Ҳунарпешаи тоҷик дар филми нави русӣ нақши асосиро бозид

 Ҳунарпешаи тоҷик дар филми нави русӣ нақши асосиро бозид

25 августи соли равон дар кинотеатрҳои Русия нахустнамоиши филми «Лена и справедливость» («Лена ва адолат») баргузор шуд, ки дар он нақшҳои асосиро ҳунарпешаи Театри академии драмавии вилояти Твер Юлия Бедарева ва ҳунарпешаи Тоҷикистон Парвиз Пӯлодӣ (ДАР АКС) бозидаанд.

Филм дар бораи модари шуҷои се фарзанд, фурӯшанда Лена (Юлия Бедарева) ва ҳамманзили ӯ Мақсуд (Парвиз Пӯлодӣ) аз оилаи зиёӣ қисса мекунад.

Парвиз Пӯлодӣ нақши як муҳоҷири тоҷики ошиқро бозидааст, ки бе ягон санад ба Русия рафт ва ба ин далел наметавонад зиндагии шахсии худро ба роҳ монад.

Ин ҷуфт (Мақсуд ва Лена) даҳ сол боз якҷо зиндагӣ мекунанд, хоҷагиро пеш мебаранд, фарзандонро ба воя мерасонанд, аммо бо сабабе, ки мард шиноснома надорад, онҳо наметавонанд расман муносибати худро ба расмият дароранд.

Лена зане ҳаст, ки барои бахту муҳаббат ва адолати худ мубориза мебарад. Ӯ орзуи туйи афсонавӣ,  ба бар кардани либоси сафед ва пеш бурдани зиндагии хушбахтона бо фарзандону шавҳарашро дорад.

Ҳамчунин дар филм мавзӯъҳои ба монанди дастгирии ҳамдигарӣ, эҳтиром, гуногунии фарҳангҳо  ба намоиш гузошта шудаанд.

Коргардони филм Екатерина Вешева буда, сенарияро Елена Кисёлева навиштааст. Дар филм ҳунарманди Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Ҳунапешаи халқии Тоҷикистон Сороҷон Сабзалиева низ нақш иҷро намудаст.

АМИТ «Ховар»

Дигар хабарҳо