Ҷаласаи иттифоқи композитор

 Ҷаласаи иттифоқи композитор

28-уми июли соли ҷорӣ ҷаласаи навбатии Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғоз раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Амирбек Мӯсозода тибқи масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа атрофи омодагиҳо бобати дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор намудани даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» сухан карда, аз ҳозирин нисбати масъалаи зикргашта, фаъолнокӣ ва муносибати ҷиддиро хоҳиш кард.

Сипас мавсуф қайд намуд, ки имсол низ чун ҳарсола аз Иттифоқи композиторони Тоҷикистон композиторон — Парвин Соҳибзода, Қурбони Қурбониён, Пайрав Мародасейнов ва Баҳром Муродализода дар ҳайати комиссияҳои бонуфузи даври якуми шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» шомил буданд ва дар баргузории даври дуюм 13 нафар аъзои ИКТ иштирокчиёни озмунро баҳогузорӣ хоҳанд намуд.

Дар идома тибқи масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласа барои дар сатҳи баланд нигоҳ доштани низоми корӣ ва масъулиятнокии аъзо нисбати талаботҳои оинномаи ин созмони эҷодӣ ду нафар аъзои Иттифоқ — Манучеҳр Аҳмадов ва Мубасир Маҳмадализода бо сабаби надоштани фаъолияти эҷодӣ, солҳои зиёд пешниҳод накардани ҳисобот оид ба асарҳои тозаэҷод ва иштирок накардан дар чорабиниҳои фарҳангии кишвар тибқи қарори ниҳоии Раёсат аз сафи аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон хориҷ карда шуданд.

Н. ИСМАТ

Дигар хабарҳо