ТАСС: Таъсиси маркази фарҳангии Тоҷикистон дар Маскав

 ТАСС: Таъсиси маркази фарҳангии Тоҷикистон дар Маскав

Мақомоти шаҳри Москва тасмим гирифтанд, ки биноеро дар маркази шаҳр ба таври ройгон ба моликияти Федератсияи Русия диҳанд, ки дар он ҷо маркази фарҳангӣ ва намояндагии Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Дар ин бора ба ТАСС котиби матбуоти мири пойтахт, роҳбари хадамоти матбуоти мир ва ҳукумати шаҳр Гулнора Пенкова хабар додааст.

Қаблан Президенти Русия Владимир Путин дар суҳбат бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки Москва масъалаи пешниҳод намудани биноеро, ки дар он маркази фарҳангӣ ташкил мешавад, ҳал намудааст.

«Ҳукумати Москва тасмим гирифтааст, ки бино бо масоҳати 5039,1 метри мураббаъро дар суроғаи кӯчаи дуюми Тверская-Ямская. х. 40 ройгон ба моликияти Федератсияи Русия диҳад, ки дар айни замон дар он муассисаи «Маҷмааи меҳмонхонаҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷойгир аст. Минбаъд ин амвол тибқи созишномаи байниҳукуматӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷойгир кардани маркази фарҳангӣ ва намояндагӣ ба таври ройгон дода мешавад», — гуфт Пенкова.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Русия Владимир Путин барои кумак дар бунёди мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон изҳори сипос намуданд. Сарвари давлат дар ин бора 1 сентябр тавассути пайванди видеоӣ дар маросими ифтитоҳи панҷ мактаби таҳсилашон ба забони русӣ дар Тоҷикистон, ки Президенти Русия низ дар он ба таври маҷозӣ ширкат дошт, изҳор доштанд.

Дигар хабарҳо