Эътои Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба устодони ҳунар
Имрӯз дар маҷлисгоҳи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маросими супоридани унвони давлатӣ ва Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода зимни ироаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин масъала ба 7 нафар Ҳайати ҳунарии филми «Роҳ», муаллифи филмнома Сафар Ҳақдод, оҳангсоз Далер Назаров, наворбардор Гергий Дзалаев, иҷрокунандагони нақшҳои асосӣ Зулфия Содиқова, Нисо Муҳаммадҷонова, Мавлона Наҷмиддинова ва Абдукарим Машрабов Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро эъто намуд.
Қаблан коргардони филми мазкур Носир Саид ҳам аз дасти Президенти кишвар ҷоизаро гирифта буд.
Ҳамчунин, шоир ва мунаққид, мудири бахши нақди адабӣ ва адабиётшиносии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Муҳриддин Сабурӣ соҳиби медали «Хизмати шоиста» гардид.