Ҳамоиши бузургдошти Мавлоно
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж — пойтахти Фаронса Конфронси байналмилалии илмӣ-назариявӣ бахшида ба бузургдошти 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ доир гардид, ки дар он муовини аввали мудири кулли ЮНЕСКО Габриела Рамос, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён,Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, Раиси анҷумани Рӯдакӣ дар Фаронса Масъуд Миршоҳӣ ва мавлоношиносон аз тамоми қаламрави ҷаҳон иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи ин ҳамоиши бузурги байналмилалӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён аз номи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорони конфронс барои дастгирӣ ва амалӣ намудани ин пешниҳоди муҳими ҷониби Тоҷикистон изҳори ташаккур кард.
Гуфта шуд, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ шоире мебошад, ки бо гузашти солҳо меҳраш ба қалби ҳамагон шуъла мепошад ва ҳамасола дар борааш мегӯянду менависанд. Ҷалолуддини Балхӣ дар ганҷинаи маданияти ҷаҳонӣ осори ғанӣ боқӣ гузоштааст. Мавлоно мутафаккири бузурги замонаш буда, дар инкишофи озодфикрӣ ва тараққиёти тафаккури назариявӣ хизмати бузург намудааст.
Дар Конфронси байналмилалии илмӣ-назариявӣ бахшида ба бузургдошти 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ муовини аввали мудири кулли ЮНЕСКО ва дигар олимону муҳаққиқон ва мавлоношиносон аз ташаббуси оливу сатҳи ҷаҳонӣ оид ба бузургдошти нобиғаи беҳамто Мавлонои Балх аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфта, ин иқдомро дар роҳи ҳамдилӣ ва дӯстиву ваҳдати халқҳои олам муҳим арзёбӣ намуданд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашн гирифтани 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, ҳамасола 30 сентябр эълон шудани Рӯзи бузургдошти ин нобиғаи беҳамто дар Тоҷикистон ва баргузор намудани озмуни “Маснавихонӣ” далели сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат мебошад. Тоҷикон дар қатори дигар миллатҳои мутамаддини олам осори ин пири хирадро меомӯзанд, ташвиқ месозанд ва бо он ифтихор менамоянд.
Дар заминаи Конфронси байналмилалии илмӣ-назариявӣ бахшида ба бузургдошти 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО аз ҷониби Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази мероси хаттӣ ва дастхатҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Инъикоси осори Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ» намоиши ҷашнӣ доир карда шуд, ки он то анҷоми ин ҳамоиш идома ёфт.
Дар намоиш намунаҳои гуногуни осори таърихию фарҳангии марбут ба Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, аз қабили нусхаҳои дастнавис ва чопи сангии «Маснавии Маънавӣ», шарҳи Ҳусайн Воизи Кошифӣ, мусаввараҳо, қаламкашиҳо, пайкараи Мавлоно, намунаҳои ҳунари хушнависӣ аз ашъори Мавлоно ва дигар осори бостоншиносӣ ба маъраз гузошта шуданд, ки инъикосгари рӯзгор ва фаъолияти илмиву адабии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ мебошанд.
Дар идомаи конфронс ҳамзамон меҳмонон бо намоиши либосҳои миллии тоҷикӣ, ки аз ҷониби тарроҳони чирадасти Тоҷикистон омода гашта буд, шинос шуданд.