобот медиҳанд, бояд сари мавзуъҳои баҳсбарангези як идда илмҳои гуманитарӣ идеяҳои худашонро пешниҳод кунанд, то ки нафъе барои пешрафти илму маърифат шавад…

Озмун бояд барои ҳамин қишри ҷомеа майдон ё фазои бисёр мусоиди баррасии идеяҳои нав шавад, зеро таҷриба нишон медиҳад, ки шакли ҳамоишу семинару мизҳои гирд чандон натиҷа надоранд, зеро вақт бисёр маҳдуд аст, масалан, дар 10 ё 15 дақиқа чӣ тавр мешавад, ки дар мавзуоти мубрами миллӣ сухан кунӣ, даҳанатро зуд мебанданд ва хулосаатро ногуфта мешинӣ… Баъд мегӯянд, навиштаатро чоп кун, чоп, ки шуд, фаромӯш мешавад, ки он навиштаро баҳсу муҳокимаву баррасӣ мебояд… Бо ҳамин тамом…

V. Барои кумаки методӣ ё усулӣ расонидан ба он шуъба ё гурӯҳҳое, ки мо дар боло тасниф кардем (таърих, забону адабиёт ва фарҳанги миллӣ, ҷомеашиносӣ ва сиёсат, мардумшиносӣ ва нақш ё рисолати Сарвари давлат дар эҳёи давлати миллӣ) як ҳайати мардону занони донишмандро таъйин кардан лозим аст, ки аз тамоми осори батабърасида барои ҳар шуъба ё гурӯҳ феҳрастҳо созанд ва ҳамин феҳрастҳоро дар низомнома ҷо кунанд…

VI. Ниҳоят, номи озмун андаке дароз аст ва агар “Дониш талабу бузургӣ омӯз” ва дар қавсайн “Мутолиаи асарҳои Пешвои миллат” навишта шавад, ҳам зебо мешавад ва ҳам аз ҳар ҷиҳат пурмаъно…

Ҳафиз  Раҳмон

Дигар хабарҳо