Маҷлиси Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, 30 июни соли 2023

ПАЙРАВИ  АЙНИВУ  ТУРСУЗОДАЕМ

30 июни соли ҷорӣ маҷлиси навбатии Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид. Раиси ИНТ Низом Қосим маҷлисро оғоз бахшида, дар бораи масъалаи асосӣ — муҳокима ва овоздиҳӣ барои дарёфти ҷоизаҳои адабии ба номи  Садриддин Айнӣ (дар бахши наср, тарҷума ва таҳқиқи наср) ва Мирзо Турсунзода (дар бахши назм, тарҷума ва таҳқиқи назм) барои соли 2023 сухан ронд. Номбурда перомуни асарҳои пешниҳодшуда ва тақризҳое, ки дар бораи онҳо чоп гардиданд, изҳори андеша кард.

Дар атрофи масъалаи мазкур аъзои Раёсат Абдулҳамид Самад, Абдураҳмони Абдуманнон, Абдунабӣ Сатторзода, Камол Насрулло, Муҳаммад Ғоиб, Муҳаммадмадюсуф Имомзода ва Давлат Сафар мулоҳизаҳояшонро баён доштанд.

Зикр гардид, ки пеш аз ҳама ҳунару истеъдоди адиб ва қимати бадеии асари пешниҳод-шуда ба назар гирифта мешавад.

Ҳамин тавр, дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ асарҳои зерин сазовори ҷоизаҳои адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар соли 2023 гардиданд:

ҶОИЗАИ АДАБИИ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ:

«Барфи хунолуд» (маҷмуаи ҳикояҳо ва қисса). Сироҷиддин Икромӣ. Нашриёти «Адиб», Душанбе, 2022.

«Дасти боло» (маҷмуаи ҳикояҳо). Шодӣ Раҷабзод. Нашриёти «Ирфон», Душанбе, 2022.

«Кайфар» (романи таърихӣ). Диловари Мирзо. Нашриёти «Истиқпол», 2021.

«Филмномаҳои Шераки Ориён» (ёздаҳ филмнома ва чанд ангеза). Шераки Ориён. Чопхонаи «Ашуриён», Душанбе, 2022.

«Чароғи ҳидоят» (маҷмуаи қисса ва ҳикоёт). Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод. Чопхонаи «Балоғат», Душанбе, 2022.

«Шакардара» (маҷмуаи ҳикоя, чистон ва афсонаҳо барои кӯдакон). Маҳбуба Неъматзода. Нашриёти «Адиб», Душанбе, 2022.

Дар бахши тарҷума:

«Метин» (тарҷумаи маҷмуаи асарҳои адибони тоҷик ба забони ӯзбекӣ). Ӯринбой Усмон. Нашриёти «Анис», Хуҷанд, 2022.

ҶОИЗАИ АДАБИИ БА НОМИ МИРЗО  ТУРСУНЗОДА:

«Афсонаи себ» (маҷмуаи ашъор). Ҳасани Султон. Нашриёти «Эр-граф», Душанбе, 2022.

«Дӯст дор зистан» (маҷмуаи ашъор). Абдуллоҳи Раҳнамо. Н. «Эр-граф», Душанбе, 2021.

Гулноз. Нашриёти «Ношир», Хуҷанд, 2022.

«Лозар» (маҷмуаи ашъор). Хушомади Алидод. Нашриёти «Маърифат», Хоруғ,  2022.

Дар бахши таҳқиқ:

«Ҷусторҳо дар назму наср ва нақди  адабии муосир» (маҷмуаи мақолаҳои адабиётшиносӣ). Мисбоҳиддини Нарзиқул. Нашриёти «Аршан», Душанбе, 2022.

Зимни ҷамъбасти маҷлис Раиси ИНТ Низом Қосим дар робита бо масъалаҳои ҷории ҳаёти адабӣ ибрози назар намуд.

Ҷоиза муборак, ҳамқаламон!

Дигар хабарҳо