Нашри осори адибони тоҷик ба забони ӯзбекӣ

 Нашри осори адибони тоҷик ба забони ӯзбекӣ

Маркази тарҷумаи назди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ду ҷилд китобро аз забони тоҷикӣ ба забони ӯзбекӣ бо номи “Ҳозирги замон тожик насри” тарҷума намуда, ба нашр расонид. Китобҳои мазкур аз тарафи узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Омонбой Ҷуманов тарҷума шудаанд. Ин китобҳо ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар ду ҷилд ба нашр расидаанд.

Дар ҷилди аввал намунаи асарҳои Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ ва дар идомаи он осори дигар адибоне, ки то охири солҳои бистуми қарни гузашта кор ва эҷод кардаанд, ҷой дода шудаанд.

Дар ҷилди дуввум намунаи асарҳои нависандагони тоҷик шуруъ аз Мутеулло Наҷмиддинов то Бурҳон Ғанӣ нашр гардидаанд. Бовар дорем, ки китобҳои мазкур мақбули хонандагон хоҳад шуд.

Дигар хабарҳо