Афсонаи Роғун ё рози Роғун

 Афсонаи Роғун ё рози Роғун

…Дар як лаҳза аввалу охири умр рӯшану зинда шуд дар пеши назараш. Барқосо 80 соли сипаришудаи умри ба гуфти мардум бобаракаташ чун навори кино аз пеши назараш гузашту мӯсафедро маҷбур сохт, ки сар аз болини марг бардорад.

– Тавба, – нимовози кампири чол, ки сари болини бемор нафас мепоид, ҳозиринро маҷбур кард чашм аз оинаи нилгун канда, тарафи онҳо баргарданд.

– Наход, ин ҳақиқат аст? – баъди се моҳ атрофиён овози мӯсафедро шунида, сарфаҳм нарафтанд, ки ба зиндагӣ баргаштани худро дар назар дошт ё таваҷҷуҳи пайвандонро…

– Камтар баландаш кун, – тарафи телевизор ишора кард мӯсафед ва ҳайрати ҳозирин як бар даҳ афзуду якбора ҳамагон даст ба гиребон бурданд.

Садои қувватгирифтаи телевизор ҳамаи гумону шубҳа ва фарзу тахмини ҳозиринро фурӯ нишонд:

«…–Ҳамватанони азизи мо аз воситаи ахбори умум хуб дарк кардаанд, ки дар ояндаи начандон дур масъалаи об ба ҷиддитарин проблемаи аҳли башар ва мушкилоти рақами аввали сайёра табдил меёбад. Аллакай имрӯз дар бисёр давлатҳои ҷаҳон нархи оби нӯшокӣ аз сӯзишворӣ се-чор баробар қиматтар аст.

Бахти баланди мост, ки ҳарчанд захираҳои бузурги нафту газ надорем, вале табиат сарзамини зебои моро бо сарвати бебаҳову беинтиҳои гидроэнергетикӣ, яъне сарчашмаҳои камназири дарёҳо шодоб гардонидааст, ки аз баракати онҳо Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои оби нӯшокӣ дар сайёра яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол мекунад.

То шаст фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳудуди кишвари мо ташаккул меёбанд ва дар сурати истифодаи оқилонаву самарабахши ин захираи бузурги гидроэнергетикӣ мо имкон дорем, ки дар як сол садҳо миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол намоем.

Вале мо имрӯз ҳамагӣ панҷ фоизи ин сарвати миллиро аз худ кардаем, ки ин барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷи аҳолӣ ва талаботи соҳаҳои саноатӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт ба таври муътадил басанда нест. Яъне кам будани барқ то ба имрӯз монеаи асосии рушди иқтисоди миллӣ гардидааст.

Маҳз ба хотири рафъи ҳамин мушкилот мо ду сол пеш сохтмони Неругоҳи бузурги Роғунро, ки хеле корҳои он дар солҳои 80-уми асри гузашта анҷом ёфта буданд, аз нав оғоз кардем.

Ҳамватанони азизи мо хуб медонанд, ки Неругоҳи Роғунро мебоист давлати муқтадири вақт бо ҷалби имконияти даҳҳо корхонаҳои азими саноатӣ бунёд мекард. Лекин ба ҳукми тақдир сохтмони иншооти азими Роғун бар дӯши мардуми мо афтод.

Дар шароите, ки дунёро буҳрони шадиди молиявию иқтисодӣ фаро гирифтааст ва Тоҷикистони мо низ аз таъсири манфии он зарар мебинад, ба ин иқдом даст задан кори саҳлу осон набуд. Зеро бунёди ин иншоот масъулияти бузург ва маблағгузории ниҳоят калонро талаб менамояд. Аммо Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз бо вуҷуди душвориҳои зиёди иқтисодиву молиявӣ қотеона саъю талош дорад, ки ин ормони деринаи миллиро ба ҳақиқат табдил диҳад.

Имрӯз Тоҷикистон ба хотири сохтмони Неругоҳи Роғун монанди ҷавони қавипайкару диловари қариб бистсолаест, ки ба мисли Фарҳоди кӯҳкан синаи кӯҳи хороро мешикофад, пеши дарёи шӯху саркаши Вахшро мебандад, кишвари худ ва минтақаро чароғистон мегардонад…».

***

– Ҳазорҳо шукронаат, Худованди қодиру тавоно, ки то ба ин рӯз расондимон, – овози чол мисли замони солимияш рӯшан садо дод.

– Дигар ормоне надорам.

– Чӣ гап шуд, падар? – писари калон, ки пуни пойи қиблагоҳ менишаст, наздики рахти бемор ғеҷид.

– Намебинӣ? – ишора ба телевизор кард падар.

– Аз дирӯз…

– Дирӯз гумон кардам, ки хоб мебинам.

Бемор хоҳиш кард такяро баланд кунанд, то роҳат нишинад.

– Дар қудратот бимирам, Худо,

– Келини хурдии хонадон аз ҳаяҷон меларзид…

Аз кай ба дарё пайванд хӯрдану дил доданашро худаш ҳам дуруст ёд надорад. Вале ҳар бор пеши рӯ оварданӣ шавад, насиҳати ҳамешагии модар ба хотираш мерасад, ки таъкид медошт:

– Таъбири хобатро аз дарё бипурс. – Об гап намезанад- ку!

– Баръакс, ту ӯро шунида наметавонӣ.

– Охир…

– Аввал бисанҷ, баъд баҳс кун.

– Чӣ хел?

– Чӣ хеле ки бо ман суҳбат мекунӣ… Ва бори аввал вақте ба суҳбати дарё шитофт, ки ошиқ шуд. Бале, ошиқи ҷамоли зебову ҳусни дилорое гашт, ки қариб ҳама ҷавонони атрофро мафтун сохта, лекин каломи сазоворе намеёфт, то дарди дил гӯяд ба духтар ва баъди варақгардониҳои зиёд гӯё ҷавоб ёфт аз Ҳилолии соҳирсухану қариб дилаш аз тапидан боз монд…

Ва фуромад лаби дарёи пуртуғёни Вахшу таскин ёфт аз мавҷи хурӯшони рӯди саркаш.

– Тахту бахти фарзандону набераҳоямон пайванд ба маҷрои ҳамин дарёст, – ба хотираш расид фармудаи устоди раҳомӯзаш, муаллими адабиёт, ки ба ҷанги Гирмун рафту дигар барнагашт ва ӯ ба хотири давом додани кори дар нимароҳ мондаи муаллими дӯстдорамаш роҳ ба сӯйи омӯзишгоҳи муаллимтайёркунӣ гирифту баъди хатми он ба деҳа баргашт ва ошиқ шуд дар остонаи дабистон.

Ҳамагӣ ҳабдаҳ сол дошт вақти ба остонаи мактаб чун омӯзгори соҳибкасб по гузоштанаш ва гирифтори ҷамоли шогирдаш гашту раҳгум зад, ки чӣ бояд кунад.

Ва ҳамрози дарё гашт.

Болои харсанге нишасту гӯш ба садои Вахши пуртуғён вориди олами афсона шуд ҳамроҳ ба садои мавҷи дарё.

– Медонӣ, ки ту дар кадом рӯз ба дунё омадаӣ? – ба назараш расид аз байни мавҷи дарё сар боло кард устоди ҷавонмаргаш бо ҳамон саволи панҷ сол пеш додааш, ки он вақт ҳамагӣ дувоздаҳсола буд.

– Бале, – аз ҷой хеста, даст пеши бар ҷавоб дода буд он вақт:

– Бистуми марти соли 1931.

– Ин рӯз дар таърихи диёри мо бояд бо оби тилло навишта шавад. – Барои чӣ?

– Дар ин рӯз аввалин маротиба ба ин сарзамин олимони кашшоф омада буданду ҷои неругоҳи ояндаи Сичароғро муайян сохта, онро ба харитаи захираҳои обӣ-энергетикии СССР дохил намуданд.

– Пас ман…

– Бале, ту ҳам шахси таърихиӣ….

– Маро ба дарғоти Роғун бубар, бачам, то як маротибаи дигар…,– раҳо ёфт мӯйсафед аз дасти ёдҳои гузаштаву ба писараш рӯ овард.

– Гӯш кун, бачам. Вақте Тоҷикистон дар оташи кинаи бародарони пеши чашмашонро хун гирифта месӯхту аслиҳаи оташфишон ҳокими мутлақ буд, ин мардак миён басту байни ду бародари ташнаи хуни ҳамдигар даромад, онҳоро ба ҳам овард, мамлакатро аз пошхӯриву халқро аз парешонӣ нигоҳ дошт…

– Ба ҳар ҳол…

– Беинсоф нашен , бачам. Дар Афғонистон тамоми қудрати олам ҷамъ омада, пеши роҳи бадбахтиро гирифта наметавонад. Дар ҳамон Амрикои абарқудрат ҳар рӯз ягон бадбахтии каснодиду гӯшношунид рӯйи кор меояд… Дар мо бошад, баъди гузаштани ҳамагӣ чанд солаке ба пайи қадами ин марди худодода амнияти сартосарие даст дод, ки бовари кас намеояд.

– Ин ҷо мушкил рӯёрӯст, падар.

– Вақте бародар хуни бародар мерехт, ҳамсоя ҳамсояро шикор мекард ва ҳамдину ҳамзабони ҳамзамон хонаи якдигарро оташ мезад…

– Охир, ҳафтод ҳазор метр нақби синаи санг, ки бо тамоми имкониятҳои понздаҳ ҷумҳурии шуравӣ рӯйи кор омада буд, ҳама зери сангу шағал мондааст, техникаи ободу коршояме нест. Аз ҳама муҳиммаш, мутахассисе боқӣ намондааст, ки корро пеш бараду…

– Ҳамаи ин дар пеши бастани роҳи ғазаби хундор дупула гап аст. Хушбах- тона, ин марди худодода роҳи ҳалли ин мушкили инсониятро ёфту халқи парешонро аз нав дар диёри бумияшон ба ҳам овард.

– Ҳақиқатан ҳам ин хизмати бисёр бузург аст…

– Биё, хушбин бошем, бачам ва аз рӯйи адлу инсоф баҳогузорӣ кунем, ки соли 1993 барои ба назди мухолифини яроқбадасти сари хашму ғазаб рафтани Роҳбари давлат ҳеҷ кас розӣ набуд, вале ӯ ба касе гӯш накарду худаш ба Тавилдара рафт, бевосита ба роҳбарони силоҳбадаст рӯ ба рӯ истода, онҳоро муътақид сохт, ки наҷоти миллат дар ваҳдат аст ва ба Помир сафар кардану дасти мухолифинро ба даст гирифтану бо муҳаббат фишурдан ва ё дар авҷи ғулули ҷаҳолат ба Хусдеҳи Афғонистони кулфатзада беяроқу аслиҳа дар иҳотаи ҳазорон яроқбадасти ташнаи хун, ки ҳатто якдигарашонро эътироф намекарданд, рафта, сари суҳбат нишастан дар андешаи ҳеҷ кас намеғунҷид. Лекин ӯ ба хотири ояндаи озоди қавми ҷабри таърих кашида ҷонашро рӯи кафи даст гирифту чашми бародаронро кушод, сарчашмаи меҳру муҳаббаташонро ба ҷунбиш овард, халқро гирду ҷамъ карду ба ободии Ватан ҳидоят намуд.

– Дуруст мегӯӣ, падар, аммо мушкили Роғун танҳо мушкили Тоҷикистон нест.

– Ана барои ҳамин, агар мо якдигарро бифаҳмему дар ҳама маврид бо Пешвои воқеии миллат ҳамдил шавем, дарди ӯро дарди худ донем, ӯро дар ҳама маврид дастгирӣ намоем, ҳақиқатан ҳам чун ӯ дӯстдори диёру миллат бошем, ба ҳама муроду мақсад мерасем…

– Роғунро маҳз ҳамон солҳо сохтан даркор буд.

– Бале!

– Пас барои чӣ насохтанд?

– Сохтмони иншооти тақдирсоз дар

он лаҳзаҳо ба хотири мансабхоҳон намерасид.

– Сабабаш чӣ буд?

– Ноогоҳӣ, бемасъулиятӣ, худхоҳӣ… – Ҳамаи инро сабаб чӣ буд?

– Таълими нодуруст.

– Шумо омӯзгорон…

– Ҳеҷ кас, хосса омӯзгор мустақилият надошт. Ногаҳон озодии комил пеш омаду ҳамагон раҳгум заданд. Ба ҷойи истифодаи озодиву истиқлол, шукри соҳибдавлатӣ кардан гиребонгири ҳамдигар шудем.

– Намешуд, ки…

– Не, чунки танҳо инсони огоҳу худшинос метавонад аз ҳар мавриди пешомада ба манфиати худ ва атрофиёнаш бошуурона истифода барад. Мо бошем, ақаллан мустақилона зиндагӣ карданро намедонистем. Барои ҳамин ҳар шуҳратпарасту курсихоҳ атрофиёни худашро ба майдони дилхоҳаш кашиду ҳам худаш дар ваҳшати сохтааш ғарқ гашту ҳам атрофиёнро гирифтори ҳазор бало гардонд. Хонаву дари тоҷикистониён дар кинаву кудурати бародарони ҳамзабони ҳамзамон месӯхту касе гузашт кардан намехост. Кор то ба дараҷае омада расид, ки каси зарарнадида ва хонаи аз ғам берун намонд дар диёри кулфатзадаамон. Тару хушк баробар месӯхт ва дар айни авҷи кинахоҳӣ ба хулосае омадем, ки ҷанг ягон касро хушбахт гардонда наметавонистааст, аммо пеши роҳи сели даҳшати ваҳшатбори ғазаби ба хун омехтаро дигар бастан аз имкон берун гашта буд. Акнун ҳамонҳое, ки мардумро ба майдонҳо мекашиданду барои курсии мансаб ҳазорон бечораи камбағали бепушту паноҳро аз хонаву дар, зану фарзанд ва ҳатто аз Ватан маҳрум сохта буданд, гуреза гашта, дар кадом як гӯшаи дури олам дар ғурбат ё дар кӯҳу пушта бо сад хориву зорӣ умр ба сар мебурданд. Аксарияти онҳо хатои содиркардаашонро акнун фаҳмида буданд, вале дигар роҳи ислоҳашро намедонистанд ва бозгашт ба зиндагии осоиштаро низ.

Хайрият, дар айни авҷи ҳамин кинаситезиҳо ҷавонмарди асилу ҷасуре ба майдони сиёсат ворид шуду дар назди миллат қавл дод, ки барои онҳо сулҳу ваҳдат меорад ва шукронаи Худованди ҳакиму карим ва раҳиму раҳмон, ки пайи қадамаш нек омаду нияташ амалӣ шуд. Бо мушкилоти зиёд бошад ҳам, сулҳ ба даст омад. Гурезаҳои иҷборӣ ба манзили бумияшон баргардонда шуданд ва дар давоми чанд солаке зиндагии тоҷикистониён рангу ҷилои тоза гирифт. Акнун боз дар пӯстини бадхоҳони миллат кайк даромада, аз муваффақиятҳои бадастомада дар ташвиш афтоданд ва аз нав ба киштани тухми кина пардохтанд. Вале мо дигар набояд барои кайк шуда, пӯстинро бисӯзем…

Мираҳмад АМИРШОҲӢ

Дигар хабарҳо