Шодам, ки наям бандаи авҳому хурофот…
Дар мулоқот ва суханронии Президенти кишвар бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат мавзуъҳои зиёд ва муҳимми ҳаёти кишвар, пеш аз ҳама, вазъи руҳоният ба таври ошкоро мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мо ба иҷмол дар бораи бархе аз ин мавзуъҳо изҳори назар менамоем:
«Давлати демократӣ – дунявӣ ва имкониятҳои он» нахустин мавзуе буд, ки дар оғози суханронӣ матраҳ гардид ва нотиқ дар он аз моҳияти озодӣ, истиқлол, давлати демократӣ – дунявӣ, ки ба тамоми арзишҳо, аз ҷумла арзишҳои динӣ, арҷ мегузорад ва роҳро барои иҷрою ба ҷо овардани расму ойину суннатҳои динӣ ҳамвор менамояд, батафсил сухан гуфт. Воқеан, маҳз ҷомеаи демократӣ метавонад чунин имкониятро барои шаҳрвандони кишвар муҳайё намояд, яъне дар баробари эҳтиром ба арзишҳои инсонӣ, миллӣ, ба арзишҳои динӣ низ арҷ гузорад ва барои эҳёю баргузории чорабиниҳои динӣ мусоидат намояд. Башарият дар дарозои таърих, ки сохтҳои гуногуни давлатдориро пушти сар кардааст, аз давлати демократӣ дида, беҳтар давлатро пайдо накардааст.
Мавзуи дуюм «дастрастӣ ба осори динию илмӣ” буд. Дар ин бахш Президенти кишвар қайд карданд, ки шаҳрвандони мамлакат натанҳо имкони озоди иҷрои маросимҳо, балки имкони ба адабиёти зарурӣ, ки дар тарбияи динии аҳли ҷомеа заруранд, билкул ошно шуданро дар даст доранд. Чорабиниҳо ва нашри китобҳои зиёде, ки дар замони Истиқлол сурат гирифт, далели ғамхории ҳукумат ба қишри руҳонии кишвар метавонад буда бошад. Дар ин замина далелҳои зиёд ва қонеъкунанда оварда шудаанд. Аз ҷумла: «Ҳукумати Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмин намудани озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин хеле корҳои назаррасро ба анҷом расонид. Дар соли 2009 бо ширкати олимону донишмандони машҳури ҷаҳони ислом ва шахсиятҳои маъруф аз 55 давлати дунё баргузор гардидани 1310-солагии асосгузори мазҳаби таҳаммулгарои ҳанафӣ, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, ки бо номи Имоми Аъзам машҳур аст, як рӯйдоди муҳим дар ҳаёти маънавии мардуми мо гардид. Ҳамчунин, бузургдошти шахсиятҳои бонуфузи илмӣ ва динӣ Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Абурайҳони Берунӣ, Муҳаммади Ғаззолӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва дигарон, чопи осори зиёди ахлоқиву илмии мутафаккирони гузашта, ба забони тоҷикӣ тарҷума кардану се маротиба нашр намудани Қуръони карим ва ба мардуми Тоҷикистон дастрас гардондани он аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки дар ин самт ба анҷом расидаанд… Таҳлилу баррасии иқдомоти тайи беш аз 32 сол амаликардаи Ҳукумати Тоҷикистон дар муносибат ба дин нишонаи он аст, ки давлати демократӣ ва дунявии мо дар роҳи таъмин намудани озодии виҷдон қадамҳои устувор гузошта, рисолат ва вазифаи таърихии худро дар назди мардуми эътиқодманд дар сатҳи зарурӣ иҷро карда истодааст».
«Худшиносӣ, ифтихор аз тоҷик будан, яъне тоҷикият» аз бахшҳои дигари ин суханронӣ буд. Дар ин қисмати суханронӣ Президенти кишвар оид ба худогоҳии миллӣ, яъне тоҷикият афкори муҳим ва дастурбахш ироа карданд, ки барои замони мо, хусусан насли ҷавон муфид ва ояндасоз мебошад. Ба қавли он кас, «тамоми донишмандону бузургони миллати мо, аз қабили устод Абуабдуллоҳи Рӯдакиву Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, Носири Хусрави Қубодиёниву Абуалӣ ибни Сино, Мавлоно Ҷалолиддини Балхию Шайх Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Ҳофизи Шерозиву Камоли Хуҷандӣ, Аҳмади Дониш ва устод Садриддин Айнӣ тавассути маърифату худшиносӣ дарк кардани муаммои дунёву охиратро талқин мекарданд. Бинобар ин, мардуми Тоҷикистон, хусусан ҷавонону наврасон, ки худро мусулмон ва пайрави мазҳаби ақлгарои ҳанафӣ меҳисобанд, ҳуқуқи маънавӣ доранд, ки аз меросбари шахсиятҳои оламшумули илмию ахлоқӣ будани хеш ифтихор кунанд».
Таъкид карда шуд, мо, пеш аз ҳама, бояд аз инсон, ватандӯст, ба вижа тоҷик будани худ ифтихор ва эҳсоси масъулият намоем, мисли соири миллатҳои мусулмони олам, зеро аз лиҳози мантиқ ҳам маълум аст, ки аввал инсон пайдо шуд, қавмҳо арзи ҳастӣ карданд ва пасон эътиқод ба вуҷуд омад. Аз ин хотир, мо қабл аз ҳама инсон, тоҷик ва баъд мусулмонем. Инро мо бояд ҳаргиз фаромӯш нанамоем. Имрӯз, ки дар ҷаҳон миллишавии башар башиддат боло мегирад, мо бояд, пеш аз ҳама, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем. Ин нукта дар суханронии Президент низ махсус таъкид ва таъйид гардид. Ба таъкиди Сарвари давлат, «ҳар фарди ин сарзамин ва ҳар як наврасу ҷавони он, ки бо решаҳои таърихиву забонӣ ва фарҳангиву маънавӣ бо миллат ва халқи тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад, бояд бо ифтихор изҳор намояд, ки ман тоҷикам, набера ва меросдори аҷдоди бофарҳанге ҳастам, ки барои рушди илму фарҳанг ва тамаддуни башарӣ, инчунин, ҳифзи асолати дини мубини ислом хидмати басо арзишманд карда, дар олами ислом ҷойгоҳи сазоворро соҳиб гардидаанд».
«Куфрони неъмат ва оқибати ногувори он» ҳам аз бахшҳои муҳимми ин суханронӣ буд. «Бо вуҷуди муносибати неки давлат нисбат ба ҳамаи дину мазҳабҳо, бахусус нисбат ба дини мубини ислом, солҳои охир зуҳуроти нороҳатсозандаву нигаронкунандаи таассубу хурофот, тафриқаандозиву ифротгароии динӣ ва дар ин замина риоя нагардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда афзоиш ёфтааст…».
Дар ҳақиқат, куфрони неъмат ва бетарафию бетафовутӣ натанҳо дирӯз барои мо хатарнок буд, балки имрӯз низ хатарнок мебошад. Мо бояд мавқеи муайян дошта бошем. Аз дур наззора кардан, беҳувиятӣ, бетарафӣ амали номардон аст.
Ба масъалаи «ҷаҳлу нодонӣ – омили ифротгароӣ» низ диққати ҷиддӣ дода шуд. Дар ҳақиқат, яке аз авомили ба гурӯҳҳои радикалӣ ва ифротӣ ворид шудани иддае аз ҷавонон, пеш аз ҳама, камсаводии аҳли ҷомеа, ҷаҳлу таассуб ва зери таъсири неруҳои бегона қарор гирифтани онҳо мебошад. Дигар, фаъолияти нокифоя ва камсамари ниҳодҳои динӣ, ташвиқу тарғиби нодурусти дин, худношиносиву худоношиносии иддае аз аҳли ҷомеа сабаби рух додани ҳодисаҳои манфӣ, ривоҷ пайдо кардани таассуб, хурофот ва авомфиребӣ дар ҷомеа, ба таври боиставу шоиста риоя нагардидани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» маҳсуб мешавад. Агар аҳли дин, падару модар, олимону зиёиён дар бораи зарари ҷаҳлу нодонӣ, таассубу хурофот, исрофкорӣ, масъулияти падару модар тибқи талаботи ҳукумат, замон амал мекарданд, аз роҳҳои самарабахши таъсиррасонӣ, фаҳмондадиҳӣ, тарғибу ташвиқи судбахш кор мегирифтанд, имрӯз ин камбудиҳои ҷойдошта ва рухдодҳои манфӣ боиси нигаронии давлат ва аҳли ҷомеа намегардид, балки худшиноси аҳли ҷомеа боло мерафт.
«Ҳаҷ ва маросими иҷрои он» аз бахшҳои умдаи ин вохӯрӣ ба шумор меравад. Албатта, дар замони соҳибистиқлолӣ имконияти ба ҳаҷ рафтани шаҳрвандон зиёд гардид, аммо ифроту тафрит дар он, исрофкорӣ, риоя накардани талаботи ҳаҷ, тақлиду мусобиқа дар ин роҳ, надонистани фармудаҳои дини ислом, ки ҳаҷ барои кӣ зарур аст ва барои кӣ не, мақсади ҳаҷ, ҳоҷиталбон, ҳоҷизиёрат ва ғайра ҷомеаро барҳақ нигарон сохтааст. Аз ин хотир, Президенти кишвар як бахши суханрониашонро ба ин мавзуъ ихтисос дода, аз мутахассисони соҳаи дин, ходимони он, кормандони Академияи миллӣ ва соири донишмандон, ки дар назди ҷомеа масъулият ҳис мекунанд ва аз масоили динӣ бохабаранд, даъват ба амал оварданд, ки онҳо бояд мардумро дар ин самт раҳнамоӣ кунанд: «Бо истифода аз фурсати муносиб, ба роҳбарону мутахассисони соҳаи дин, ходимони дин, ки дар назди мардум ва Худову Расул эҳсоси масъулият доранд, кормандони Академияи миллии илмҳо ва дигар донишмандоне, ки масоили диниро хуб медонанд, муроҷиат мекунам, ки бо мардум кор кунед, роҳи дурусти диёнату маърифатро нишон диҳед, то ки одамон сиёҳро аз сафед ва зиёнро аз фоида фарқ карда тавонанд».
Ва ниҳоят руҷуъ ба мавзуи «Ватан ва ватандӯстӣ». Ин мавзуъ, ки бахши хотимавии маърузаи Президенти кишварро фаро мегирад, мавзуи рӯз аст, мавзуест, ки буду набуди мо ба он вобаста аст, зеро меҳри Ватан ва дифои он аз муқаддасоти инсонӣ, миллӣ ва динӣ маҳсуб мешавад. Дар ин боб гузаштагону имрӯзиёни мо суханони зиёд ва дархури аҳаммият гуфтаанд. Хусусан, ки ватандӯстиро гӯшаи имон талаққӣ кардаанд. Аз ин рӯ, нақши ходимони дин дар ин самт хеле муҳим мебошад ва онҳо набояд бетарафӣ зоҳир кунанд. Чунонки, Президенти кишвар таъкид менамоянд: «Ходими дини масъулиятшинос ва дӯстдори Ватану миллату давлат ҳеҷ гоҳ дар корҳои неки тарбияи ахлоқии ҷомеа, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта бетарафӣ намекунад ва саҳми худро дар ободии Ватан ва рушди ҳамаҷонибаи кишвар мегузорад. Шумо шояд аз дигарон беҳтар медонеду мефаҳмед, ки ҳубби Ватан, яъне дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имон аст».
Ҳамин тариқ, имрӯз моро беш аз ҳар вақти дигар зарур аст, ки бар зидди ҷаҳлу нодонӣ, бехабарию гумроҳӣ, тангдилию тангназарӣ, ғафлату бетафовутӣ, хурофоту таассуб, ки, мутаассифона, дар ҷомеа ҷой доранд, пайкор намоем, зеро раҳоӣ аз асорати таассубу хурофот танҳо бо ақлу хиради солим ва илму дониши чун теғ буранда имконпазир асту бас. Дар воқеъ, ин гуфтаи шоири озода барои мо бояд намунаи ибрат буда бошад:
Шодам, ки наям бандаи авҳому хурофот,
Ҷуз шоҳиди зебои ҳақиқат напарастам!
Ҷамолиддин Саидзода