Сухан аз тарзу равишҳои нақд
17 сентябр дар Иттифоқи нависандагон нишасти илмиву адабӣ дар мавзуи «Нигоҳе ба тарзу равишҳои нақди адабии имрӯз» баргузор гардид.
Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа зимни ифтитоҳи маҳфил иброз дошт, ки нақди адабии имрӯзи мо ба дигаргунии ҷиддӣ ва куллӣ ниёз дорад.
– Бисёр асарҳои тозаи адибонамон аз назар дур мемонанд ва заъфу қувваташон, чунонки бояд, баррасӣ намешаванд. Мо имрӯз хостем, ки ба тарзу шеваҳои нақди адабиямон назар андозем ва ба ин васила ба фаъолияти бештари он мусоидат намоем, – гуфт Ато Мирхоҷа.
Дар атрофи мавзуи мавриди назар доктори илмҳои филология Мисбоҳиддини Нарзиқул маърӯзаи фарогиру амиқ ироа намуд ва аз ҷумла, дар бораи пешинаи равишҳои нақди адабӣ дар Ғарбу Шарқ ва дигар масъалаҳои марбут ба он ба таври васеъ ибрози назар кард.
Дар бораи маърӯза ва умуман, тарзу равишҳои нақди адабӣ адабиётшиносон ва адибони шинохта Рустам Ваҳҳобзода, Шодимуҳаммад Сӯфизода, Абдулҳамид Самад, Абдураҳмон Абдуманнон ва дигарон андешаҳояшонро изҳор намуданд.