Сӯгворӣ. Ҳасан Асоев

 Сӯгворӣ. Ҳасан Асоев

Чанде пеш нависандаи публитсист, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ҳасан Асоев дар 60-солагӣ чашм аз ҷаҳон пӯшид.

Ҳасан Асоев 20 майи соли 1964 дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадонӣ ба дунё омада, мактаби миёнаи №7-и деҳа (1981) ва факултаи биология ва химияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Садриддин Айниро (1987) ба поён расонд. Чандин сол омӯзгори фанни биология ва хи­мияи мактаби миёнаи №25-и зодгоҳаш буд. Сипас ҳамчун лаборанти калони лабораторияи физиологияи пахтаи шуъбаи генетикаи пах­таи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1989), ходими хурди илмӣ, муовини сардори Раёсати назорати ҳифзи табиат, мудири шуъ­баи мамнуъгоҳ ва парваришгоҳи Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотӣ ва ҷустуҷӯйи хоҷагии ҷангал (1998-2000), устоди Донишкадаи соҳибкорӣ (2000-2016), мудири шуъбаи таълими Акаде­мияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон (2016-2019), коршиноси масоили экологии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президен­ти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кард. Дар солҳои охири умр чун коршиноси мустақили экология фаъолият дошт.

Шодравон аз ҷумлаи қаламкашони нодире буд, ки дар бораи масъалаҳои гуногуни табиат ва муҳити зист мақолаҳо ва очеркҳо менавишт ва навиштаҳояш дар матбуот, аз ҷумла дар на­шрияҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пайваста интишор меёфтанд.

Китобҳои илмиву публитсистии «Гунбази намаки Хоҷамуъмин» (1994), «Вазъи экологии шаҳри Душанбе» (1995), «Масъалаҳои муҳим­тарини экологияи муосир» (1997), «Мамнуъ­гоҳҳои Тоҷикистон: тавсифи умумӣ ва вазъи экологӣ» (1999), “Баъзе масъалаҳои экологии Тоҷикистон” (2000), “Масъалаҳои муосири мамнуъгоҳҳои Тоҷикистон” (2002), “Парвариш­гоҳи Сари Хосор” (2002), «Экотуризми Сари Хосор: муаммо, мушкилот ва дурнамои он» (2013), «Роғун– машъалафрӯзи минтақа» (ҷилди 1, 2018), «НБО-и «Роғун»– кафолати рушди усту­вори минтақа» (ҷилди 2, 2019), «НБО-и «Роғун» намунае аз иқтисоди сабзи минтақа (ҷилди 3, 2020) ба қалами Ҳасан Асоев тааллуқ доранд ва гувоҳи пуркории ӯ мебошанд.

Марҳум Аълочии матбуот, Аълочии мао­риф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва аз соли 2019 дар сафи аъзои Иттифоқи нависан­дагони Тоҷикистон қарор дошт.

Ёду номаш ҳамеша гиромӣ бод!

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо