Посдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар ИНТ
Ҳаводорони ирфону ахлоқ аз Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Афғонистон ба хотири посдошти муаллими башар – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ рӯзи 27-уми сентябр дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи ИНТ ба ҳам омаданд.
Гардонандаи маҳфили адабиву фарҳангӣ Абдуллоҳи Раҳнамо дар расми ифтитоҳи ин маҳфил гуфт, аслан Мавлоно ниёз ба рӯзи хос надорад. Аммо, ба гуфтаи ӯ, таъсис додани як рӯзи вижа барои Мавлоно ба хотири он аст, ки ҷойгоҳу рисолати ӯро дигарбора зикр карда, андешаи ӯро дарёбем ва худро дар ойинаи вай бинему хешро бисозем.
Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагон ҷойгоҳи шахсияти Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро дар инсонсозӣ муҳим арзёбӣ карда, дар ин замина гуфт: “Мавлоно шахсест, ки на побанди дину қавм аст, балки вобастаи инсонгариву башардӯстист”.
Беҳрӯзи Забеҳуллоҳ, пажуҳишгар ва шоир зимни суханронӣ мақоми Ҷалолуддини Балхӣ дар тамаддуни имрӯзи башарро бозгӯйӣ кард.
Ӯ изҳори таассуф кард, ки осори Мавлоноро ҳанӯз аз нигоҳи ҷомеъшиносӣ, сиёсатшиносӣ ва равоншиносӣ зиёд таҳқиқ накардаанд.
– Ҳатто аз андешаҳову назарияҳои ӯ дар заминаи дунёсозӣ, ки барои мо пешниҳод кардааст, баҳра набурдем, – афзуд ин пажуҳишгар.
Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор зимни суханронияш дар бораи Мавлоно ва робитааш бо Шамси Табрезӣ чунин гуфт: “Вақте ки Шамс гум мешавад, Мавлоноро худашро гум мекунад. Агар як ангушт зери дар монад, чӣ қадр дард мекашем. Ангушти ақли Мавлоно таги дард монд. Агар худ ба худ гап мезад, ӯро девона мегуфтанд”, – гуфт вай. Гулрухсор андешаашро бо қироати шеъраш хулоса кард:
Бо камолу бо ҷалолу бо ҷамол
Шамс Мавлоност, Мавлоност Шамс!
Дар идома Ҷаъфар Муҳаммад, шоир ва пажуҳишгар аз Ӯзбекистон аз таърихчаи ошноии хеш бо шахсият ва осори Мавлоно қисса кард. Ӯ ҳамчунин аз назокати таҷрибаи вироиш ва муқобалаи тарҷумаи “Маснавии маънавӣ” ба забони ӯзбекӣ, ки 3 сол бар дӯш дошт, ёдовар шуд.
Дар баробари ин профессор Парвона Ҷамшед аз тарҷума шудани асари “Сирри Румӣ” ба қалами нависандаи амрикоӣ Ред Гуч хабар дода, аҳамияти ин китобро дар тарғиби афкори инсонсозии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ муассир арзёбӣ кард.
Дар ҳамин ҳол Ҳасани Султон, узви вобастаи АМИ осори Мавлоноро дар нигаҳдошти асолати забони форсии тоҷикӣ муҳим хонд.
Дар зимн адибони афғонистонӣ Шамсулҳақи Ориёнфар ва Муҳсини Салҷуқӣ дар бораи шахсият ва корномаи Мавлоно сухан гуфтанд.
Дар бахши дигари маҳфил Шоири халқии Тоҷикистон Хайрандеш аз ашъори худ шеър қироат кард.
Ҳамчунин Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Ибодуллоҳи Машраб ва Ортиқ Қодир, мақомхон Хуршедҷон Иброҳимзода, овозхон Хурсандмурод Зарифов ва Бахтиёр Раҳмониён таронаҳои марбут ба ашъори Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро иҷро намуданд.