ҶАМОЛ ӮЛМАС
ӮЛМАС ҶАМОЛ 17 майи соли 1934 дар шаҳри Ургути вилояти Самарқанд ба ҷаҳон омада, ду соли аввали мактаби миёнаро дар ҳамон ҷой хатм кардааст. Соли 1947 ба Душанбе омада, мактаби миёнаро бо медали биринҷӣ ба итмом расондааст. Соли 1961 факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо баҳои аъло хатм кардааст. Чанд сол муаллим будааст. Баъдан ба рӯзноманигорӣ пардохта, котиби масъули рӯзномаи «Регар» (Турсунзода), корманди шуъбаи ӯзбекии радиои тоҷик будааст. Аз соли 1964 то ба нафақа баромадан дар рӯзномаи «Совет Тоҷикистони» (ҳозира «Халқ овози») дар вазифаҳои гуногун кор кардааст.
Маҷмӯаҳои зерини ашъораш дар Душанбеву Тошканд ба табъ расидаанд: «Чашмаи муҳаббат» (1969), «Гӯш ба дил» (1973), «Даъват ба дуродур» (1978), «Дар васфи Офтоб» (1980), «Фасли накукорӣ» (1984), «Эҳсос» (1985), «Ситораи орзу» (1988), «Гули ороста» (1988), «Дӯстнома» (2001), «Ӯлмас Ҷамол. Ҳаёт ва эҷодиёт» (2002), «Сарҳисоб» (2002), «Як нигоҳ» (2002).
Соли 1986 дар Маскав китоби русияш «Писари Офтоб» аз чоп баромадааст. Соли 1993 қиссаи «Ҷоми шароб»-аш дастраси умум гардидааст. Соҳиби чаҳор девон аст, ки дар он тамоми ашъори шоир фароҳам омадаанд: «Сурур» (Тошканд, 2004), «Масрур» (2009), «Манзур» (2011) ва «Маъмур» (2013).
Бисёр ғазалҳояш оҳангбандӣ шуда, онҳоро овозхонони машҳури тоҷику ӯзбек месароянд.
Шеърҳои алоҳидаи М. Турсунзода, Б. Раҳимзода, М. Қаноат, Л.Шералӣ, А. Қаҳҳорӣ, Қ. Киром, Мавҷуда, Гулназар, Гулрухсор, А. Сомонӣ маҷмӯаҳои ашъори А. Ҳаким ва М. Бахтиро ба ӯзбекӣ тарҷума кардааст. Иддае аз ашъори С. Михалков, Л. Ошанин, Р. Ҳамзатов, Е. Евтушенко ва дигаронро ба ӯзбекӣ гардондааст. Драмаҳои Р. Ҷалил, М. Назаров, А. Атобоев, Ҳ. Содиқ, Ш. Қиёмов, Ш. Солеҳ ва дигаронро ба ӯзбекӣ тарҷума кардааст. Шеърҳои алоҳидааш ба забонҳои тоҷикӣ, украинӣ ва қирғизӣ тарҷума шудаанд.
Бо нишону ифтихорномаҳои ҳукуматӣ қадршиносӣ шудааст. Соли 1999 бо ордени «Дӯстӣ» сарфароз гардидааст.
Аз соли 1974 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
28 июни соли 2017 вафот кард.