«Фалак» дар Фестивали байналмилалии «Таронаҳои Шарқ»
Аз 26 то 30 август дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ўзбекистон Фестивали ХIII-уми байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» баргузор мегардад.
Дар фестивал беш аз 300 намоянда аз 70 давлати ҷаҳон иштирок мекунад. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунармандони Ансамбли давлатии «Фалак»-и назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фотима Машрабова, Шоҳин Абдуллоев ва чор мутриб мусиқии суннатии тоҷикро дар ин фестивал муаррифӣ менамоянд.
Дар назар аст, ки дар доираи фестивал дар мавзуи «Фарҳанги мусиқии халкҳои Шарқ: асосҳои ҳамоҳангии эҷодӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ» конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ доир гардад.
Ҳадафи ин фестивал муаррифӣ ва эҳёи мусиқии суннатии халқу миллатҳои гуногун мебошад. Фестивал дар ду сол як маротиба дар Ҷумҳурии Ўзбекистон доир мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ин Фестивали байналмилалии мусиқӣ соли 1997 бо ташаббуси Созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ўзбекистон таъсис ёфт ва марказаш дар Кореяи Ҷанубӣ ҷойгир аст.