Шумораи 12-уми Нашрияи миллии адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Садои Шарқ» аз чоп баромад.
Дар саҳифаҳои аввали моҳнома матни суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифигари таърихи халқи тоҷик», ки ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров 5 декабри соли 2023 баргузор гардида буд, ҷо дода шудааст.
Ғазалҳои тозаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафӣ чандин саҳифаи дигари «Садои Шарқ»-ро рангин кардаанд, ки фарогири мавзуъҳои Ватан, Душанбе ва тасвири зебоиҳои табиати диёрамон ва ғайра мебошанд.
Барои хонандагони хурдсол пора аз «Қиссаҳои Нахӯдак»-и нависанда Азизи Азиз пешниҳод шуда, ки бо услуби қисса-афсона эҷод гардидааст. Лаҳзаҳои аҷиби ҳаёти Нахӯдак кӯтоҳ-кӯтоҳ оварда шудаанд.
Ғазалҳои тозаэҷоди Нависандаи халқии Тоҷикистон Гурез Сафар аз худшиносиву ифтихори миллӣ ва ҷавонмардии тоҷикон мегӯянд.
Аз китоби дувуми «Захмҳои ҳиҷрат»-и Мирзо Шукурзода аз овони дар дашти Дилварзӣ ба ободкорӣ машғул гардидани сокинони ноҳияи Масчоҳ хотираҳо оварда шудаанд. Дар ин хотираҳо дар бораи устодон Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода ҳам сухан меравад, ки бо мардуми меҳнатқарини Дилварзӣ вохӯриҳои судманду баёдмонданӣ доштаанд.
Чанде пеш шоир Зиё Абдулло 70-сола шуд. Маҷалла ба ин муносибат ғазалу рубоӣ ва байтҳои ӯро ба хонанда пешниҳод медорад. Чорпора, ғазал ва шеърҳои нимоии Иззатбек Идизода дар мавзуъҳои Тоҷикистон, забони тоҷикӣ, падар эҷод гардидаанд.
Дар саҳифаи тарҷумаи маҷалла идомаи фоҷиаи «Электра»-и Софокл дар тарҷумаи Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосим пешкаш шудааст.
Ҳамчунин маҷалла дигар мақолаву навиштаҳои муаллифонро ба хонандаи завқпарвари хеш манзур намудааст.