Номаи шодбошии ИНТ ба Кароматулло Олимзода
Муҳтарам Кароматулло Олимзода!
Шумо аз зумраи касоне ҳастед, ки дар даврони сахту сангин, фақру нодорӣ ва ғами ҷону нон, ки ҷангу пархошҷӯйиҳои фашизм бар сари халқи мо ва дигар ақвом оварда буд, 27 июли соли 1944 ба дунё омадед. Халқи заҳматкашу кишоварзи Истаравшан ризқи Шумо ва дигар атфоли ҳамқисмататонро дар замин ҷуст. Шумо дар ҳамон шароити сахт ба камол расидед, илму маърифатро асли раҳоӣ аз бунбаст донистед, бо ҳамин мақсад мактабро аъло хондеду равонаи донишгоҳ шудед. Соли 1964 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардед ва ин як қадами устувор дар роҳи ормонҳои бузургатон буд. Солҳои гуногун дар вазифаҳои ходими илмӣ (1969), мудири сектори таърихи фалсафаи Институти фалсафаи ИН ҶТ (1986), мушовири КМ ҲКТ (1990), мудири кафедраи фалсафаи АИ ҶТ (1991), узви Комиссияи оштии миллии ҷумҳурӣ (1997), вакили Парлумон (2000), Вазири фарҳанг (2001), мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа (2004), директори Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ (2008), ноиби Президент – мудири Шуъбаи фанҳои ҷамъиятшиносии АИ ҶТ (2010) пурсамар фаъолият доштед, бо хусусиятҳои хоси кордониву роҳбарӣ ва хисоли ҳамидаи инснӣ ҳамчун шахсияти барӯманд дар ҷомеа шинохта шудед ва маҳбубият ёфтед.
Дар баробари хидмат намудан ба миллату давлат ҳамчун ходими намоёни ҷамъиятӣ, ҳаводорони илму адабро аз донишу ҷаҳонбинии андӯхтаатон бенасиб нагузоштед. Паҳлуҳои мухталифи ҷаҳонбинии Саноӣ, Ансорӣ, Абусаиди Абулхайрро ба таври амиқ таҳқиқ намуда, ҳикмати Сино, Берунӣ, Ҷомӣ, Камол, Бедил ва дигаронро омӯхта, бозкушоӣ кардед ва перомуни аҳаммияту таъсири осори онҳо ба фалсафаи ҷаҳонӣ китобу мақолаҳои арзишманд ба табъ расондед. Асарҳое чун «Философские и социально-этические взгляды Санои» (1970), «Мировозрение Санои» (1973), «Ҷаҳонбинии Абдуллоҳи Ансорӣ» (1988), «Хорасанский суфизм» (1994), «Хорасанский суфизм: Опыт историко-философского исследования» (1994), «Бисёрҳизбӣ ва ҷомеаи демократӣ» (1995), «Баррасиҳо дар тасаввуф» (1999) ва ғайра намунаҳои дурахшоне аз осори илмиятон ба шумор мераванд.
Дар баробари ин, асарҳои Ибни Сино – «Азҳавия»-ро аз тоҷикӣ ба русӣ ва «Ишорот ва танбеҳот»-ро аз арабӣ ба тоҷикӣ баргардонидаед, ки кори хеле пураҳаммият аст. Ҳамунин, бо заҳмати Шумо «Осори мунтахаб», «Ҳадиқат-ул -ҳақиқа» ва «Мунтахаби осор»-и Саноӣ ба дасти хонандагони тоҷик расидаанд. Дар таҳия ва нашри «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ низ ширкаи варзидаед, ки кори хеле муҳим мебошад.
Хонандагон Шуморо ҳамчун шоир низ мешиносанд ва шеърҳои хубатонро аз маҷмуаҳои алоҳида ва нашрияҳои адабӣ мутолиа кардаанд. Дар эҷоди асарҳои саҳнавӣ ҳам маҳорататон зоҳир шудааст, ки либреттои операи «Шайхурраис» аз рӯи асари Беҳбудӣ намунае аз онҳост.
Заҳматҳои фаровонатон дар ҷодаи илму адабиёт ва пешрафти фарҳанг бо унвонҳои пурифтихори узви вобастаи АИ ҶТ, Арбоби илм ва техникаи ҶТ, Орденҳои «Нишони фахрӣ», «Шараф» дараҷаи I ва дигар мукофотҳо қадрдонӣ шудаанд. Ҷашни 80-солагиро фархундабод гуфта, ба Шумо саломатии бардавом ва саодати мустадом таманно мекунем.