Классики драматургияи тоҷик
Агар адабиётшиносон драматургияро низ ҷузъи соҳаи таҳқиқи худ ҳисоб мекарданду классикони онро низ муайян менамуданд, шояд се тан драманависи воқеии мо — Сотим Улуғзода, Ғанӣ Абдулло ва Файзулло Ансорӣ дар сатрҳои аввали он рўихат сабт мешуданд. Зеро асарҳои саҳнавии навиштаи онҳо ҳам аз нигоҳи ҳунари эҷодӣ, ҳам аз нигоҳи мавзўъ, ҳам аз нигоҳи забон ва усули баён ба ҳама гуна қадрдониву эҳтиром меарзанд. Бесабаб нест, ки дар замони ба Театри давлатии академии драмаи ба номи Лоҳутӣ аз нигоҳи эҷодӣ ва ҳунар роҳбарӣ кардани Мителман, Александрин ва Майбалиев барин коргардонҳои гавҳаршинос асарҳои чунин эҷодкорон ҳам аз ҷониби ҳунарпешаҳо ва ҳам аз ҷониби тамошобинон талабгорони зиёд доштанд. Зарур аст бадоҳатан ба як эърози эҳтимолӣ ҷавоб гўям. Асари адабиёт ва санъат куҳна намешавад, фақат эҳтимол дорад ҳавсала ва “ҳунари” иддае аз соҳибҳунарҳо куҳна бишавад. Вагарна «Шоҳнома», “Гобсек”, “Борис Годунов” барин асарҳо ҳам дар замони худ, ҳам дар асри шўроҳо ва ҳам дар даврони мо як хел қадр наме- доштанд. Мехостам ёд орам, ки устоди бузургвори адабиёт ва санъати тоҷик Мирзо Турсунзода дар ин замина ҳанўз соли 1968 гуфтааст: “Ман драмаи Ғанӣ Абдулло “Рустам ва Суҳроб”-ро драмаи ҷовидонӣ мешуморам ва ба фикрам онро то ба дараҷаи “Ҳамлет”-и Шекспир расонидан мумкин аст. Гап дар ин ҷост, ки Ғанӣ Абдулло аз афкору ривоятҳои “Шоҳнома” хеле моҳирона истифода бурдааст. Драмаро ба замони мо — замони ҳозира ҳамоҳанг кардааст. Ба фикрам, қимат ва таъсири драма маҳз дар ҳамин аст”.
Устод Мирзо Турсунзода ба эҷоди драматургии Ғанӣ Абдулло, ба ҳунару дониши волои вай дар ин соҳа ихлос ва эътиқод доштааст. Аз ин сабаб соли 1972 ба муносибати ба Ҷоизаи давлатии ба номи Рўдакӣ сазовор шудани асарҳои драмавии Ғанӣ Абдулло мақолае навишта, дар рўзномаи “Тоҷикистони советӣ” чоп карда буд. Дар он мақола арзиши бадеӣ ва аҳаммияти иҷтимоии мавзўъҳои драмаҳои адиб аз нигоҳи ин эҷодкори бемисл муайян ва баҳогузорӣ карда шудаанд. Бинобар ин, он мақола барои китоби “Ситораи умед”-и Ғанӣ Абдулло, ки соли 1982 чоп шуда, ҳашт драмаи адибро дар бар мегирад, чун пешгуфтор истифода гардидааст. Дар он аз ҷумла омадааст: “Образҳое, ки аз байни халқ гирифта шудаанд,образи сарбозони инқилоб, ки пйесаҳои Ғанӣ Абдулло пур аз онҳо- янд, образҳои таъсирбахш мебошанд. Пйесаҳои “Ҳуррият” ва “Сарбозони инқилоб”, ки ҳақиқати таърихро бо рағбати зиёде тасдиқ мекунанд, солҳост, ки дар саҳнаи театри академии мо бо муваффақият намоиш дода мешаванд. Онҳо берун аз республика ҳам маълум гаштаанд. Ба муаллифи ин пйесаҳо додани мукофоти ба номи Рўдакӣ фикри доираи васеи аҳли ҷамъиятро таҷассум мекунад”. Мехоҳам таъкиди устодро такроран зикр кунам. Мукофо- ти Рўдакиро гирифтани драматург натанҳо иқдоми мақомот ва комиссияи он, балки хостор ва айни дили хонандагон ҳам буд. Ин сухан шуҳрати воқеиеро, ки спектаклҳои аз рўи ин асарҳо таҳиягардида доштанд, ифода менамояд.
Истеъдоди фавқулода барҷастаи эҷодкории Ғанӣ Абдулло ҳанўз аз солҳои ҷавониаш ба муҳити адабии мо маълум буд ва талошҳои ўро дўстон ва ҳамкасбони беғараз бо шодӣ истиқбол мекарданд. Яке аз бурдҳое, ки Ғании ҷавон ҳангоми таҳсил дар Боку ҳосил кардааст, тамошои спектакли “Дар қаър” ва сипас, гаштаю баргашта муроҷиат карданаш ба ин ва дигар осори Максим Горкий будааст. Ва ин боис шудааст, ки дар солҳои сиюм ин ҷавони эҷодкори навпарвоз аз ҳамсолони худ хеле пеш равад. Ҳатто дар ҳамон солҳо нависандаи поляк Бруно Ясенский эътироф карда буд, ки “Ғанӣ Абдулло дорои се фазилати калон мебошад: ҷасорате дорад, ки аз пеш гузоштани масъалаҳои душвору мураккаб ва ҳал кардани онҳо наметарсад, ҷўшу хурўши комсомолӣ ва идроку эҳсоси сиёсӣ дорад”. Гуфтаҳои ин адибро чунин саҳифаҳои зиндагии Ғанӣ Абдулло низ исбот менамоянд, ки вай нимаи солҳои сиюм ба водии Вахш сафар кард, ҳатто расман ба воситаи матбуот ҳамкасбонашро ба мусобиқа даъват намуд: кӣ бештар дар Вахш ҷавононро босавод мекунад. Ў натанҳо дар Вахшстрой кор кард, ба муқобили бесаводӣ мубориза бурд, балки дар хусуси ин иншооти бузурги аср пйеса ҳам навишт.Пйесаи “Таркиши ҳадафгир”мисли романи Бруно Ясенский аз корнамоию қаҳрамонии бунёдкорони водии ободи имрўза ҳикоя мекунад. Аҳаммияту таъсири ин асарро ба худи бунёдкорони ин иншоот, тасаввур кардан ва барои насли имрўза чун саҳифаи таърихи боифтихор равшан кардан хеле муҳим аст.
Ғанӣ Абдулло аз драматургонест, ки ба мавзўи таърихӣ — таърихи барояш дуру наздик, воқеаҳои сиёсӣ, шахсиятҳои сиёсӣ бо истифодаи санаду ҳуҷҷатҳо ва қиссаву ривоятҳо, бо дарки масъулияти иҷтимоӣ менавишт. Дар пйесаҳои вай образҳои Ленин, Сталин, Орҷоникидзе, А. Раҳимбоев, Ш.Шотемур, М. Горкий, С. Айнӣ чун муборизон ва бунёдгузорони ҳаёти нав — зиндагии барои инсон сазовор зиёд истифода шудаанд”.
Бамаврид аст ба як масъала таваҷҷуҳро ҷалб намоем. Ба асар аз кадом нигоҳ баҳо медиҳанд? Чаро “Маснавии маънавӣ”, ғазалиёти Ҳофиз, “Мантиқ-ут тайр”-и Аттор, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Ирфон”-и Бедил дар маҳфилҳои асримиёнагӣ ҳам машҳур буданду имрўз ҳам, оё ба ин танҳо санъати сухани онҳо боис аст, ё омили дигаре ҳам дорад? Месазад биандешем ва мулоҳиза кунем, чанд фоизи асарҳои бадеие, ки мукофоти байналмилалии Нобелӣ ё Сулҳро мегиранд, барои ҳунари бадеӣ ба ин сазовор гардидаанд? Ба ин саволҳо агар бе хўрдагирӣ нигоҳ кунем, агар фаҳмем, ки ман ҳам медонам, ки забони гуфтугў дигару баёни адабиёт дигар, ва адабиёт бе ҳунари гавҳари сухан суфтан адабиёт буда наметавонад, дарк хоҳад шуд, ки ман чиро дар назар дорам, яъне асари адабиро танҳо барои бадеият не, чунки ин шарти мавҷуд будани асари бадаӣ мебошад, балки барои муҳтаво, ҳадаф ва ақида низ қадр мекунанд. Инро дарк намуда, боз дар хусуси як чизи дигар марбут ба адабиёт, аз ҷумла, драматургияи замони шўравӣ низ на барои байни дигарҳо худро шиносонидан, на барои минбар, на барои грант гирифтан, балки барои дили худ, виҷдони худ биандешем ва ҷавоб гўем: оё қаҳрамонӣ ва корномаҳои замони шўравӣ, ки адабиёт ва ҳунари мо инъикос кардааст, ҳақиқати дар санъати бадеӣ ифодаёфта буд, ё дурўғи бофтаи идеологҳо? Он гоҳ мефаҳмем, ки муҳтаво ва мақсади адибони мо дар асри ХХ чӣ буду чӣ қадр тавонистанд.
Ин фикрро барои он мегўям дарк кунем, ки дар назари баъзеҳо мавзуи сиёсӣ, аз ҷумла мавзўи аксарияти драмаҳои Ғ.Абдулло мавзўи адабиёт наменамоянд. Ҳол он ки вазни идеологии ин асарҳо ҳам ба вазни идеологии эҷодиёти Ҳофиз, Ҷомӣ, Мавлоно, Бедил ҳамсонанд. Вазъи идеологии адабиёт ва санъати имрўзаи мо ҳам. Ҳақиқати таърихии адабиёти руси дирўзу имрўз ҳам, ҳақиқати таърихии тамоми адабиёт ва санъат ҳам.
Дар драматургияи тоҷик ба миён омадани асарҳои таърихие ба мисли “Ҳуррият”, “Тўфон”, ”Сарбозони инқилоб” барои адабиёт ва санъати мо воқеаи фараҳбахш буд. Академик Бобоҷон Ғафуров бо ифтихор навиштааст, ки “Пйесаҳои “Ҳуррият”, “Тўфон” ва “Рустам ва Суҳроб” ҷолиби диққат буда, аз тарафи тамошобинони сершумор писандида шудаанд”. Дар бораи “Ҳуррият” бошад, ҳанўз соли 1966 Мирсаид Миршакар навиштааст: “Ҳуррият”-и Ғанӣ Абдулло замонеро нишон медиҳад, ки онро Лоҳутӣ замони оташу теғу хун номида буд. Инак дар назари аввал гўё чунин менамуд, ки дар ин пйеса ҳам садоҳои тиру туфангу пулемёт боз ҷои асосиро ишғол менамояд. Аммо драматург бо роҳи дигар, бо роҳи амиқтар нишон додани одамон, бо роҳи кушодани психологияи онҳо рафт.
Дар ин пйеса қувваи асосӣ ва умда яроқи пўлодину оҳанин не, балки ҳақиқати бузурги замон, ғояҳои бузурги башарпарварӣ ва гуманизм мебошад, ки дар образҳои зинда таҷассум ёфтаанд. Аз ин ҷост, ки ба драматург ҳам русу тоҷик, ҳам қазоқу ўзбек — ҳама бовар мекунанд”. Воқеан вақте “Ҳуррият”, “Рустам ва Суҳроб” дар саҳнаҳои театрҳои Маскав нишон дода шуданд, аз ҷониби тамоми тамошобинон, ҳунарпешагон ва мутахассисони соҳаи драматургия ва санъати театрӣ баҳои баланд гирифтанд.
Дар драмаҳои таърихиаш Ғанӣ Абдулло ба Абдулло Раҳимбоев ва Шириншо Шоҳтемур ба ҳайси шахсиятҳои ватандўст таваҷҷуҳи хосса дорад. Агар дар пйесаи “Ҳуррият” таваҷҷуҳи асосӣ ба образи В. И. Ленин ва ҳамсангарони русаш бошаду симои Раҳимбоев зимнан баён гардад, дар “Сарбозони инқилоб” гарчи ҳамоно образи В. И. Ленин ва И. В. Сталин муҳим аст, аммо ба сифати персонажи марказӣ Абдулло Раҳимбоев таборуз мекунад. Хоссагии ҳунари драматург дар ин навъ фарқгузорӣ ҳанўз дар аввалин саҳнаҳои пйесаҳо маълум мегардад.
“Ҳуррият”, ки ба мавзўи бедории мардуми Шарқ бахшида шудааст, аз саҳнае оғоз меёбад, ки Ленин дар Кремл сукут кардааст, фикру хаёлаш банд ва сипас худ ба худ гап мезанад: «Боз субҳ медамад… Субҳи Шарқ, субҳи Осиё, субҳи Туркистон… Боз мавҷи задухўрдҳои сахт барои нон, барои ҷон, барои фардо ҷўшу хўрўш мезанад. Роҳ мушкил, зиндагӣ сахт… Гуруснагӣ… ташнагӣ, урёнӣ. Тсюрупа гурсна… академик Павлов барои таҷри- баи илмӣ муҳтоҷи як саг… Горкий як костюми дуруст надорад… Хонаи шои- рон, рассомон, олимон ҳама ях барин хунук… Бачаҳо мазаи қандро фаромўш кардаанд. Аҳволи Украинаю Кавказ, Туркистону Сибир хеле вазнин аст. Дар ҳақиқат мушкил”.
Чунин оғоз хонандаро барои пайгирии вазъи умумии замони инқилоб дар саросари кишвари шўроҳо омода месозад. Ҳадафи драматург ҳам дар ин асар нишон додани авзои умумӣ ва таъсири он дар мулки Бухоро аст.
Шурўи “Сарбозони инқилоб” ҳолати дигар аст: саҳнаи торику хомўш, чароғ фақат гўшаеро равшан мекунад, ки В. И. Ленин аз он ҷо нутқ мегўяд.
Ленин: Рафиқон, вақте, ки ман ба ҳайати Комитети Марказӣ интихоб гардидани номзади рафиқ Абдулло Раҳимбоевро тавсия кардам, аз байни вакилони анҷуман чунин овозҳо ба гўш расид, ки вай ҳанўз ҷавон асту стажи фирқавии тоинқилобӣ надорад. Оре, вай ҷавон аст. Аммо умраш пурмазмун ва пурсамар аст. Вай дар муддати хеле кўтоҳ ба он дараҷа расидааст, ки яке аз роҳбарони фирқа ва Туркистони шўроӣ гардидааст. Ҷумҳуриятҳои миллӣ ҳаққу ҳуқуқи пурра доранд, ки чунин намояндагони онҳо дар ҳайати органҳои олии фирқа ва ҳокимият бошанд. Инак, ман маҷбур шудам бори дигар таъкид кунам ва фикри худро қувват диҳам. Ман ба шумо вакилони съезди ХI РКП(б), муроҷиаткунон таклиф мекунам, ки рафиқ Раҳимбоев ҳамчун намояндаи Партияи коммунистии Туркистон ба ҳайати Комитети Марказӣ интихоб гардад. Ман боварии комил дорам, ки вай аз уҳдаи ин боварӣ мебарояд.”
Ин оғоз далели он аст, ки пйеса барои муаррифии як шахс, амали як одам, бурду бохти зиндагии вай таълиф шудааст. Ин драма таърихро дар зимни воқеаҳои иҷтимоиву сиёсӣ, балки тавассути ҳаёти як қаҳрамон — Абдулло Раҳимбоев баён мекунад. Ғанӣ Абдулло ба самимӣ будани роҳи зиндагии Раҳимбоев бовар дорад, бинобар ин, вай сарфи назар аз гапу калочаҳое, ки дар атрофи ин шахс дар муҳити сиёсӣ ва илмӣ буд, Раҳимбоевро чун образи мусбат персонажи марказии асар кард ва аҳли ҷомеа онро хуб пазируфт.
Қаҳрамони дигари Ғ. Абдулло дар пйесаи “Ситораи умед” Шириншоҳ Шоҳтемур аст. Аммо тарзи ташаккули ин образ аз шиносонидани Абдулло Раҳимбоев фарқ мекунад. Зиндагии Шириншоҳ дар як замон маҳдуд нашуда, он балки лаҳзаҳои гуногуни ҳаёти ўро аз наврасӣ то камолот дарбар мегирад ва ин барои бештар кушодани хислати инсонии қаҳрамон ёрӣ мерасонад. То соли 1937 Абдулло Раҳим- боев ва Шириншоҳ Шоҳтемур ҳарду аз роҳбарони Тоҷикистон буданд ва тахминан дар як вақт ҳарду “душмани халқ” дониста шуданд ва ҳардуи онҳоро ба ҳайси қаҳрамони мусбат ба асари драматургӣ овардани муаллиф аз он далолат медиҳад, ки вай ҳамчун ҳамзамони онҳо дар солҳои сиюми асри ХХ меҳнати номбурдагонро ба манфиати халқу миллати тоҷик ҳисоб мекардааст. Воқеан шахсе, ки дар он солҳои душвор зиста эҷод карда, чун “душман” ҳабс ва азоби маҳбас кашидааст, он ҳамзамонҳоро наметавонист бе сабаби ҷиддӣ, бе ҳақиқати воқеӣ қаҳрамони пйесаҳои худ кунад.
Дар бораи сиёсатмадорон асари драматургӣ навиштан, симои маънавии онҳоро кушодан ва ба ин шева дар хусуси неку бади зиндагӣ андеша рондан яке аз вазифаҳои муҳимми драматургияи ҷаҳонӣ, аз вақти пайдоиш то имрўз аст. Ҳатто фоҷеа ва мазҳакаҳои замони атиқаи Риму Юнон, бисёре аз шоҳасарҳои замони эҳё дар Европа дар ҳамин қолаб навишта шудаанд. Ғанӣ Абдулло низ ба ин анъана ҳамроҳ ва дар ин ҷода муваффақ гардидааст.
Дар силсилаи пйесаҳои таърихии Ғанӣ Абдулло драмаи “Садриддин Айнӣ” низ мавқеи хоссе дорад. Ин асар бо як меҳру муҳаббате нисбати устоди бузурги адибони тоҷик, роҳбар ва роҳнамои равшанфикрони бедоршудаи мо навишта шуда, аслан образи устод Айнӣ баёнгари орзуву омоли ҳар фарди бедор ва ҷўёи халқи мо мебошад. Барои зебо ва муассир шудани асар натанҳо аз зиндагиномаи устод, балки аз он асарҳояш, ки барои гуфтани ҳақиқати замон, ҳақиқати рўзгор ва осораш мадрак медиҳанд, устодона истифода намудааст. Пйеса ташаккули симои маънавии устод Айнӣ ва чигунагии рўзгори ўро возеҳ барои бинанда ва хонанда нишон медиҳад. Барои шинохти тарҳи асар, чигунагии мавзўъ саҳнаҳои онро номбар кардан кифоя аст: Маскав, чорбоғи Максим Горкий; Бухоро дохили Арк — ҷое, ки гунаҳкоронро дор мекашиданд; Ҳуҷраи Айнӣ дар мадраса; Қабулхонаи Қўшбегӣ; Айнӣ дар сари қабри Ҳайрат; Чойхо- наи Лаби ҳавз; Ҳуҷраи Айнӣ; Арк — ҷои ҷазо; зиндон. Бисёре аз воқеаҳои пйеса дар ҳамин ҷойҳо сурат мегирад ва агар саҳнаи аввал мулоқот бо Горкийро истисно кунем, ҳамаи воқеаи замони арафаи инқилоб дар Бухороро дар бар мегирад, тақрибан ҳодисаи зиндонӣ шудани худаш ва лаҳзаҳои монанде ба сужети “Ҷаллодони Бухоро”.
Силсилаи пйесаҳое, ки Ғанӣ Абдулло зимни “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавӣ, эҷоди Бедил навиштааст — “Рустам ва Суҳроб”, “Дувалронӣ ва Хизрхон”, ё аз ҳаёти бузургони адабиёти мо офаридааст:” Ин асарҳо, ки бо ифтихори хосси миллӣ таълиф гардидаанд, бо дарназардошти мавзўашон ҳам аз корномаи ҷангиву ватанпарастии тоҷикон, ҳам аз ишқи поки инсонӣ қисса мекунанд ва хеле ҷолиб ва ҷозиб мебошанд. Пйесаи “Ҷомӣ ва Навоӣ” низ мавзўи таърихиро дар қолаби дигар дарбар мегирад. Дар он мавзўи устод ва шогирд, дўстии халқҳои тоҷику ўзбек, ситоиши қадри шеъру сухан дар ҷои аввал аст.
Гарчи Ғанӣ Абдулло ба мавзўъҳои замон ва давраи дигари таъриху зиндагии халқи тоҷик ҳам таваҷҷуҳ карда, чун “Мо аз Боми ҷаҳон”, “Суруди кўҳсор” асарҳои ҷолибе навиштааст, аммо ин классик ҳамчун донандаи таърихи халқ ва эҷодгари асарҳо аз ин таърих дар тамаддуни мо номи ҷовид дорад. Ва дар хотима афзуданиам, ки иродаи бузурги инсонӣ ва ҳунари олии нигорандагии ин адиби мумтозро ҳатто маҳбас шикаста натавонистааст.
Иброҳим УСМОНОВ,
Профессор