Ҷилои «Сад ранги чакан»

 Ҷилои «Сад ранги чакан»

Ҷилои «Сад ранги чакан»

Дар Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраеви пойтахт ҷамъбасти Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор гардид.

Дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, КИМ Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳо, ниҳодҳои корпуси дипломатӣ, чеварону ҳунармандон ва фаъолон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода зикр кард, ки ҳар ба ҷуз муқаддасоти миллӣ, арзишҳои фарҳангие низ дорад, ки тавассути он ба ҷаҳониён муаррифӣ мешавад. Тоҷикон аз замонҳои дуртарини таърих ба эҷоди арзишҳои олии фарҳангӣ муваффақ шуда, аз ин рӯ ба унвони “миллати тамаддунофар” шуҳрат пайдо кардаанд.

Зикр шуд, ки баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан», ки бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оила дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷараён гирифт, яке аз тадбирҳое ҳисобида мешавад, ки ба хотири эҳёи суннатҳои миллии тоҷикӣ сурат мегирад.

 Мақсади баргузории фестивал ба баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори ватандорӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳангу адабиёт, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва ба ин васила, муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ равона гардидааст.

 Хотиррасон бояд кард, ки бо иқдомоти наҷиби дурбинонаву ояндасози Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати нақшу нигор, сӯзанидӯзиву гулдӯзии матоъҳои миллӣ, намоиш додани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандон дар 13-умин ҷаласаи Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Порт-Луиси Ҷумҳурии Маврикий номинаи «Чакан, ҳунари гулдӯзӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ин созмон ба Мероси фарҳанги ғайримоддии башарият расман ворид гардид, ки мояи ифтихори мардуми сарбаланду фарҳангсолори тоҷик мебошад.

 Дар фарҷоми намоиш фаъолону ҳунармандон ва тарроҳон бо диплому сипоснома ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

София ШОИК

Дигар хабарҳо