Ёдбуди нависанда Абдураҳмон Расулӣ дар ИНТ

 Ёдбуди нависанда Абдураҳмон Расулӣ дар ИНТ

Рӯзи 10-уми октябр дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили ёд­буди адиби публитсист Аб­дурраҳмон Расулӣ баргузор гардид.

Дар ин маҳфил шоирону нависандагон, ёру дӯстон ва алоқамандони адаб гирд омада, дар бораи шахсият ва корномаи Абдураҳмон Расулӣ сухан гуфтанд.

Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа дар иб­тидо перомуни фаъолияти адабиву рӯз­номанигории марҳум сухан гуфта, ӯро нависандаи хушқаламу пуркор номид.

Дар маърӯзаи доктори илмҳои фило­логия Мисбоҳиддини Нарзиқул муҳим­тарин вижагиҳои осори Абдураҳмон Расулӣ ва ҷойгоҳи ӯ дар насри имрӯзи тоҷик таҳлилу баррасӣ гардид.

Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода, адибон Ато Ҳамдам, Мансур Суруш, Туҳфа Расулӣ ва дигарон дар бораи паҳлуҳои гуногуни фаъолияти рӯзно­манигориву адабии шодравон изҳори назар карданд.

Таъкид гардид, ки номбурда фаъо­лияти эҷодии худро ҳамчун рӯзномани­гор оғоз карда, сипас ба нависандагӣ рӯ оварда, ба кори тарҷумонӣ низ даст задааст.

Дар баробари ин зикр шуд, ки Рас­улӣ бештар ба эҷоди ҳикояву очерк ва қиссаҳои мустанад машғул буд ва асарҳояш дорои аҳамияти таърихӣ ва публисистӣ мебошанд.

Ҳамзамон дар ин маҳфил меҳрно­маи “Суҳбатҳои таги тут”, ки фарогири ёддошту мақолаҳои дӯстону ҳамкорони Абдураҳмон Расулӣ аст, муаррифӣ шуд.

Бояд гуфт, ки Абдураҳмон Расулӣ узви Иттифоқҳои нависандагон ва жур­налистон буда, соҳиби Ҷоизаи давлатии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мебошад.

Дигар хабарҳо