Шукрона Сайидвализода. Шеърҳо

Шукрона хонандаи мактаби №8 ба номи устод Бозор Собири пойтахт аст. Соли гу­зашта дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар номинаи эҷоди назм байни хонандагони мактабҳои миёна соҳиби мақоми аввал гардид. Аз дастаи шеърҳои ба идораи рӯзнома фиристодааш пайдост, ки табъу қареҳаи хуб дорад ва аз ашъори гуза­штагону муосирон огоҳ аст. Барои сайқал додани маҳорати худ ва омӯхтани назокатҳои каломи бадеъ пайваста талош дорад. Умед аст, ки оянда дар сурати омӯзишу заҳмати бештар тавфиқ ёраш хоҳад буд. Бо ин умед чанд навиштаи ӯро пешкаши хонандагони ги­ромӣ мекунем.

Сабки борон

Ҳарчанд ки ҷустам аз ту то субҳ нишон,
Он ёфт нашуд ба ҳеҷ байт аз девон.
Аз сафҳаи дил шеъри ғаматро чун шуст,
Ин субҳ шудам ошиқи сабки борон.

***

“Дар дилам ҷост”-ро намешунавем,
“Ишқ зебост”-ро намешунавем.
То ба ҳадде дурӯғ маъмулист,
Ки гапи ростро намешунавем.
Оҳ аз дасти бухлу кину ҳасад,
Ки “Худо хост”-ро намешунавем.
Чашм аз ҷурми хеш мепӯшем,
“Айб аз мост”-ро намешунавем.
Пасттар ҳарф зан, дар ин кӯча
“Ишқ зебост”-ро намешунавем.

***

Ӯ аз табори шед буд, аз настаран мегуфт,
Бо лаҳни хоси хештан “зебои ман” мегуфт.
Ҳар ҳарф пур аз меҳр буд ӯро, вале чашмаш
Бисёртар аз қиссаи ошиқ шудан мегуфт.
Гуфтам, ки пеши дигаре ҳаргиз магӯ аз ишқ,
“Ин қалб ҳам моли ту бошад комилан” мегуфт.
То вазнро аз қадди мавзунаш биомӯзам,
Бо он баландӣ хоксорона сухан мегуфт.
Тасвир кардан табъи хосашро ба зебоӣ
Лозим набуд, аз сабки ӯ худ пираҳан мегуфт.
Шояд, ки аз хотир равад рӯзе, вале дар ёд
Монад, ки бо нармӣ чӣ сон “зебои ман “ мегуфт.

Дигар хабарҳо