Аҷиб Ҷамол. Воизон (шеърҳо)

Аҷиб Ҷамол­ро шоири ҷавони муваффақ мешу­морам. Шеъраш шарораи балоғат дорад. Пайдост, ки нависандаи он барои сайқал додани табъи худ пайваста мекӯшад. Анде­шаи равшан ва эҳсоси озодма­нишиву ҷасорат дар шеъраш мавҷ мезанад. Аҷиб бо матонату соҳи­биродагӣ хуро­фот, ифротгароӣ, зоҳирпарастии мазҳабӣ ва тангназариву ҷаҳолатро маҳкум ва ҷаҳду талош барои созандагиву бунёдкориро ситоиш менамояд.

Ӯ соли 1990 дар водии Хуфи ноҳияи Рӯшон ба дунё омадааст. Дар мавзеи дурдасти кӯҳистоние, ки бо асари мондагори шарқшиноси маъруфи рус Михаил Степанович Андреев – «Тоҷикони водии Хуф» дар ҷаҳон шуҳрат ёфтааст.

Аҷиб соли 2013 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон­ро дар бахши муносибатҳои байналхалқӣ ба ҳайси тарҷумон поён оварда, муддате дар Маркази англисидонони Тоҷикистон ва баъдан дар ширкатҳои мухталифи бумиву хориҷӣ кор кардааст.

Ҳоло дар Русия ба сар бурда, муассиси академияи забономӯзии TASMIM ENGLISH ACADEMY мебошад. Дар ин таълимгоҳ тарҷумонӣ мекунад ва забонҳои англисӣ ва форсӣ-тоҷикиро дарс медиҳад.

Мо намунае аз эҷодиёти ин қаламкаши ҷавонро ба хонандагон пешкаш намуда, итминон дорем, ки Аҷиб Ҷамол бо ашъори аҷиби худ шеъри моро ҷамоли дигар хоҳад бахшид.

Ато Мирхоҷа

                      ВОИЗОН

Як зумра ваъзгӯён ишратпарасти томанд,
Худпарваранду худбин, ҷӯяндагони номанд.
Аз роҳи ҳақ гурезон, дунболи фисқу фаҳшанд,
Ғофил зи дину тақво нодону нотамоманд.
Гӯё ки сулҳ бошад матлубашон, вале ҳайф,
Барномарези ҷангу ҷанҷоли издиҳоманд.
Аз ҳарфашон наояд ҷуз бӯйи кину нафрат,
Ҳамвора аз қафои қасданду интиқоманд.
Гоҳе мубаллиғи дин, гоҳ аз пайи сиёсат,
Донад Худо, ки эшон дилбастаи кадоманд?!
Мафтуни роҳи ҳақ не, мафтуни ҷоҳу моланд,
Дар ҳирс ғӯта хурда, бар нафси худ ғуломанд.
Мақсудашон зи мазҳаб пул асту молу мансаб,
Ҳарчанд агар ба зоҳир дар хидмати имоманд.
Аз илмашон, Аҷибо, гар фош ҳарф гӯям,
Дар илм норасида чун ғӯра туршу хоманд.

МАЪБАДИ МУҚАДДАС

Нахустмактаби ман! Саҷдагоҳу маъбади ман!
Ту остони нахустини илму хат ҳастӣ!
Барои мардуми соҳибтафаккури Помир
Чу гоҳвораи заррини маърифат ҳастӣ.

Чаҳор бурҷи ту, эй маъбади муқаддаси ман,
Чаҳор дояи айёми кӯдакии мананд.
Тамоми панҷ сутуни шигифту мармузат
Фариштагони нигаҳбони зиндагии мананд.

Зи авҷи шуълаи оташгаҳи ту бигрифтам
Раҳи садоқату эҳсону меҳру гармдилӣ.
Фазову арсаи байни чаҳор деворат
Сарои амниятам буд дар дами тифлӣ.

Зи тобу равшании рахнаҳои равзанаат
Дамид дар дили ман нури равшанандешӣ.
Шукӯҳу манзалату бузургии таърихат
Ниҳод дар дили ман пояи хушандешӣ.

 Чу дар канори ту ҳар фард тарбият ёбад,
Ҳамеша нақши ту дар равнақи  ҳаёташ ҳаст.
В-агар калому нукоти Аҷиб шуд машҳур,
Каромату баракоти ту дар нукоташ ҳаст!

                   ЭЙ ХАЛҚИ МАН!

Эй халқи ман, бузургии ту дар забони туст,
Дасти Худои ҷону хирад соябони туст.
Азхудгузаштагии ту дар роҳи ростӣ
Равшангари тариқати ояндагони туст.
Ноёбу бебаҳо, ки бувад ҷони одамӣ,
Номусу нангу ор гаронтар зи ҷони туст.
Ақли расову ғайрату тадбиру маърифат
Чун теғу гурзу найзаву тиру камони туст.
«Сад кас фидои як касу як кас фидои сад»,
Ин иттиҳод суннати пешиниёни туст.
Сад бор душманони ту мағлуб гаштаанд,
Ин лаҳза ҳам ливои саодат аз они туст.
Илҳомбахши шеъри Аҷиби Ҷамол ҳаст,
Он қудрате, ки дар дили пиру ҷавони туст.

                 БОНГИ БЕДОРӢ

Чӣ хӯрдану ба куҷо рафтанат намедонӣ,
Зи асли хеш чаро дур гашта сарсонӣ?
Аё бародари ҳамқавму ҳамқабилаи ман,
Зи роҳи ғайр чаро по бурун намемонӣ?
Гаҳе гузаштаву таърихи хешро ҳам хон!
Қутайба бар сари халқат чӣ кард, медонӣ?!
Туро зи оташи дӯзах чунон битарсонданд,
Кунун зи шуълаи гӯгирд ҳам ҳаросонӣ.
Чаро зи ҳикмати чандинҳазорсолаи худ
Канорагиру гурезанда, рӯйгардонӣ?
Умед ҳаст, ки, эй ҳамнажоди ман, минбаъд
Чӣ кор кардани худро ту низ медонӣ.
Магар Худои ту лафзи туро намедонад?
Дуои хеш ба лафзи дигар чӣ мехонӣ?
Туро ҳарос зи озод фикр кардан ҳаст,
Наход то ба чунин ҳад табармусулмонӣ?
Калому шеъри Аҷиб аст бонги бедорӣ,
Ки то ту ҳам зи ҷаҳон ҳаққи хеш бистонӣ.

Дигар хабарҳо