Ҷилваи руҳи ниёгон

Барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ
Шахсе, ки ба шаҳрҳои бузурги Шарқ ё Ғарб сафар кардааст ва аҳли маърифат аст, пеш аз ҳама ба осори таърихии он шаҳрҳо, осорхонаҳо, биноҳои қадим, нақшу нигорҳо, ҳайкалҳову боғҳо, ороиши биноҳо аҳаммият медиҳад. Ҳамаи он тоқу равоқҳои зебо ва биноҳою манораҳои ҳайратангез ва осори ҳунарӣ маҳсули тахайюл ва кори ҳунармандону меъморони бузург мебошанд, ки руҳу анъанаҳои халқ дар онҳо таҷассум ёфтааст.
Миллати тоҷик аз давраҳои қадим, аз он вақте, ки ба зиндагии муқимӣ рӯ оварда, шаҳрнишин шудааст, бо осори гаронбаҳои фарҳангӣ, махсусан меъморӣ, наққошӣ, кандакорӣ, саҳҳофӣ саҳми назарраси худро дар тамаддун гузоштааст. Устоҳои чирадаст ба ғайр аз Мовароуннаҳру Хуросон ҳатто дар эъмори биноҳои бузург ва ҳайратангези Ҳиндустон ширкат доштаанд.
Анъанаҳои беҳтарини миллии мардуми тоҷик дар замони соҳибистиқлолии кишварамон ривоҷ пайдо карданд ва кохҳову қасрҳо, биноҳои маъмурию истиқоматӣ бо тарҳҳои дилписанд ва наққошиву кандакорӣ ва гачкорию ороишӣ сохта шуданд, ки бинандагони дохилӣ ва хориҷиро дар ҳайрат мегузоранд.
Аз ҷумлаи он меъмороне, ки дар давраи соҳибистиқлолии давлатӣ, бо вуҷуди ҷавонӣ, касби устодони бузургро дар соҳаи меъморӣ идома дода, шуҳрат пайдо кардаанд, Самӣ Азизиён мебошад. Нозукиҳои ҳунари кандакориро аз падараш усто Солии Истаравшанӣ омӯхта, истеъдоди худро сайқал дода, тарҳҳои бузурги биноҳои азимро таҳия намудааст.
Яке аз намунаҳои тарҳҳои меъмории ӯ «Кохи Наврӯз» дар шаҳри Душанбе мебошад, ки шахсиятҳои бузурги давлатҳои хориҷӣ аз тамошои толорҳои он, нақшу нигор, кандакориҳо, ки ҳунармандона ва бо назокату ҷаззобияти хос иҷро гардида, мафтун шудаанд. Бояд қайд кард, ки ӯ лоиҳаи «Кохи Наврӯз»-ро дар 27-солагӣ офарида буд, ки далели истеъдоди баланд ва завқи нозуки меъмор мебошад.
Сабки меъмории Самӣ Азизиён аз дигар меъморон фарқи куллӣ дошта, дар лоиҳаҳо ва биноҳои сохташудаи ӯ дониши амиқи таърихи миллӣ ва ҷаҳонӣ, услуби хоси нигоргарӣ ва кандакорӣ ҳувайдо гардидааст.
Аз ҷумлаи асарҳои дар солҳои охир офаридаи ӯ «Тахти тоҷикон» мебошад, ки дар Маҷмааи Истиқлол ва Озодии пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе ҷой гирифтааст.
«Тахти тоҷикон» як асари хеле олии меъморӣ ва бадеӣ буда, шаҳомати таърихӣ ва меросбари гузаштагони бузурги миллатамон будани тоҷиконро бо тасвирҳои зебо, образҳо ва рамзҳои басо ҷолиб нишон медиҳад. Дар ин асар анъанаҳои ҳунари амалии анъанавии халқи тоҷик аз дидгоҳи замони муосир тасвир ёфта, истифодаи эҷодкоронаи ҳунарҳои наққошӣ, кандакорӣ, кошикорӣ, ҳаккокӣ, нигоргарӣ дар сатҳи хеле баланд сурат гирифтааст.
Дар амалӣ намудани ҷузъҳои алоҳидаи лоиҳа ҳунармандони соҳибзавқ, кандакор Солӣ Азизов, наққош Муҳаммадкарим Рақибов, рассом Далер Миҳтоҷов, сангтарош Ҷамшед Қаҳҳоров, ҳайкалтарош Рустам Маҷидов, заргар Ҷамшед Расулов низ заҳмат кашидаанд, ки аз ҳамкории устодони чирадасти соҳаҳои мухталиф гувоҳӣ медиҳад.
Мақсад аз ба вуҷуд овардани асари бузурги таърихию фарҳангии «Тахти тоҷикон», тавре дар қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе, аз 21 январи соли 2022, таҳти № 13, зикр шудааст, ташаккулу тарғиби арзишҳои миллӣ, эҳёи санъати ниёгон, баланд бардоштани худогоҳӣ ва худшиносӣ, тарғиби санъати миллӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва ба ҷаҳониён ва насли оянда муаррифӣ намудани нигораҳои рамзии истифодашаванда дар маҷмааи «Тахти тоҷикон» мебошад.
Як ҷиҳати муҳимми ин маҷмаа он аст, ки комилан аз маводи кишвари худамон сохта шудааст. Сутунҳои тахт аз мармари сафеди ноҳияи Ванҷ, саққоҳо аз лоҷварди Бадахшон, пояи сутунҳо аз хорои сурхи Конибодом, ҳошияҳои поя аз мармарҳои Спитамену Истаравшан оро ёфтаанд.
Муаллифи лоиҳа паннои кандакориро бо истифода аз лавҳаҳои таърихии ёдгориҳои боқимонда аз харобаҳои қасрҳои қадима ороиш додааст. Чунончи, кандакориҳои давраҳову равоқи тахт аз қасри афшинҳои Усрушана иқтибос шудааст. Ҳарчанд аксҳои кандакоришуда хурдтар ва дар шакли миниатюрӣ иҷро гардидаанд, вале симои персонажҳо, либосҳо, аслиҳаи ҷанговарон равшан ва воқеӣ тасвир шудаанд. Кохи афшинҳо дар охири асри VIII ва ибтидои асри IX аз тарафи арабҳои истилогар комилан хароб карда шуда буд. Баъд аз ҳафриёти бостоншиносӣ порчаҳои боқимондаи нақшҳои он аз тарафи марамматгарони Эрмитажи Русия таҳти роҳбарии донишманди шуравӣ В. М. Соколовский барқарор гардидааст.
Дар ин панно сужаҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ низ равшан акс ёфтаанд, ки муборизаи қувваҳои некиро бар зидди бадӣ нишон медиҳанд. Меъмор ҳамчунин расмҳоро аз нигораҳои асрҳои IV-VII-и Панҷакенти қадим, Афросиёби Самарқанд, Варахшаи Бухоро дар назар гирифтааст, ки бо маҳорати баланд кандакорӣ ва наққошӣ шудаанд. Пештоқи пушти тахт ва паҳлуҳои он бо кундал ва расми дарахтону гулҳо ва васоили рассомию илмӣ, манораҳои таърихӣ оро дода шудаанд. Композитсияи асар хеле мураккаб, ҷолиб ва инъикоскунандаи фарҳанги волои тоҷикон буда, меъмор ва иҷрокунандагони лоиҳа асари нотакрор ва баландарзиши муосирро ба вуҷуд овардаанд.
Курсии шоҳнишини «Таҳти тоҷикон» низ асари таърихӣ, бадеӣ ва шоҳкори эҷодӣ мебошад, ки дар болои он тоҷ гузошта шудааст. Рамзи қудрат, ки дар зери тоҷ зардӯзию ҳаккокӣ шудааст, бо хатҳои нури офтоби шуълавар зинат ёфтааст. Дар рамзи қудрат сангҳои қиматбаҳо, аз ҷумла лаъли Бадахшон, ёқути сурх, алмос, аметист, ақиқи сурх ва зари холис истифода шудаанд, ки натанҳо қимати бадеӣ, балки аз арзиши ниҳоят баланди моддии он дарак медиҳад. Ороиши тоҷ низ хеле бадиқққат сурат гирифтааст ва дар он сангҳои қиматбаҳо, ки шоҳони сосонию сомонӣ ва империяҳои баъдӣ дар тоҷ ҳаққокӣ мекарданд, бо назокати хос ва маҳорати баланд ҷилвагар шудаанд. Дар тоҷ аз ҷумла алмосҳо, лаъли Бадахшон, ёқути кабуд ва сурх, тиллои зарду сафед, зумуррад дурахши махсус пайдо кардаанд. Ин сангҳо низ маънои рамзӣ дошта, дар онҳо орзуи хушбахтӣ, ҳифзи оила, неруи кайҳонӣ, хирад, умеду омоли соҳибтоҷ ифода меёфтааст.
Дар ин маҷмаа калид низ ҳамчун ҷузъи таърихию бадеӣ эҷод шудааст. Бояд гуфт, ки калидҳои рамзӣ бо тасвири нишонаҳои хоси шаҳрҳои бостонӣ ҳангоми таҷлили ҷашнҳои Истаравшан, Кӯлоб, Саразм, Ҳисор, Хуҷанд сохта шуда буданд.
Дар «Таҳти тоҷикон» калиди рамзии шаҳри Душанбе низ бо истифодаи ёқути сурху зумуррад ва тиллои холис сохта шудааст. Дар сари дастаи он расми шер, ки аз хазинаи Амударё ёфт шуда буд ва ҳамчунин нишони шаҳр тасвир ёфтааст ва ҳар як ҷузъи он дорои маъною рамзҳои махсус мебошад.
«Таҳти тоҷикон», ки асари фундаменталии меъморӣ буда, дорои маънои хоси таърихию ифодаи пойдории давлати соҳибистиқлоли тоҷикон мебошад, аз ихтирои меъмории замони Истиқлол, дастоварди бузурги саънати бадеию амалӣ ба ҳисоб меравад.
Самӣ Азизиён бо эҷоди «Тахти тоҷикон» дар баробари офаридани лоиҳаҳои нотакрори меъмории «Кохи Наврӯз», «Чойхонаи Хуррамдара» ва чанде биноҳои дигар дар инкишофи санъати меъмории халқи тоҷик хидмати хеле арзандаро анҷом додааст. Ин биноҳо воқеан, шоҳкори меъморӣ ба ҳисоб мераванд. Меъмор Самӣ Азизиён бо заҳмати зиёд ва ҳисси амиқи ифтихори миллию таърихӣ ин биноҳоро тарҳрезӣ намудааст. Бинобар ин, асари мазкур сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад.
Кароматулло Олимов,
академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон