ҶОИЗА МУБОРАК!

 ҶОИЗА МУБОРАК!

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 17 июли соли 2026, № 481 қарори Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистикаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуд.

Тибқи он дар соли ҷорӣ шахсони зерин сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ шуданд:

Дар бахши адабиётСаидзода Насруддин Саид (барои романи «Нони шарикӣ»), Раҳмонзода Давлаталӣ Мусо (барои маҷмуаи шеърҳои «Номаи офтоб»);

Дар бахши мусиқӣ ва ҳунарнамоӣСаидзода Фурқат Фатҳулло (барои маҷмуаи сурудҳои «Сози ватандорӣ»), Қосимзода Шералӣ Файзалӣ (барои маҷмуаи сурудҳои «Меъмори Истиқлол»), Холиқов                                                                                                   Исматулло  Ҳикматуллоевич (барои маҷмуаи сурудҳои «Чашмаи меҳр»);

Дар бахши санъати тасвирӣ ва меъморӣҶӯраев Ғафур Ҳоҷиевич (барои китоб-албоми «Живопись. Монументальная скульптура»);

Дар бахши журналистикаМуртазо Бахтиёр Қосим, Мусозода Шералӣ Сафар (барои маҷмуаи очеркҳо ва қиссаҳои ҳуҷҷатии «Чароғафрӯзон»);

Дар бахши тарҷума, пажуҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣМамадназаров Абдусалом (барои тарҷума ба англисӣ, пажуҳиш, чоп ва рӯнамоии асарҳои Садриддин Айнӣ «Ҷаллодони Бухоро», «Марги судхӯр», «Исёни Муқаннаъ» ва «Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик») дар Англия, ИМА ва Тоҷикистон.

Дигар хабарҳо