Шеърро бояд дуруст овард
Дар миёни тоҷикон мақоли машҳурест: илм дар кӯдакӣ нақш бар санг аст. Аз ин рӯ, китобҳои дарсӣ, хусусан китобҳо барои синфҳои ибтидоӣ, дар тарбияи кӯдакону наврасон нақши бисёр амиқу муассир доранд. Пойдевори дониши хонандагон китобҳои дарсӣ ба ҳисоб мераванд. Рушду нумӯи маориф ва баланд бардоштани сатҳи савод ба китобҳои дарсӣ вобаста аст. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоте, ки дар Рӯзи дониш бо кормандони соҳаи маориф баргузор гардид, ба ин нукта таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, чунин гуфтанд: «Барои расидан ба ҳадафи беҳтар намудани сифати таҳсилот, дар навбати аввал, баланд бардоштани сатҳи касбияти кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсии мутобиқ ба талаботи меъёрӣ, инчунин, таъминот бо имкониятҳои таълимиву методӣ, аз ҷумла таҷҳизоти озмоишгоҳӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва мунтазам гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ зарур аст».
Мутаассифона, на ҳама китобҳои дарсӣ ба талаботу меъёр ҷавобгӯянд. Бо вуҷуди мавриди нақду баррасӣ қарор гирифтан, дар баъзе аз китобҳои дарсӣ камбуду нуқсонҳо то кунун рафъ нагардидаанд ва ин масъала доғ шудааст.
Таҳқиқи масъала маълум намуд, ки бетаваҷҷуҳиву саҳлангории бархе муаллифон боиси роҳ ёфтани хатоҳо ба китобҳои дарсӣ гардидаанд. Вақте ки китоби дарсӣ аз норасоӣ орӣ нест, мо чӣ гуна аз хонандагон дониш талаб мекунем? Бо ин роҳ маълумоти носаҳеҳро дар зеҳни хонандагон ҷой медиҳем, ки дар оянда онҳоро ба мушкилот мувоҷеҳ месозад. Ба ибораи дигар, метавон гуфт, ки пойдевори маориф китобҳои дарсиянд. Нахуст бояд ин пойдеворро мустаҳкам намуд. Чуноне ки Президенти кишвар зикр намуданд: «…Ба таҳияи китобҳои дарсӣ, адабиёт ва маводи таълимӣ низ бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ дода шавад, зеро дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ норасоии онҳо ташвишовар мебошад».
Мо дар ин матлаб муруре намудем ба шеърҳои бачагонае, ки дар китобҳои дарсии «Забони модарӣ» дарҷ гардидаанд. Муаллифон дар интихоби шеър то андозае муваффақ шудаанд ва тавонистаанд, ки шеърҳои хубро манзури хонандагон гардонанд, гарчанде ки шеърҳои хубтар аз инҳо барои бачаҳо зиёданд, ки аз назар дур мондаанд. Ба ибораи дигар, боз ҳам метавон шеърҳои хубтареро ҷогузини баъзе аз ин шеърҳо намуд.
Таҳқиқ ва омӯзиши китобҳои дарсӣ маълум намуд, ки баъзе аз муаллифон ба саҳлангорӣ роҳ дода, шеърҳоро гоҳо ғалат овардаанд, ки хонандаро ба кӯчаи сарбаста мебарад. Метавон аз китоби «Забони модарӣ, синфи 2» шеъри «Ватан»-и Ашӯр Сафарро мисол овард:
Нури Ватанам офтоби тобони ман аст,
Меҳри Ватанам дар дили ҷӯшони ман аст.
Мисраи аввал дар ин байт ғалат сабт гардидааст, ки боиси вайрон гардидани вазн ва мантиқи шеър шудааст. Дар вақти хондани шеър душворӣ пеш меояд. Муаллифони китоби дарсӣ ба ҷои «Нури ватан» «Нури ватанам» навиштаанд, ки бандакҷонишин «ам» ин ҷо зиёдатист. Дар асл чунин аст:
Нури Ватан офтоби тобони ман аст,
Меҳри Ватанам дар дили ҷӯшони ман аст.
Шеъри «Китоб» аз Нуъмон Розиқ дар «Забони модарӣ, синфи 3» бо иштибоҳ сабт шудааст:
Бар ман сабақ додӣ, китоб,
Гул дар табақ додӣ, китоб.
Орзуи ширини маро
Аз ҳар варақ додӣ, китоб …
Чун ҷон азиз донам туро,
Аз каф намемонам туро…
Дар мисраи саввум – «Орзуи ширини маро» вазн халал ёфтааст. Чунин ғалат ва таҳрифкорӣ дар мисраи панҷум – «Чун ҷон азиз донам туро» низ бармало дида мешавад. Ҳангоми муқоиса маълум гардид, ки ин шеър дар китоби дарсӣ дигаргуна ва дар китоби Нӯъмон Розиқ – «Чилчашма дар Чорчинор» ба гунаи дигар сабт шудааст. Нусхаи асл чунин аст:
Бар ман сабақ додӣ, китоб,
Гул дар табақ додӣ, китоб.
Ту орзуҳои маро
Аз ҳар варақ додӣ, китоб.
Ман мисли ҷон донам туро,
Рӯҳу равон донам туро…
Шеъри «Парасту» аз Анварбеки Абӯнаср дар «Забони модарӣ синфи 3» ба гунаи носаҳеҳ омадааст:
– Дар мулки мо мемонӣ,
Ё омадӣ ба меҳмонӣ?
Дар мисраи дуввум як калима изофа шудааст, ки боиси вайронии вазн гардидааст. Дар ин ҷо «ба» зиёдатист. Ин байт дар китоби Анварбеки Абӯнаср «Гулғунчаи баҳор» чунин сабт шудааст:
Дар мулки мо мемонӣ,
Ё омадӣ меҳмонӣ?
Ҳақ ба ҷониби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст: «Тибқи маълумот, аз 203 номгӯйи китоби ташхисшуда 82 номгӯйи онҳо то имрӯз ислоҳ ва бознашр нашудааст».
«Дар мавсими тобистон» яке аз шеърҳои маъруфи Убайд Раҷаб аст, ки аксаран азёд медонанд. Ин шеър, ки дар «Забони модарӣ» барои синфи 1 дарҷ гардидааст, чунин оғоз меёбад:
– Мӯрча, эй мӯрча,
Майдаяки зӯрча,
Аз саҳар зери борӣ?
Чизе бо худ меорӣ?
– Аз пайи як-ду дона
Дона барам ба хона.
Мисраи панҷум – «Аз пая як-ду дона» сабт шудааст, аммо дар китоби дарсӣ ба ҷои «пая» «пайи» омадааст. Дар «Олуча – гули бодом…»-и Убайд Раҷаб, инчунин дар «Тазкираи адабиёти бачаҳо» ин гуна сабт шудааст:
…– Аз пая як-ду дона
Дона барам ба хона.
Ҳангоми интихоби шеърҳои бачагона бояд аз китоби тасҳеҳшуда ва ё китоби тозаи шоир истифода бурд, зеро аксаран дар нашри нав шеърҳо бо таҳрири дигар манзури алоқамандон мегарданд.
Барои бартараф намудани нуқсонҳо олимони соҳа, аҳли адаб, устодони ботаҷрибаро зарур аст, ки ҳар чи бештар дар бораи китобҳои дарсӣ ва ҳусну қубҳи он бинависанд. Шеърҳои сусту заиф ва ноқис набояд ба китоб роҳ ёбанд. Зеҳни кӯдак аз ибтидо бояд бо шеърҳои дурусту солим ва хушмазмун шакл гирад.
Мо ба таври иҷмолӣ ба китобҳои «Забони модарӣ» (аз синфи 1 то 4) руҷуъ кардем ва ин хатоҳо ба чашмамон расиданд. Дар дигар китобҳои забони тоҷикӣ ва адабиёти тоҷик низ чунин хатоҳо ҳастанд, ки дар фурсати муносиб ба баррасии онҳо мепардозем.
Насимбек Қурбонзода, «АС»