МУҲАМ­МАДИЕВ ФАЗЛИДДИН

 МУҲАМ­МАДИЕВ ФАЗЛИДДИН

ФАЗЛИДДИН МУҲАМ­МАДИЕВ 15 июни соли 1928 дар шаҳри Самарқанд зода шудааст. Соли 1951 Мактаби комсомолии Маскавро хатм карда, чанде ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон», муҳаррири «Газетаи муаллимон», мудири шуъбаи рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ», котиби масъули моҳномаи «Хорпуштак», мудири шуъба ва котиби масъули моҳномаи «Шарқи Сурх» будааст.

Соли 1962 Курси олии адабиётро (дар Маскав) ба итмом расонда дар вазифаҳои муҳаррири моҳномаи «Хорпуштак», муҳаррири адабии «Тоҷикфилм», муҳаррири нашриёти «Ирфон», мудири шуъбаи Энсиклопедияи советии тоҷик, сармуҳаррири идораи киносозии Тоҷикистонро бар уҳда доштааст. Соли 1978 котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шудааст. Охири умраш комилан сарфи фаъолияти эҷодӣ будааст.

Аввалин ҳикояҳояш аз аввали солҳои 50-уми асри мозӣ чоп шуда дарак аз зуҳури нависандаи ҷавони соҳибсабақу соҳибистеъдоде додаанд. Ҳамон солҳо беҳтарин очеркҳоро навиштааст, ки дар маҷмӯаи «Муҳоҷирон» (1958) гирд омадаанд. Баъдан қиссаҳои «Таркише, ки ба амал наомад» (1960), «Одамони кӯҳна» (1963), «Бибизайнаб» (1964), «Дар он дунё» (1965), романи «Палатаи кунҷакӣ» (1974), қиссаҳои «Шоҳии япон» (1982)-у «Варта» (1983), маҷмӯаи ҳикояҳои «Сози Мунаввар» (1990)-аш ба табъ расидаанд. Солҳои 1978-1980 дуҷилда, солҳои 1989-1991 сеҷилдаи осори мунтахабаш чоп шудаанд.

Соли 1985 китоби дигари очеркҳояш «Дӯстон – тоҷи сар» пешкаши хонандагон гардидааст, ки аз биҳин намунаҳои навъи мазкур дар насри муосири тоҷик ба ҳисоб мераванд.

Ҳамаи асарҳои ӯ борҳо ба русӣ ва дигар забонҳои дунё тарҷума ва чоп шудаанд.

«Тоҷикфилм» аз рӯи сенарияҳои ӯ филмҳои «Задухӯрд» (1973), «Субҳи ватани ман» (1974), «Вохӯрӣ дар дараи марг» (1980)-ро офаридааст. Филми ҳунарии «Вохӯрӣ дар дараи марг» дар бисёр озмунҳои байналмилалӣ сазовори мукофот гардидааст.

Драмаи «Арӯси охирини амиралмӯъминин» (1963)-ашро Театри давлатии академии драмавии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба саҳна гузоштааст.

Ҳикояҳои алоҳидаи А. Чехов, Т. Драйзер, романи А. Стил «Зарбаи аввалин», қиссаву романҳои Ч. Айтматов «Ҷамила», «Дуроҳаи бӯронӣ» ва «Алвидоъ, Гулсарӣ!», романи А. Қаҳҳор «Модарони меҳрубони ман» ва ғ.-ро устодона ба тоҷикӣ гардондааст.

Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1967), Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (1978), Нависандаи халқии Тоҷикистон (1986).

Бо нишону ифтихорномаҳои гуногун сарфароз гардидааст.

Аз соли 1957 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

16 октябри соли 1986 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо