ҒАНӢ САМАД
САМАД ҒАНӢ 2 ноябри соли 1908 дар шаҳри Самарқанд ба ҷаҳон омадааст.
Дар Дорулмуаллимини Самарқанд, курси ходимони молияи Тошканд, мактаби ҳизбӣ ва курси рӯзноманигорони назди КМ КПСС таҳсил ва дар рӯзномаҳои Самарқанду Тошканд кор кардааст.
Муҳаррири рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх», корманди Институти марксизм-ленинизм, муҳаррири моҳномаи ҳаҷвии «Хорпуштак» будааст.
Фаъолияти меҳнатияш аз солҳои сиюм оғоз ёфтааст.
Муаллифи драмаҳои «Ғалаба» (ҳамроҳи А.Исмоилов, 1935), «Ватандӯстон» (ҳамроҳи Ф.Ниёзӣ, 1937), «Тӯй» (1957), «Виҷдон» (ҳамроҳи С.М.Мителман, 1958) ва ғ. мебошад, ки ҳама саҳнагузорӣ шудаанд.
Асарҳои драмавии муаллифони дигарро ба тоҷикӣ гардондааст, ки дар байни онҳо драмаҳои А.Чехов, М.Иброҳимов, В.Пистоленко, Н.Вирта ва дигарон ҳастанд.
Яке аз ҳаҷвнигорони муваффақи кишвар, муаллифи китобҳои ҳаҷвии «Табассум» (1989), «Гули хандон» (1963), «Мавҷи шӯх» (1966), «Арвоҳ» (1969) ва ғ. мебошад.
Чанде аз ҳикояҳои ҳаҷвӣ ва фелетонҳояш ба забони русӣ тарҷума ва дар китобҳояш «Улыбка» (1960) ва «Смех не грех» (1964) чоп шудаанд.
Борҳо вакили мардумии парлумони замон будааст.
Бо 5 орден ва чанд медалу ифтихорнома сарфароз гардидааст.
Аз соли 1960 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
7 апрели соли 1974 аз олам даргузашт.