Дил ба фармони Ватан, хурсандам!

 Дил ба фармони Ватан, хурсандам!

Дар зеҳни насли мо, ки аз ҳафтод гузашта, сўйи 80 роҳ мепаймоем, устод Мирсаид Миршакар чун сутуни адабиёти муосири тоҷик ҳамеша дар радифи суханварони маъруф М. Турсунзода, Ҷ. Икромӣ, С. Улуғзода, Б. Раҳимзода, Р. Ҷалил, Ф. Ниёзӣ ҷой дорад. Ва осори эшон низ дар барномаи таълимӣ аз фанни адабиёт дар мактабҳо аз рўйи ҳамин мартабаву поя ҷой дошт. Мо айёми хурдсолӣ, наврасӣ ва ҷавонӣ бо меҳру муҳаббат ашъори дар китобҳо нашршудаи устодро порапора мутолиа ва азбар намуда, ҳангоми иҷрои кору амале бо шавқ замзама мекардем. Чунки шеъри Мирсаид Миршакар заминӣ ва ҷаззоб буда, онҳоро ашё, калимаву ибора, амалу эҳсоси ба хонанда ошно оро дода, ба дили кас менишинанд ва ба кайфияти бачаҳо созгор меафтанд. Ашъори устод дар баробари завқбахш буданаш ҷанбаҳои ҳаётомўзӣ ва одамшиносӣ низ дорад. Хурдсолу наврас мепиндорад, ки ин сатрҳоро шоир не, худи ў гуфтааст.

Ман калон мешавам,

Қаҳрамон мешавам…

***

Гумон набаред,

Ки ман хурд ҳастам,

Ана мебинед

Ҷорўб дар дастам…

Дар даст кўзача,

Давам бошитоб,

Ба сўйи чашма

Аз барои об.

****

Эй ватани мо,

Ту дилрабоӣ,

Эй гулшани мо,

Ту дилкушоӣ…

Шоир бо ин сатрҳои содаи кўтоҳу дилнишин ба кўдак ҷасорат, заҳматписандӣ ва меҳри Меҳан мебахшад. Беҳтарин ғоя!

Ва ё:

Зиндагӣ бе орзу ширин набуд,

Зиндагиро орзу ширин намуд.

Устод Мирсаид Миршакар бешак беҳтарин донанда ва посдори расму оини мардуми Бадахшон буд. Вай дар асарҳояш ҳамеша андарз, таъбиру ибора ва ҳикмату зарбулмасалҳои диёрашро басо ҷолибу бамаврид истифода бурдааст. Оғози асрорангези достони «Ленин дар Помир»-ро ба ёд биёред.

Не хурўсе ҷеғ зад шаб бемаҳал,

Не касе дар хоб море дида буд…

Аз рўйи таъбири қадима, бемаҳал ҷеғ задани хурўс фоли бад аст ва бадбахтӣ пеш меорад ва дар хоб дидани мор низ… Шоир бо ёдрас кардани ин ҳикматҳои мардуми кўҳистон хонандаро ба мутолиа ва дарки воқеаҳои пуршиддати минбаъдаи достон шавқманд мекунад. Меҳвари достони «Қишлоқи тиллоӣ» бо корбасти афсонаву ривоятҳои куҳан дар тасвири дилангези романтикӣ: рўди шўхи кўҳистон, себаки сурхи дар он шиновар ва ба чашми қаҳрамони армонӣ афтодани он, ба муқобили ҷараёни рўд ба ҷустуҷўйи макони ободу боғзор рафтани ҷавон қавӣ мегардад. Ангезаи шавқу ҳаваси ёфтани макони бахт — диёри осудаву рўзгори пурнишот. Ғояи бузург. Сарчашмаи хиради инсон чун омили саодатмандӣ хулқу атвори нек ва заҳмати ҳалол зевари осори шоир маҳсуб мешавад. Тарғиби ин армонро истифодаи моҳиронаи ривоят, ки саршори заковати мардумист, бо баҳсу муқоиса ба хонанда пешкаш шуда, ҳақиқат равшан мегардад.

— Куҷо дидӣ, ки бахт андар биёбон

Ва ё дар осмон бошад, падарҷон?

Ҳама афсона буданд он суханҳо,

Ки мо сарсон будем аз баҳри онҳо.

Нигар, акнун туӣ андар диёрат,

Дар он ҷойе, ки мондӣ рўзгорат.

Ҳар он чизе, ки мебинӣ дар ин ҷо,

Гулу гулзору бўстонҳои зебо,

Иморатҳои хуштарҳу дилоро

Бувад маҳсули ранҷу меҳнати мо.

Хирадситоӣ дар эҷодиёти Мирсаид Миршакар аз оғоз шуруъ шуда, сол ба сол густариш меёбад. Ҳам таҷрибаи зиндагӣ, ҳам омўзиши осори пурҳикмати бузургон ва, албатта, истеъдоди фитрӣ роҳнамои шоиранд.

Ин ҳадаф ва равия дар достони «Исёни хирад»-и устод пурҷилову барҷаста ба назар мерасад. Шоир дар ин асар, ки ба назарам, аз ҷасорату дониши фаровонаш гувоҳӣ медиҳад, бештар бо шеваи гиреҳкушоӣ ва шарҳи андешаҳои фалсафии Ҳаким Носири Хусрав, ки қаҳрамони марказист, даст мезанад ва комёб ҳам мешавад. Тало- ши побарҷо мондани донишу хиради инсон чун сипару чароғи роҳнамо, дарду аламу ҳасрат, ҷое эътирози Носири Хусрави бедордил аз шикасти давлати Сомониён ва ҳукмфармоии аҷнабиён пас аз гузашти асрҳо дар замони муосир дар ин достон ба таври бадеӣ таҳлилу баррасӣ шуда, хонанда андешаҳои равшани шоирро дарк карда, ба таҳқиқи он мепардозад.

Фил ҷисман бузургтар аз ту,

Лек ту подшаҳ, ғулом аст ў.

***

Гули мақсуд то ба даст ояд,

Хештанро шинохтан бояд.

***

Одам аз коҳилии худ хор аст,

Баски бе дониш аст, бемор аст.

***

Ба умеди Худо машав, бархез,

Ҷаҳд бинмо, зи коҳилӣ парҳез!

***

Чун тиҳӣ шуд зи оли Сомонам,

Шуд дигар кишвари Хуросонам.

***

Шабу рўзон чу шамъ месўзам,

Ки шаби асри худ барафрўзам.

***

Хуб медонад, он ки пурдон аст,

Лаъл дар қалби кўҳ пинҳон аст.

***

Ганҷи ў дурру гавҳару марҷон,

Гавҳару дурри ман калому забон!

***

Теғи кунд аст фикри нопухта,

Ё ки дурр асту лек носуфта!

 ***

Гарчи зиндониям, вале суханам

Равшанӣ медиҳад ба ҷону танам.

Ба ростӣ, имрўз аз қуллаи пиронсолӣ банда аз сарнавишт меболам, ки айёми ҷавонӣ (1977) ҳамкору ҳамнишини пирони адабу сухан, ки аз имтиҳони шебу фарози зиндагӣ байни оташу дуди корзори рўзгор афзун гузашта буданд, аз ҷумла устод Мирсаид Миршакар шудам. Шоири номвар асосгузори адабиёти навини кўдаку наврасамон, марди пурсалобат, он даврон масъули Кумитаи давлатии ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ буд. Ҳар саҳар ҷузвдоне дар даст аз манзилаш — паси кинотеатри 8 март бо қомати баланд аз хиёбони марказии пойтахт паҳлавонона қадамзанон ба Иттиффоқ меомад ва бегоҳ ҳамон зайл роҳи хонаро пеш мегирифт. Дар назари мо шахсияташ дастнорас менамуд, зеро вай хислату рафторҳои хосси хешро дошт. Ҷиддӣ ҳам буд. Вақташро ҳаргиз ба чойхўрӣ ва суҳбатҳои кабинетӣ ё тасодуфӣ беҳуда намегузаронд. Таъкиди хирадмандонаи устод Лоҳутӣ шиори барномаи зиндагияш буд.

Ҳар шаб зи худат бипурс, агар ту мардӣ,

К-имрўз чи хидмате ба мардум кардӣ.

Бештар дар саҳн ё даҳлези Иттифоқ андешаҳояшро перомуни асари мутолиакардааш, — хоҳ мусбат бошад, хоҳ манфӣ,- нарму бозарофат ба ҷавонадибон иброз медошт. Аммо чун узви Раёсати Иттифоқи нависандагон ва узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Садои Шарқ» дар мутолиаи дастхатҳои хурду бузург, муҳокимаи масъалаҳои адабиёт чун анъанаи дерин басо ҷиддӣ ва пурмасъулият муносибат мекард. Дар ибрози назар муаллим мудом вораставу мухтор буд. Ҳақиқати талхро аз рўйи меъёри фаҳмиши хеш рўйрост мегуфт. Ва дар муроҷиат ба ҳамқаламони ҳамсолу ҷавон вай усули хосро ҳамеша риоя мекард: Раҳимзодаро Боқизода ном мебурд ва бандаро Абдусамад. Ин бисёриҳоро ба ҳайрат меоварду ханда.

Боре устод ҳангоми ба ошёнаи дуюм баромадан баногоҳ пурсид:

— Абдусамад, амак дорӣ?

— Бале, муаллим. Ду нафар.

— Номашонро бигў.

— Абдуҷаббор, Абдулҳай…

— Пас падарат Абдусамад ном доштааст. Фаҳмидӣ?

Телефон занг зад. Гўширо бардоштам. Овози устод Миршакарро шунидам: «Абдусамад, биё. Қодирро хондам». Вай дастхати романи Қодир Наимӣ — ҳамсафи даврони комсомолияшро, ки дар мавзуи сохтмону бинокорӣ буд, дар назар дошт. Рафтам. Устод дар ҳуҷра қадам мезад. Вай дастхати романро ба ман доду гуфт:

— Хондам.

— Мешавад? — пурсидам.

— Ба ту чӣ хел фаҳмонам? — кафҳояшро бо ҳам молида гуфт муаллим ва шакарханд ба лаб шарҳ дод: — Тасаввур бикун: ин ҳуҷра як кати бо бистар, рўпўшу болиштҳои зебо ороста дорад. Болои кат як нозанин хоб. Қодир гирдгирди кат мегардад, мегардад, лекин аз дасташ коре намеояд…

— Беҳтарин тақриз, муаллим!

— Ба Қодир мефаҳмонем, — ҷиддӣ таъкид кард устод.

Чун пири сухан, шахсияти маъруфи адабӣ устод Миршакар аз ҷустуҷў, эҷоду тозакориҳои адибони ҷавон шод мешуд ба нахусткитоби баъзеҳо фотиҳа низ медод. Вале агар норасоӣ, саҳлангорӣ ё каҷравиеро мушоҳида мекард, бо кушодагўии кўҳистонӣ, рў ба рў фавран эрод мегирифт. Ин вижагии шахсияташ буд.

Навқаламе ба устод шеърҳояшро барои мутолиа ва маслиҳат медиҳад. Ҳангоми муҳокима перомуни як шеър байни устод ва муаллиф баҳсаке ба амал меояд. Шоири ҷавон дар шеър сагеро тасвир карда, ки аз ҳавлии соҳибаш гурехта, то шаб овора гашта, гурусна мемонад. Саг аз рафтораш пушаймон, мехоҳад зуд ба хонаи соҳибаш баргардад, аммо роҳро намеёбад.

Устод Миршакар нарм мефаҳмонад, ки ин ҳукм дар ҳаққи вафодор туҳмат аст. Навқалам чун ҳамаи ҷавонон бехабар аз он ки:

Он чи дар оина ҷавон бинад,

Пир дар хишти пухта он бинад,- бо исрору пофишорӣ ба устод андаке тунд мефаҳмонад: «Ҳақиқатро тасвир кардааст.»

Муаллим бо табассуми роздор ба ў мегўяд:

— Шояд ту раҳи хонаатро наёбӣ. Саг ҳаргиз роҳи хонаи соҳибашро гум намекунад. Ана ин ҳақиқат аст.

Устод Мирсаид Миршакар фарҳанги хосси муоширату изҳори ақида дошт. Ҳаргиз ба касе пешакӣ ваъдаи дар мунозираҳои адабӣ ёриву мадад расондан намедод. Инро ба худ раво намедид. Вале дар ҳолати зери по мондани инсоф ё ки бадхоҳӣ бетараф намеистод. Ақидаашро бо танзу зарофате баён мекард ва ҳаргиз ин некияшро ба рўйи кас намекашид.

Солҳои аввали ба муҳити адабӣ афтоданам дар маҷлиси ҷиддие, ки масъалаи аз номзадӣ ба узви ҳизби коммунист пешниҳод кардани банда ҳал мешуд, баногоҳ гўё фалокат аз таги по хест. Ҳамқаламе худсарона ба ҷаласа даромада, даъво бардошт, ман забони русиро намедонам. Набояд узви ҳизб шавам. Тамғагузорӣ… Инро ҳар кас ба таври худ пазируфту ба андеша афтод. Фардояш дар маҷлиси васеи ҳизбӣ, ки дар толори хурди Иттифоқ мегузашт ва боз як масъала — тасдиқи қарор оид ба пешниҳоди камина барои қабул ба узвияти ҳизб ба Кумитаи ноҳиявӣ буд, Леонид Пашенко «парчам»-и даъвои дирўзаро баланд бардошта, бо саволҳо ба ман ҳуҷум кард. Пурсид, ки камина асарҳои кадом нависандагони муосири русро хондаам.

— Бондарев, — ҷавоб додам.

— Боз кӣ?

— Шукшин.

— Боз кӣ?

— Распутин.

— Боз кӣ?

— Белов.

— Боз кӣ?

— Абрамов.

— Боз кӣ?

— Астафев.

— Боз кӣ?

Магар аз хурдагирии бешармонаи муддаӣ устод Мирсаид Миршакар ба танг омад, ки хомўшии толорро овозу гўиши хосси бадахшонияш шикаст ва ба имтиҳони ғаразнок нуқта гузошт.

— Бигў, Леонид Пашенко!

Толорро ханда пур ва масъалаи маҷлисро дигар кард.

Охири солҳои 80-уми асри бист бар асари бозсозиҳои горбачёвӣ авзои ҷомеа пайваста дигар мешуд ва тамоюли тундравии гурўҳҳо меафзуд. Заъфи пирӣ ва хастагӣ пайкари тануманди устодро мемакид. Вай, ки дастпарвари сохту давлати Шўравӣ буд, ба низому ояндаи он садоқат, вазифаҳои пурмасъулиятро бар дўш дошт, аз нобасомониҳо азияти равонӣ мекашид. Ва чун шоири башардўсту дурандеш ҳар гуна худхоҳӣ ва кўшишҳои ҷудоиандозу низоъангезро намепазируфт; аз овозаҳои пайдо шудани «пешвоён»-и навбаромади водӣ, минтақа ва дарае изҳори нигаронӣ мекард. Нишонаҳои бадбахтӣ. Ин ба тўдаҳои хунгарму худхоҳ, ки айёми бачагӣ аз осори Мирсаид Миршакар низ таълим гирифта буданд, хуш намеомад. Онҳо беибо дар расонаҳои озод ё зард шахсият ва шеърҳои пири адабиётро бо тамасхур сарзанишу сангборон мекарданд. Ин рўзҳои шўру талхро устод Миршакар, мутаассифона, аз сар гузаронду таҳаммул кард. Чӣ чора? Аз кўрии чашми фалак дар ноомади кор ҳар кўрдилу гаронгўш ҳам гиребонгири хирадманде мешавад.

Дар авҷи солҳои сиёҳу пурошўб, ки шаҳру деҳоти Тоҷикистон дар оташи кинаву низоъҳои шармовар месўхт ва ҳазорон ҳамдиёронамон ночор гурезаву овора, хокбасару паноҳанда шуданд, банда ногаҳон суҳбатеро аз тариқи шабакаи форсии радиои хориҷӣ шунидам. Хабарнигоре воқиф шуда, ки дар як таҳхонаи бинои шаҳри Қарочии Покистон бачаҳои бесоҳиби тоҷикистонӣ мезиянд. Ў барои фаҳмидани ин далел ва гуфтугў бо кўдакони ғарибу оворагард ба суроғи онҳо рафтааст. Аммо фавҷи кўдакони нагунбахт, ки худро аз ноҳияҳои гуногуни вилояти Хатлон шиносонданд, бо умеде, ки падар, бародар, амак, тағоӣ ё хеше барои бурданашон омадааст, ба истиқболи хабарнигор давидаанд. Анҷоми он пурсишу посухҳои пурдарду ҳаяҷон чунин буд:

— Чӣ орзу доред?

— Ба хона, ба Ватан, пеши падару мо-

дар баргаштан, ҳамроҳи ҷўраҳомон дар деҳа бозӣ кардану дар мактаб хондан…

— Дар васфи ватан шеъре бихонед.

 — Ман калон мешавам,

Қаҳрамон мешавам.

Бар ватани худам

Посбон мешавам!»

— бо як овоз сароиданд кўдакони ғари- бафтодаи мо.

Ин пора аз шеъри машҳури устод Мирсаид Миршакар буд, ки гирифтори маломату сарзаниш мешуд. Вале он лаҳза ҳиссиёт, армону орзу ва ҳасрати кўдакони ғариби моро ба зодгоҳу ватан ин сатрҳои сода самимона ифода мекарданд.

Ин ҷумлаҳо дар гузориши банда дар маҷлиси Садорати Иттифоқи нависандагон оид ба вазъи адабиёти кўдаку наврасон бо номи «Таҳкурсии адабиёти асил» соли 2000 дарҷ ёфта («Санги маҳак ва тарозуи ҳунар».

«Адиб» — 2013).

Май — моҳи авҷи баҳор, зодрўзи адибони номварамон, аз ҷумла, устод Мирсаид Миршакар аст. Ва ҳар 5-уми ин моҳ банда бо Абдураҳмон Абдуманнонов, ки муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагон буд, ба табрики устод мерафтем. Устод ва хонадонаш моро хуш мепазируфтанд. Ҳавлии озода, сарсабзу пургул. Ҳамеша дидани ин ҷузъиёт маро шод мекард. Устод Миршакар қаламчаи гулхори диёри кўҳистонашро оварда, дар шафати дари хона ба решаи буттаи настаран (хуч) пайванд карда. Дар авҷи баҳор сабзиши навдаҳои гулхор барбари девор ва ҳамели шукуфаҳои зарҳаливу пуратр ба ҳавлӣ ва фазои он шукўҳу накҳати бештар мебахшад. Ҳамсари устод Гулчеҳрабонуи нозанину ширинзабон бо меҳр ва фарҳанги воло «қабул сан», гўён меҳмононро мепазирад. Агар ҳавои ин рўзи моҳи май абрноку боронӣ ва рутубатнок бошад, устод Миршакар гилем ё чакмани сафедтоби ба қади баландаш баробар, кам ё попўши мўи- наи ҳамранги либос ба по ва кулоҳи дастбоф ба сар аз хона бо табассуми нарм баромада, пас аз ҳолпурсӣ моро ба кати зери тути ҷопонӣ, ки навдаҳои шабеҳи кокулони маҷнунбед дошту меваҳои сурху ҷигаррангаш онро ҳусн мебахшанд, ҳидоят мекунад. Манзили пурсафои шоирона! Гулчеҳрабону ва фарзандонаш дилбастаи омўзишу ҳунаранд. Зарина — бастакор, Мирафзал — шарқшинос, Акмал — мусаввири муваффақ, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, Зулфия — шеърнавис…

Аммо дар рафтор, тамкин ва гуфтори фозилонаи устод Мирсаид Миршакар хиради пирони Бадахшон ҳамеша ҷило медод. Ба назарам, вай дар ҳама ҳолату маврид шараф, асолату фарзонагии бадахшонияшро пос медошт. Устод ҳолати Иттифоқ, кори Шўрои адабиёти бачаҳо, аҳволи ҳамқаламонро мепурсид. Ба шодбошии устод шахсиятҳои маъруфи илмиву давлатӣ Назаршо Додихудоев, Муҳаммад Осимӣ, Рустамбек Юсуфбеков… мерасиданду маҳфили беғубору пурмағзи пирони хирад баргузор мешуд. Ёду ситоиши фарзандони ҷонфидо ва накуноми Тоҷикистон, дастовардҳои арзандаи илму адабу фарҳанг. Ва авҷи ин маҳфили дилкушо бо эҳсоси гарм, овози гўшнавоз суруди «Ширин-ширин»-ро бар матни устод сароидани Гулчеҳрабонуи хушбахт мешуд. Дастовези беҳтарини ҳамсари вафодор ба шавҳари меҳрубон, падари фарзандон, меҳмонон. Гулчеҳрабону шоду сарфароз рў ҷониби меҳмонон рост истода, нигоҳи пурмеҳр аз устод наканда, бо малоҳату назокат замзама мепардозад:

Ширин, ширин,

Ширинакам ба паҳлуям шин.

Ва дар фуроварди суруд чун ин сатрҳоро Гулчеҳрабону мехонд:

Маҳи Шуғнон, ҳамеша гулбасар бош,

Ба фарқам ҷовидонӣ ҷилвагар бош.

Нависад Миршакар дар васфи ту шеър,

Ба вай илҳомбахши боҳунар бош,

— дучанд мешукуфту ҷавонтар менамуд. Дар ин лаҳза устод Мирсаид Миршакар бо тамкину фурўтанияш дар сару либоси урфии бадахшонӣ он пирони хирадро, ки дар достонҳояш хуб офаридаасту сутудааст, ба ёд меовард ва овози пурифтихори марғуладори шоири куҳансоли озодандешу вораста садо медод:

Миннати кас напазируфтам ман,

Он чи дил гуфт бигў, гуфтам ман.

Ман ба фармони дилам побандам,

Дил ба фармони Ватан, хурсандам!

Абдулҳамид Самад

Дигар хабарҳо