«Ман боми умеди ҳама чун боми сипеҳрам»

 «Ман боми умеди ҳама чун боми сипеҳрам»

Низом ҚОСИМ

Қариб бист сол пеш барои Муҳаммад Ғоиб гуфта будам:

Муҳаммад, дар дилам баҳри ту доим як таманно ҳаст:

Муҳаммад бошиву ғоиб набошӣ, то ки дунё ҳаст!

Хушбахтона, табъи модарзод ва заҳмати зиё­ди мухотаб он дуои бандаро мустаҷоб гардонд ва имрўз кам касе ҳаст, ки тавассути китобҳои сершумор ё овози дилраси ҳофизон ашъори ўро нахондаву нашунида бошад.

Гумон меравад, ки Муҳаммад Ғоиб осон шеър мегўяд ва сабаби ин заминаи маҳками ашъораш аст. Ин замина зиндагиномаи муассир ва дили бисёр ҳассоси ўст, ки аз бархурди камтарина­шон мутаассирӣ ба амал меояд ва шеър ҳосил мешавад.

Воқеан, рухдоди андаке Муҳаммадро сахт мутаассир мекунад ва дунболи шеър мебарад. Меандешӣ, ки агар чашми ҳарфҳои шеърашро каме бифишорӣ, ашк хоҳад рехт. Ва ё ҳарфҳои шеъраш дона-дона ашкҳои ўянд, ки тағйири сурат кардаву рўи дафтар рехтаанд.

Ба мушоҳидаи ғолиб, ашъори мавсуф аз ватанхоҳонатарин шеъри имрўз аст, ки пайва­ставу пайгирона ва қатъитару баландтар садо медиҳад. Бидуни хавф аз такрори маз­муну мавзуъ шоир аз Ватану моҳияти ватандорӣ мегўяд ва мекўшад ин ма­фҳуми имрўз забонзадаро (чун «ҳама доди ватанхоҳӣ мезананд» имрўз!) бо ифодаву тасвирҳои тозаи заминӣ бори дигар ба дилҳо бирасонад. Муҳаммад Ғоиб деҳзода аст ва шадидии эҳсоси пайванд бо Ватан ва ҳамватанон аз ҳамин махсусияти сарнавиштиаш бармеояд. Ҳанўз модарро мебинад пеши чашм, ки куртаи сарбозии писари бузургашро танг мекунад, то фардо пи­сари кўчакаш урён набошад. Ин лаҳзаи барои солҳои баъдиҷангии деҳот хосро бисёриҳо дидаву мушоҳида кардаанд, вале шеърашро Муҳаммад гуфтааст: модар бо танг кардани қабои аскарӣ ҷои ҷангро дар дунё танг мекунад.

Ё худ, ин лаҳза, ки симои маънавии он замону онзамониёнро пеши назар меорад ва ноаён аз бохти он арзишҳо менолад:

Гушнагӣ буд, гушначашмӣ дар ҷаҳони мо набуд,

Пораи нони дигарҳо рўи хони мо набуд,

Одати мардумфиребӣ дар замони мо набуд,

Гушнагӣ буд, гушначашмӣ дар ҷаҳони мо набуд.

То ҳанўз хотираи шоир дастони умеди испорро ба гардани говон мебинад; калтути деҳро, ки қур­бони сарсабзии ҳаёт шудааст, забон мебахшад:

Зиндаи бе по чи бисёр аст агар,

Зиндаи бе сар манам, танҳо манам;

бо дард хабар медиҳад, ки

Рафт деҳқон аз ҷаҳон,

Он ки умре дар ғами мардум дилашро чок кард,

Чун дили гандум дилашро чок кард;

бо бозгўи носипосиву қадрношиносиҳои инсон драматизми шеърро меафзояд, ки

Тўдае дар лаҳзаи ҷонканданаш не,

Дар дами бигзоштан бар мадфанаш не,

Бар дари анбори донаш омаданд,

Нонхуракҳо бе хабар дар рўзи нонаш омаданд.

Рафт деҳқон аз ҷаҳон,

Бо дили чун лолаҳои пуштаҳо хуншоргашта,

Бо тани чун қитъаҳо шудгоргашта.

Бахусус, хулосаҳои шеърҳои Муҳаммад шоиронаанд ва ин ҳам аз ҳунарҳои шоирист. Яъне, якдаст шоирона гуфтани кулли шеър на ҳамеша даст медиҳад ва шоир, бо заминасозии батадриҷ хулосаи шоиронае омода мекунад, ки зеҳни хонандаро такон дода, бардошти ғайриин­тизори муассире мебахшад. Масалан, дар шеъри «Ҳайкалтарош» зимни даҳ мисраи аввал тавсифи бешу кам хоси дастандаркори он пеша омадааст, вале мақтаъ, беш аз он ҳама, моҳияти шоиронаи шахсияти ўву ҳунарашро таъкид мекунад:

Бар санг тешаҳо зада, чун панҷа бар даре,

То одаме зи кулбаи сангӣ бурун шавад.

Ба тақвияти мушоҳидаи фавқ метавон афзуд, ки Муҳаммад Ғоиб, бо диди амиқи шоирона, аз одитарин лаҳзаву рухдодҳо шеър месозад. Ва агар хонанда заминаҳои ҷамъбасти шоиронаро таҳаммул карда битавонаду бо зинаҳои тасвиру таҳкияи шоир то авҷи эҳсоси ў бирасад, хулосаи шоиронае дармеёбад. Шеърҳои «Марги саг», «Занҷир», чанде аз ғазалҳои китоб ҳамин тариқ амиқтар дарку эҳсос мешаванд.

Ғазалҳои Муҳаммад Ғоиб ҳам аксаран хеле заминианд, чунки аз мушоҳидаҳои мушаххаси бевоситаи шоир пайдо шудаанд. Ў аз манзараи миёни панҷаҳо афшурда об кардани анор ин байтро сохтааст:

Ҳар ки бераҳм фишорад дили моро чу анор,

Панҷаҳояш дами афшурдани мо гирён аст.

Ё аз мушоҳидаи шитоби мавзуни дарё ба ин хулосаи иҷтимоӣ мерасад:

Нагардад маскани шуҳрат баландии фиреб охир,

Набошад фарқ аз чоҳе баландиҳои дарёро.

Абрўҳоро таҳдевори ҷабин мебинад ва мўи сарро – тимсоли хори сари девор; дар нигоҳи шоиронааш боми фалак муаллақ нест, балки «ба ранге то замин деворҳо дорад» ва ин «ба ранге» тасаввуру тахайюли баландпарвозест, ки он девори хаёлиро пеши назари хонанда таҷассум мекунад.

Ин байтҳои шоирона низ аз ҳамон ғазал аст:

Фалак бар дидаи покизагон пири намозияст,

Зи сони абр бар худ хилъату дасторҳо дорад.

Рагу пайванди мо дар фасли сармо сахт аз он сўзад,

Ки аз яхҳо лаби ҳар гўша сармо морҳо дорад.

Муҳаммад Ғоиб гоҳо аз хирмани пурфайзи сабки ҳиндӣ донаҳо мечинад ва аксаран он до­наҳо сараву пурмағзанд. Мақбул аст, ки ў дар чунин ҳолатҳо мавҳум намегўяд, балки ба сифати як мушоҳидакор лавҳаву ҳодисаҳои мушаххаси ба дарки хонанда дастрасро шоирона ба қалам медиҳад:

Хунхурон бигрифта аз хунёгарон мизробҳо,

Бо дами ханҷар зи сози мо наворо рехтанд.

Баски гандум дошт, бастанд обро бар осиёб,

Шарбати дунё ба коми марди доро рехтанд…

Бевафоён аз баёзи гардани ҳамқисматӣ

Канда тори меҳр, марҷони вафоро рехтанд.

Ин ҷо низ, ба истиснои задаи қофияи дувум ва ибораи «марди доро», ки вусъати маъниро маҳдуд мекунад («хайли доро» бигўем, чӣ?), ҳунари тасвирсозиву маъниофаринии шоир аён аст.

Сатру байтҳои зерин ҳам тасвири шоиронаи воқеиятанд:

Тани зебои маънӣ орзўи пираҳан дорад.

***

Чи сон аз ростӣ гўянд ҳарфе хомабардастон,

Ки пеши беқаламҳоянд мисли дол хам имрўз.

***

Дар зиндагӣ аз сарҳади сад марг гузаштем,

Пайдо асари хилъати ҳастӣ зи кафан шуд.

***

То саркаши сухан ҳаст аспи забони инсон,

Дар сурати лабонаш бар худ лаҷом дорад.

***

То раҳи хеш надонем, Муҳаммад, ҳама умр

Дар кафи пой ниҳон гом нигаҳ медорем.

Ҳатто «дар кафи пой ниҳон нигоҳ доштани гом», баробари шоирона будан, комилан қобили эҳсосу идрок аст.

Муҳаммад Ғоибро аксари хонандагон шоири ашъори ғиноӣ ва таронаҳои дилраси ватанхоҳо­наву ошиқона мешиносанд. Албатта, Ватан ҳам иҷтимоъ асту ишқ ҳам, вале силсилае аз шеърҳо муаллифашонро чун шоири маҳкамсухани иҷти­моӣ муаррифӣ мекунанд. Ў шиор намепартояду воқеа наменигорад, лекин пораҳое дорад, ки аз доираи калимоти хеш фаротар рафта, касро ба андешамандиву натиҷагирии амиқтару вусъат­ноктаре мебаранд. Таваҷҷуҳ кунед, магар ин пораву байту мисраъҳо бозгўи обхезу селобҳои харобкори иҷтимоӣ нестанд?

Раҳгумзадаему раҳи мақсуд надонем,

Парвардаи селему раҳи рўд надонем…

Аз оташи ҳар ваъда шавад гарм дили мо,

То ашк зи чашмон начакад, дуд надонем.

Додем ба гулбонги дурўғини фараҳ гўш,

Дарди дили ёрони ғамолуд надонем.

***

Сарчашмаи дарёи ҳақиқат ҳама панд аст,

Бар халқ зи сад қисса як афсона писанд аст.

***

Субҳ аз ашки ба шаб рехта шабнам дорад.

***

Мурғони фиребхурда ҳастем,

Аз хониши хеш фанд хўрдем,

Бар панҷаи рўбаҳон фитода,

Нодида висоли субҳ, мурдем…

***

Ҳезуми мо ҳама хас аст,

Пеш нарафтан аз пас аст.

***

Ман боми умеди ҳама чун боми сипеҳрам,

Эй муш, макун гўш, ки девор надорам.

***

Дасти зўри манфиат қулфи дари маҳбас шикаст,

Дастбўсони гунаҳкорони озодем мо.

***

Ояндаи бемеҳрии имрўза талоқ аст.

«Ғами моро мабар аз дил, ки мо беғам намегар­дем» — мегўяд Муҳаммад Ғоиб ва кас бетардид ин лутфи ўро мепазирад. Чунки ғам, ғами ширини шоиро­на, дар тору пуди ашъори ў печида ва, чунонки ишора шуд, чун ашк дар сурати ҳарфу ҳиҷо ба сафҳаҳояш чакидааст. Ин ғами созанда аст, ки инсонро инсон­тар, шоирро шоиртар, шеърро равонтару дилрастар мекунад. Аз ин рўст, ки мегўяд:

Кай кунад аз наштари қисмат Муҳаммад шикваҳо,

То асал гардад гуле, занбўр даркор асту бас.

Ў аз таззодҳои зиндагӣ дилтанг нест, онҳоро хуш мепазирад ва шоиронаву латиф тафсир мекунад:

Аз кўтаҳии дасти ман ин нахл баланд аст.

***

То дами мурдан зи сўзи мо хабар мардум наёфт,

То ғурубаш дидаи хуршед хунполо нашуд.

Мушоҳидаи лутфомези воқеият аз зери хомаи шоир чун тасвири латифе берун меояд:

Раҳи бадхўст аз маҳбас ба маҳбас,

Зи шиша бодаро дар ҷом карданд.

Ҳамин лутф аст, ки мароми инсонии ўро чунин шоирона ва чунин зарифона иброз медорад:

Нахоҳам рўзи сахти умматонро,

Маро, охир, Муҳаммад ном карданд!

 

Лоиқ ШЕРАЛӢ

Азми дурусту саъйи комил

Ман бо Муҳаммад Ғоиб ду бор дар курс- конференсияи навқаламон вохўрдам. Ў ҳар бор шеърҳои барои бачагон навиштаашро ба муҳокима мегузошт ва баъди муҳокима чашми дигаронро дуздида, чанд шеъри барои «калонсолон» иншокардаашро ба ман нишон медод ва маслиҳат мехост. Ростӣ, он шеърҳо баъзе мушоҳидаҳои тоза, ташбеҳу истиораҳои обнарасида доштанд, аммо якдаст набуданд. Баъд аз он, ки маҷмуаи Муҳаммад Ғоиб барои бачагон ба чоп тавсия шуд, рўзе як даста шеърҳои тозаашро пеши ман овард. Ман азбаски пештар шеърҳои алоҳидаи ўро хонда, аз назари худ маслиҳатҳо дода будам, хостам донам, ки то куҷо ба ў суд бахшидаанд. Аз мутолиаи шеърҳо дарёфтам, ки шоири ҷавон то андозае дил ба дарё задааст ва кўшидааст дури мақсуд ба даст орад.

Умуман, таассуроти ман аз машқҳои Муҳаммад Ғоиб умедбахш аст. Пай бур­дам, ки ў азми дурусту саъйи комил дорад. Ҷавоне, ки факултети физикаро хатм кар­да, ин қадар ба шеъру шоирӣ дил бохтааст ва шеърҳояш натанҳо бўи дашту саҳро, балки бўи умед ҳам доранд, маро дилпур мекунад, ки ба азми ў бовар кунам ва дар олами печидаи шеър ба ў хоҳони сафари нек бошам.

                     

                                                                                                                                                                 Шамсулҳақи ОРИЁН

Шоире аз гунаи дигар

Дар ин навишта сухан аз Муҳам­мад Ғоиб аст. Шоири нуктасанҷ ва маъниёб, ки офаридаҳояшро бо тахайюли баланд, тасовири бикр, гунаи дигар ва бартарӣ барметобад. Муҳаммад Ғоиб нозими эҳсосоти гузаро ва сатҳӣ нест, ў андеша ме­кунад ва нукоти хирадмандонаро бо неруи хаёл, ҳунармандона ва зебо дар қолаби шеър ҳастӣ мебахшад. Ба сухане, шеъри ў тахайюлоти ақлонидашуда ва ё ақлонияти та­хайюлӣ аст.

Нигарише ба шеъри Муҳаммад Ғоиб нишон медиҳад, ки шоир дар ростои вижагиҳои ёдшуда тавоно­иҳои арҷноке ба намоиш гузоштааст. Чанд вижагиро дар шеъри Муҳаммад Ғоиб ба шиносоӣ мегирем:

Нуктасанҷӣ ва маъниёбӣ

Нигоҳе ба офаридаҳои Муҳаммад Ғоиб нишон медиҳад, ки тақрибан ҳеҷ байте дар маҷмуи офаридаҳои ў сатҳӣ нест ва барои баёни эҳсосоти гузаро, ки масрафи рўзона дорад, ихтисос наёфтааст. Ин шоир тақри­бан шеъри ошиқона ба маъшуқаҳои ҳарҷоӣ на­дорад. Маъшуқаи ў бу­зург аст. Ў барои меҳан ва миллат ва дардҳои ичтимоӣ шеър мегўяд ва чунон бо дарду эҳ­сос месарояд, ки гоҳ дар ҳангоми замзамаи ашъораш гулўгир ме­шавад, буғзу дард роҳи баёнашро мегирад ва мехоҳад дарду андуҳа­шро гиря кунад ва ту эҳсос мекунӣ, ки во­жаҳо наметавонистааст тамомияти эҳсосашро бартобад.

Муҳаммад Ғоиб бо ин эҳсосу дард талош до­рад дар ҳар байте нук­таи наверо баён кунад. То ҷое, ки дар як ғазали даҳбайтии ў даҳ нуктаи нав ва ё маънии бикр ҷо ёфтааст ба монанди ин нукот:

Одамиро фикри дунёӣ ҷаҳонбин мекунад

Зиндагӣ талх аст, онро марг ширин мекунад.

Ҳамагон гуфтаанд: Зиндагӣ ширин аст, аммо Муҳаммад Ғоиб нуктаи наверо ёфтааст, мегўяд: Ин марг аст, ки зиндагиро ширин менамояд, варна зиндагӣ бо ин ҳама дарду ранҷаш, ҷуз талхӣ таъме надорад. Фақат ҳузури марг аст, ки инсонҳо зиндагиро таҳаммул мекунанд.

Вақти хоб аз тарси ҷон девона ҳам

Сахт мепўшад дари бикшодаро.

Маст ҳам аз хашм мекўбад ба санг

Шишаи бахшидаи бебодаро.

***

Об аз он созам дили худро, ки дар тақсим низ

Аз ҳисоби пуштаи хушке заминам мерасад.

***

Неку бад по мегузорад бар сарам,

Тоби хомўшӣ зи роҳ омўхтам.

***

Саропо хешро обу адо кардан чи душвор аст,

Дили ғамдор донад мустамандиҳои дарёро.

«Гулро ба кафи оби намакдор на­гир», яъне бо гиряҳои намакдор гули рухсорро пажмурда макун.

Баёни нав:

Яке аз вижагиҳои шеъри муосир баёни нав аст. Насли навро наме­шавад бо баёни такрорӣ ва он ҳам заиф ва норасо нисбат ба классикҳо розӣ нигаҳ дошт. Шеъри имрўз забон ва баёни худро дорад. Дар ин баён шеър бештар аз ҳама дарёфт ва эҳсос мегардад, Муҳаммад Ғоиб дар фаровон сурудаҳояш ба ин забон даст ёфтааст.

Аз паи мо тарҳи роҳи умр пайдо мешавад,

Аз барои роҳи умри худ қадам мепарварем.

Шоирӣ бошад, Муҳаммад, ҷонкании умрбод,

Зиндагию марги худро мо ба ҳам мепарварем.

***

Ҳар кӣ бераҳм фишорад дили моро чу анор,

Панҷаҳояш дами афшурдани мо гирён аст.

***

Ҳарфи дилро аз нигоҳ омўхтам,

Дарди ҳастиро зи оҳ омўхтам.

Нармдил орад дили нозук ба даст,

Бастани гул аз гиёҳ омўхтам.

Нур ҳам бар тирагӣ рў оварад,

Шабхабаргирӣ зи моҳ омўхтам.

Таркибҳои нав:

Шоирон ва нависандагон нақши азимеро дар ғанобахшӣ ва тавсеаи вожагониву таркибсозии забон ба дўш доранд. Ин шоир аст, ки бо истифода аз шигардҳои забон ва тавоноиҳои адабии хеш, таркибҳои наверо вориди забон мекунад. Тар­кибсозию навоварӣ кори шоирони сутург аст. Шоирони радаҳои поёнӣ ҷуз такрори мафоҳим ва таркибҳои гуфташуда коре намекунанд. Дар шеъри Муҳаммад Ғоиб таркибҳои на­веро мувоҷеҳ мешавем, ки баёнгари тавоноиҳои адабӣ ва шоиронаи ўст.

«Зиндамаргон», «ғафлатобод»:

Хуфтабахти оламем, аз ғафлатободем мо,

Зиндамаргони ҷаҳони умрбарбодем мо.

«Додхоҳи хамўш:»

Синаи чоки ҳадафро тир донад роҳи бурд,

Додхоҳони хамўши даври бедодем мо.

«Фаромушхонаи ёд:»

Модари бемеҳри чашм афтодаашкашро накофт,

Як ҷигархун аз фаромушхонаи ёдем мо.

«Ҳарфи сурхи чашм:»

Ҳарфи чашми ман сурх аст, хунҷигар фақат хонад,

Ин хати гаронхонро хатшинос медонад.

«Домани ёд:»

Тўтиёи чашм медонам ғубори доманат,

Гардҳои домани ёди ту бар ман додаанд.

Таъбири нав:

Шоирони арҷманд мафоҳиму таъбирҳои наверо дар шеър мео­фаринанд ва ба ин асос дар ғанои маънавии забон ва фарҳанги хеш асаргузорӣ менамоянд. Муҳаммад Ғоиб дар ин замина низ навгароиҳои зебое дорад.

Гом дар пой нигаҳ доштан:

То раҳи хеш надонем,

Муҳаммад, ҳама умр,

Дар кафи пой ниҳон гом нигаҳ медорем.

Сўхтани хуршед аз ғами олам:

Танҳояму бин бенамакиро, ки чу хуршед,

Сўзам зи ғами оламу ғамхор надорам.

Боми девор:

Ман боми умеди ҳама чун боми сипеҳрам,

Эй муш, макун гўш, ки девор надорам.

Шоҳи ватани тоқат:

Дар мамлакати ноз туӣ шоҳи ягона,

Ман дар ватани тоқати худ мисли ту шоҳам.

Хаёли роҳ:

Пайи фаҳми ҳар мусофир нарасад ба ҷодаи мо,

Ба хаёли раҳ нағунҷад қадами ниҳодаи мо.

Боми муҳаббат:

Барфат ба ниҳолам гули бодом шавад,

Барқат ба раҳам ситораи шом шавад.

Хоке, ки зи кина бар сарам мерезӣ,

Девори муҳаббати маро бом шавад.

Дарди иҷтимоӣ:

Гуфтем дар шеъри Муҳаммад Ғоиб ошиқонаҳо ҷое надорад ё дар шумор наоянд. Ў ҳар ҷо чи гуфта аз мардум аст ва аз дарду эҳсосоти иҷтимоӣ ва миллиаш, гўӣ маъшуқаи ў мардумаш аст. Нигариши нобасо­монӣ ва ё андуҳи мардум ўро андуҳ­нок мекунад ва бо шодии мардум шод мешавад. Бо ин эҳсос аст, ки мардумозоронро нафрин мекунад ва аз бедод бар мардум мегиряд:

Рўи осоиш намебинем дар ҳар ду ҷаҳон,

Муттаҳамро гар ба ҷойи муҳтарам мепарварем.

***

Ончунон печидаам кардаст дар худ зиндагӣ,

Пой ҳам аз сархамиҳо бар ҷабинам мерасад.

***

Хирмани давр аз сабукандеша аст,

Сарнавишти дон зи коҳ омўхтам.

***

Аз Муҳаммад оҳу дарди халқ пурс,

Ҳаст дилреш ошно дилрешро.

Меҳандўстӣ

Муҳаммад Ғоиб ҳамчунон ки аз мардум мегўяд, аз меҳан сухан ме­занад. Ишқи меҳан дар хоки вуҷудаш реша дорад. Агар ғайри ин буд, чунин намегуфт:

Дар лаҳад гўянд агар, душман ба хокат по ниҳод,

Мурдаи садсола бошем, аз кафан берун шавем.

Муҳаммад Ғоиб беҳтарин суру­даҳои меҳаниро дорад ва дар ин росто бо эҳсоси амиқ нуктаҳои арза­ндаеро ироа кардааст.

Аз вафо сухан гўям, рўзу шаб Ватан гўям,

То зи ҷо ягон пуркин санги ў наҷунбонад.

***

Сар мешавад дарди сухан аз меҳру номуси ватан,

Дилро қалам кардам, ки фарқ аз беқаламҳоям кунед.

***

Қаср не, осудабошӣ, баҳри ман,

Сояи лабгўшаи бомат бас аст.

Эй ватан, эй даргаҳи ишқу умед,

Номаи бахти манӣ, номат бас аст.

Ин ёдкардаҳои гузаро дар маҷму­аи «Панди куҳан»-и Муҳаммад Ғоиб, ки ба форсӣ-дарӣ дар Афғонистон чоп гардида, навишта шудааст, ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад доварии ко­мил дар бораи шеърҳои Муҳаммад Ғоиб бошад. Ба яқин ин шоир дар со­ири маҷмуаҳояш шигардҳо ва наво­вариҳое дорад, ки бояд ба шиносоӣ ояд. Аммо аз ҳамин баррасии гузаро ҳам мешавад ба ин натиҷа даст ёфт, ки Муҳаммад Ғоиб яке аз шоирони хубу бузурги Тоҷикистон аст. Шоире, ки ба ҳақ, Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рўдакӣ ва унвони Шоири халқии Тоҷикистонро дарёфтааст.

 

 

 

Дигар хабарҳо